Октябр 02, 2017 11:30 Asia/Dushanbe
  • Хосиятҳое аз моҳӣ дар каломи Имом Ризо (а)

Гӯшти моҳӣ дорои витаминҳои A, B ва D, калсиюм, фосфор ва дорои миқдори каме оҳан ва мис мебошад. Моҳиҳое, ки дар обҳои шӯр зиндагӣ мекунанд, дорои миқдори зиёде ёд мебошанд.

Лозим ба зикр аст, ки моҳӣ дорои миқдори бисёр каме натрия мебошад ва ба ҳамин хотир барои режимҳои камнамак тавсияи мешавад.

Мутахассисони тағзия барои ҳамаи афрод, ба хусус беморони қалбӣ, масрафи ду бори моҳӣ дар ҳафта (ҳар бор 90 грам) -ро тавсия мекунанд.

Имом Ризо (а) мефармоянд: "Ҳар кӣ аз дарди шақиқа ва шикам метарсад,  дар тобистон ва зимистон набояд баъд аз хӯрдани моҳӣ бихобад".

Дар ҳадисе дигар мефармоянд: "Бояд аз ин бипарҳезӣ, ки тухми мурғ ва моҳиро ҳамзамон дар меъда гирд оварӣ. Чӣ ҳаргоҳ ин ду бо якдигар гирд оянд, қуланҷ (колик), боди шикам ва дандондард ба вуҷуд меоваранд.

Ғусл кардан бо оби сард пас аз хӯрдани моҳӣ сабаби фалаҷ хоҳад шуд.

Тавсияи тибби суннатӣ

Зудҳазм, мартубкунанда, фарбеҳкунанда ва ширафзо буда, дар гарммизоҷон муҳаррики нерӯи ҷинсӣ аст. Барои бемориҳои шуш, заъфи ҷигар ва гурдадард ва печиши рӯда муассир аст. Барои сардмизоҷон ва мартубин,  афроди дорои  мағзи мартуб ва меъдаи балғам зарарнок аст, ки бо пухтан дар равғани гов зарари он бартараф мешавад. Кабоб рӯйи оташ беҳтар аз сурх кардани он дар равған аст. Моҳиро агар дар равған сурх кунанд, боиси ташнагӣ шуда ва дер аз меъда дафъ мешавад. Ошомидани об билофосила баъд аз хӯрдани моҳӣ бисёр зарарнок аст ва муҷиби бемориҳои музмин мегардад. Хӯрдани ҳамзамони он бо шир ва тухми мурғ ва гӯшти ҳайвоноти хушкӣ бисёр зарарнок аст.

Тухми моҳӣ қатъкунандаи балғам буда ва барои гурда ва таҳол (испурч) ва дафъи бодҳои бадан муфид аст, вале барои афроди гарммизоҷ зарарнок аст.

Барчасп