Октябр 26, 2017 10:48 Asia/Dushanbe
  • Супориши имом Ризо (а) ба беҳтарин чуб барои мисвок

Имом Ризо (алайҳиссалом) дар боби аҳамияти мисвок задан фармуданд: "Ду ракъат намоз, ки баъд аз густан ва мисвок намудани дандон хонда шавад, аз ҳафтод ракъат намози бидуни мисвок беҳтар аст".

Имом Ризо (алайҳиссалом) низ мефармояд: Бо чуби дарахти анор ва шохаҳои райҳон хилол накунед, зеро ин ҳар ду сабаби таҳрики раги ҷаззом мешаванд.

Ва низ фармуданд: Мисвок намудан чашмро ҷилло медиҳад, муйро мерӯёнад ва об рехтани чашмро бартараф мекунад.

Фармудааст: "Зиёдаравӣ дар мисвок задан, боиси садама ба минои дандон ва суст шудани решаҳои он мешавад".

Имом Ризо (алайҳиссалом) мефармоянд: Ҳар каес моил аст, дандонҳояш солим бимонад, шириниро баъди хурдан миқдоре нон масраф кунад, зеро нон дар даҳон хамир мешавад ва ин хамир, чолаҳо ва ҳуфраҳои миноро пур мекунад. Дар ин сурат, ширинӣ ҳечгуна таъсири манфие бар рӯи дандонҳо нахоҳад гузошт.

"Беҳтарин чуб барои мисвок, чуби дарахти Арак аст, зеро ин чуб дандонҳоро ҷилло медиҳад ва даҳонро хушбу мекунад ва лассаҳоро маҳкам карда ва низ аз пусидагӣ ҷилавгирӣ менамояд ва ин фавоид дар сурате аст, ки мисвок задан бо эътидол ва миёнаравӣ ҳамроҳ бошад".

Тавсияҳои тиббни суннатӣ

Таркиби химиявии чуби Арак ё мисвоки чубӣ

1- Мисвоки сабз аз чуби Арак ҳовии миқдори зиёде моддаи тезмаза аст, ин модда зиддиуфуникунанда ва поккунанда ва боиси ҷилавгирӣ аз хунрезии ласса ва тақвияти он мешавад.

2- Доктор Ториқ Алхурӣ бар вуҷуди хлориди ҳамроҳ бо силика таъкид дорад, инҳо маводе аст, боиси сафедии дандонҳо мешавад, ин моддаи часпнок миноро мепушонад ва аз пусидагии дандонҳо ҷилавгирӣ мекунад.

3- Донишмандон дар чуби Арак моддае ба номи "Силва мочевина" ёфтанд, ки боиси мамониат аз сурох шудан ва пусидагӣ ва бадунболи он ҷилавгирӣ аз ташкили марказ ва ҳуфраи чиркӣ дар дандон мешавад.

Чуби Арак ва зайтун, мисвоке якбормасраф аммо тавсияшуда

Барои тақвияти ласса ва дандон метавон аз маводи қобизе мисли намак барои шустани лассаҳо баҳра бурд ва ё аз маводе (хамир дандонӣ), ки ҳовии таркиботи чуби мисвоки Арак ҳастанд, истифода кард. Молидан ва шустани дандон бо намак ва асал, ҳамчунин молидани равғани мутаносиб бо мизоҷ (равғани гули сурх дар гарммизоҷ ва равғани нардин дар сардмизоҷ) ба рӯи дандон ҳангоми хоб тавсия шудааст. Массажи лассаҳо ва ҳатто шона задани риш низ дар истеҳкоми дандонҳо супориш шудааст.

Аз дигар тавсияҳои беҳдоштии даҳон ва дандон парҳез аз ҷавидани қанд бо чой ва парҳез аз масрафи меваҳои хоми туруш аст. Ба илова аз маводи ғизоии сард (яхмос) билофосила қабл ё баъд аз маводи гарм (чой) бояд парҳез шавад.

Таҳрики ҷарёни бузоқ бо истифода аз сақичҳои бидуни қанд, ҷавидани наъно ва гиёҳони муаттар, хурдани сабзавоти тоза ва фибердор мисли сабзии пухта ва масрафи бархе меваҳо монанди анҷир ва мавиз, бархе сабзавотҳо мисли бодранҷбуя ва тимян ва ҷавидани самғҳое мисли лодан ва саққиз кӯмаккунандаанд.

 

Барчасп