Октябр 07, 2017 10:45 Asia/Dushanbe
  • Хавоси дармонии карафс дар каломи имом Ризо (а)

Карафс гиёҳе аст, алафӣ, ки қисмати мавриди истифодаи ин сабзавот, қисматҳои мухталифи он бавижа реша ва барги он аст.

Имом Ризо (а) фармуданд: Шумо онро дӯст надоред ва нест, чаҳорпое магар онки карафс дӯст дорад, яъне ҳатто ҳайвонот онро дӯст доранд.  

Гиёҳе аст, муқаввӣ ва иштиҳоовар ва аз назари инки оҳаки бисёр дорад, дар таҳлили русуботи бадан хеле муассир аст. Дар муолиҷаи ревматизм бисёр судманд аст.  

Тавсияҳои тибб суннатӣ

Усораи карафс баунвони мелин барои инки ба рӯдаҳои хаста ва пир кӯмак шавад, тавсия мешавад, ки ҳар рӯз як ливон усораи карафс масраф шавад. Аз ин тариқ рӯда ба равиши табиӣ тахлия мешавад (баргҳоро ҳамеша масраф кунед).

Карафс маводи музирро дафъ мекунад

Карафс кулия ва масонаро тамиз мекунад. Аз тавлиди санги кулия ва масона ҷилавгирӣ мекунад ва мелин аст, донишмандон бар ин ақидаанд, ки карафс беҳтарин моддаи ғизоӣ барои уфунати маҷории идрор ва асидурики боло аз тариқи тамиз кардани кулия ва маҷории идрор аст. Терапин моддаи муаттари карафс, ки монеи мондани санги кулия дар маҷории идрор ва ё олудагии микробӣ ва дард мешавад.  

Илова бар он петасим дар ғудда ва танаи он ҷарён идрорро таҳрик ва кулия ва масонаро тамиз мекунад. Беш аз ҳама барои беморони нақрисӣ муфид аст. Зеро дар хуни ин афрод асидурик бо ғилзати боло ғолибан дида мешавад. Равғани ниҳонӣ, ки дар карафс вуҷуд дорад, боиси гушод шудани маҷории кулия мешавад, батавре, ки асидурик беҳтар дафъ мегардад. Олудагии микробии заъиф дар рӯда низ дар асари терапин аз байн меравад.  

Карафс боиси таҳрики шадидтари рӯда шуда ва соири нороҳатиҳое аз ин қабил дар асари хурдани карафс беҳбуд меёбанд.

Карафс буи бади даҳонро аз байн мебарад.

Аз дигар хавоси карафс метавон ба мавориди зер ишора кард:

- тақвияткунандаи меъда

- тақвияткунандаи аъсоб

- оби карафси хом дармони хубе барои гирифтагии садост.  

Ҳамчунин гиёҳи карафс барои таскини соири бемориҳои илтиҳобӣ тавсия мешавад. Ин гиёҳ хосияти зидди саратонӣ дорад ва дар ҷилавгирӣ аз бурӯзи саратон ва беҳбуди фаъолияти глобулҳои сафеди хун, ки ба муқобила бо саратонҳо мепардозанд, муассир  аст. Ҳамчунин аз осеб расондани радикалҳои озод ба ҳуҷайраҳо ҷилавгирӣ мекунад.

Илова бар ин таркибҳои зидди илтиҳобии ғайри стероидии мавҷуд дар карафс дар коҳиши сатҳи асидурик, далели ҳамалоти нақрисӣ аст, низ муассир аст.

Ҷузви аввалин маводи ғизоӣ ба ҳисоб меояд, ки алоими алергияро коҳиш медиҳад. Ҳамчунин масрафи ин гиёҳ яке аз роҳкорҳои муассир дар коҳиши фишори хун аст.

Бо таҳрик кардани системаи эминии бадан ба муқобила бо бемориҳо кӯмак мекунад. Ин гиёҳ ҳовии антиоксидант ва таркибҳое аст, ки бо анвои бактерияҳо, вурусҳо ва илтиҳоб‌ муқобила мекунад.

Барчасп