Хосиятҳои дармонии нахуд аз нигоҳи Имом Ризо (а)
Нахуд як модаи ғизоии бисёр муфид ва серғизо аст, ки мутаассифона ин рӯзҳо камтар мавриди истифода қарор мегирад.
Имом Ризо (а) дар бораи хосиятҳои нахуд фармудаанд: Нахуд тақвияткунандаи қалб буда ва дар бартарафсозии гирифтагии шадид муассир аст, ҳамчунини азулот (мушакҳо)-ро тақвият мекунад ва ба ҳамин далел масрафи он ба варзишкорон тавсия мешавад.
Дар ҳадисе ба нақл аз Имом Ризо (а) аз падаронаш омада, ки Расули Худо (с) фармуданд: Бар шумо бод хӯрдани нахуд ва адас, зеро муборак ва муқаддас аст ва боиси нармии қалб ва зиёд шудани ашк мешавад.
Имом Ризо алайҳиссалом мефармояд: Нахуд барои камардард муфид аст.
Дар ҳадиси дигаре мефармояд: Нахуд бо табиати гарм ва хушк тақвияткунандаи рия, хунсоз, фарбеҳкунанда ва иштиҳоовар аст. Хӯрдани оби нахуди пухта ҳамроҳ бо намак пешобовар ва дармонкунандаи синадард, гирифтагии садо ва таскиндиҳанда сурфа аст. Ва масрафи гӯшт бо ҳубубот (донагиҳо)-ро тавсия кардаанд.
Имом Ризо (а) пеш ва пас аз ғизо нахуди пухта мехӯрданд.
Аз нигоҳи тибби суннатӣ нахуд барои дармони пукии устухон ба далели манобеи ғании калтсий бисёр сӯдманд аст ва дар даврони рушди устухонҳо ва дандонҳо масрафи он тавсия мешавад. Ҳамчунин ин модаи ғизоӣ агар бо асал таркиб шавад ва ба сурати як крем дуруст шавад, ба унвони беҳкунандаи захмҳо муфид хоҳад буд.