Октябр 18, 2017 09:51 Asia/Dushanbe
  • Тавсияҳои Имом Ризо барои тақвияти қалбу раг

Дар ривоёти расида аз аҳли байт дар бадани одамӣ сесаду шаст раг вуҷуд дорад, ки саду ҳаштод раги он мутаҳаррик ва саду ҳаштод раги дигар сокин мебошад.

Ҷолиб ин аст, ки барои таваҷҷуҳ ба вазъу сохти рагҳо тавсияҳои омӯзандае дар ривоёт зикр шудааст.

Имом Ризо дар бораи сохти кулли бадан ва ҷойгоҳи дилу рагҳои инсон мефармоянд: Худованд баданро ба ҳеҷ дарде гирифтор насохта, магар ин ки  барои он  доруе ҳам қарор додааст, ки бад-он дармон шавад. Ҳар навъи дард низ навъе дармон ва чора дорад, зеро ин баданҳо ба равиши як мамлакат  сохта шудаанд. Подшоҳи ин сарзамин қалб аст. Рагҳое, ки дар бадану мағз вуҷуд доранд, коргаронанд. Хонаи он подшоҳ қалби инсон аст. Сарзамини он подшоҳ бадани инсон аст ва дасту пой, чашму лабҳо, забон ва гӯшҳо низ ёрони ӯянд.

Дар ривоёти пизишкии расида аз аҳли байт барои тақвияти қалбу рафъи гирифтагии рагҳо тавсияҳои фаровоне шудааст. Хӯрдани карафс, кундур бо истифода аз асал, себ ва сирко аз ин ҷумлаанд.

Дар фармудаҳои Имом Ризо ҳам ин масъала баён шудааст. Он ҳазрат дар як баёнияи куллӣ мефармоянд: "Шифои ҳазор беморӣ  дар касоне аст, ки ҳеҷ маризие дар даруни бадан нест, ки бо хӯрдани барги коснӣ несту нобуд нашавад".

Он ҳазрат дар сухани дигаре мефармоянд: "Агар мардум медонистанд, чӣ фоидае дар себ аст , беморҳои худро даво намекарданд, магар бо он".

Имом дар бораи тақвияти қалб дар  сухане себи биҳиро муфид донистаанд: "Ба Расули Худо (с)   олӯ ва себи биҳӣ ҳадя доданд, онро бо дасташон нисф карданд. Он ҳазрат беҳиро хеле бештар дӯст медоштанд ва онро тановул карда ва ба ёронаш, ки дар маҳзараш буданд, низ доданд ва фармӯданд: биҳӣ бихӯред, ки он қалбро тоза намуда, барои сина хуб буда, онро тамиз мекунад.

Ҳамчунин Имом Ризо дар як тавсияи дигараш барои эҷоди оромишу тақвияти қалб ба нақл аз ҳазрати Алӣ мефармояд:  Талҳа ибни Абдуллоҳ бо Расули Худо ворид шуд ва дар дасти Расули Худо (с) як дона себи биҳӣ буд, ки онро ба Талҳа дода фармуд: "Эй Абумуҳаммад, инро бигир, ки қалбро роҳат ва тақвият мекунад".

Дар ҷойи дигаре кадуро тақвияткунандаи қалб дониста, мегӯянд, ки Расули Худо (с) мефармоянд: "Ҳар гоҳе ки ғизо мепазед, каду бисёртар пазед, зеро қабли маҳзунро шод мегардонад".

Дар бораи хосиятҳои  карафс гуфтаанд, ки гиёҳе аст қавикунандаву иштиҳоовар ва аз назари ин ки сафеда бисёр дорад дар таҳлили русуботи бадан, рафъи гирифтагии рагҳо таъсири фаровон дошта, тибқи фармоиши Паёмбар (с), карафс сабзии паёмбарон, хӯроки ҳазрати Хизру Илёс (а) аст. Карафс гирифтагии рагҳоро боз мекунад, дилро тароват мебахшад ва нерӯи ҳофизаро зиёд мекунад. Дар ин бора Нодир, ходими Имом Ризо мегӯяд: Он ҳазрат фармуданд, шумо онро дӯст надоред ва нест чорпо магар он, ки карафсро дӯст дорад, яъне ҳатто ҳайвонот онро дӯст доранд. Он яке аз гиёҳҳои муассир дар наҳваи фаъолияти қалбу муассир ба рагҳо аст, ки аз он ба унвони яке аз дармонҳои фишорбаландӣ ёд шудааст, зеро метавонад рагҳоро васеъ намуда, ритми қалбро танзим кунад ва фишори хунро коҳиш диҳад. Суфориши  Имом Ризо барои масрафи ин гиёҳ риояти эътидол аст.

Имом Ризо ҳамчунин дар бораи нақши тағзия ва риояти усули тағзия дар тақвияти рагҳои бадан мефармоянд: дар бадан раге аст, ки онро "шом" мегӯянд. Агар шахс шом хӯрданро вогузорад, он раг то субҳ ӯро нафрин мекунад ва мегӯяд: "Худо туро гурусна бидорад, чунон ки маро гурусна бидоштӣ ва тишна бидорад, чунон ки ташнаам нигоҳ доштӣ". Пас, мабодо касе аз шумо шомро  вогузоред, ҳарчанд ба як луқма нон ё ҷуръаи обе бошад.

Барчасп