Сабки зиндагии разавӣ
(last modified Sun, 03 Dec 2017 05:24:18 GMT )
Декабр 03, 2017 10:24 Asia/Dushanbe
  • Сабки зиндагии разавӣ

Аз суханони Имом Ризо (а) аст, ки фармуд: "Ҳеч суде барои мард беҳтар аз ҳамсари шоистае, ки аз диданаш хушҳол шавад ва дар набудани шавҳараш худ ва амволи ӯро ҳифз кунад, нест".

Ҳусайн бин Башори Воситӣ мегӯяд: "Хидмати Имоми Ризо (а) нома навиштам, ки яке аз хешон аз духтарам хостгорӣ кардааст, вале бадахлоқ аст. Оё салоҳ медонед, ки духтарамро ба издивоҷи ӯ дароварам?  - Фармуданд: Агар бад ахлоқ аст, духтаратро ба издивоҷи ӯ дар наёвар".

Дар китоби "Фиқҳурризо", ки ба Имом Ризо (а) мансуб аст, ба мард пешниҳод шудааст, ки вақте зан ба хонаи ту ворид шуд , ӯро ба сӯйи қибла биншон ва бигӯ: "Худовандо! ҳамсарам амонате дар дасти ман аст ва бо паймони ту бар худ ҳалол кардаам. Парвардигоро, аз ӯ фарзанди бо баракат ва солим рӯзиям кун ва шайтонро дар нутфаам шарик масоз ва саҳме барои ӯ қарор мадеҳ".

Дар сабки зиндагии разавӣ гуфта шудааст, ки ба ҳамсарони бордор кандур диҳед, агар навзод писар бошад, покизадил, донишманд ва шуҷоъ хоҳад шуд ва агар духтар бошад, хушахлоқ ва зебо шавад ва назди шавҳараш ҷойгоҳ хоҳад дошт. Ҳамчунин ҳангоми таваллуди фарзанд дар гӯши росташ азон ва дар гӯши чапаш иқома бигӯед".

Ҳазрати Ризо (а) вақте ки кӯдакашонро дар оғӯш мегирифтанд, ба синаи худ мефишурданд ва ӯро мебӯсиданд. Ҳангоме ки Имом Ҷавод (а) бар бистари шаҳодати падар ворид шуданд, Имом Ризо (а)  аз бистар бархестанд ба сӯйи ӯ рафтанд, даст бар гарданаш андохтанд, эшонро ба сина фишурданд, миёни ду чашмашро бӯсиданд ва бо ӯ сухан гуфтанд.

Имом Ризо (а) фарзанди худ Имом Ҷавод (а) -ро бисёр эҳтиром мегузоштанд ва номаҳоеро, ки аз фарзандашон мерасид, бо камоли балоғат ва некӯӣ посух медоданд.

Эшон дар номае ба фарзандашон Имом Ҷавод (а) чунин навиштанд: "Ба ман итилоъ додаанд, ки ходимон ба ҳангоми хуруҷ аз хона, шуморо аз дари кӯчак берун мебаранд ва ин ба хотири бухли онҳост  то аз шумо ба касе хайре нарасад. Фарзандам! ба ҳаққе ки бар гарданат дорам, аз ту мехоҳам, ки вуруд ва хуруҷат фақат аз дари бузург бошад. Ҳангоме ки хостӣ аз хона хориҷ шавӣ, ҳамроҳи худ тилло ва нуқра дошта бош ва ҳар кӣ аз ту чизе хост ато кун. Агар амуҳоят аз ту талаби кӯмак карданд, камтар аз панҷоҳ динор ато накун ва бештар аз он дар ихтиёри туст. Агар аз аммаҳоят аз ҳайт касе аз ту кӯмак хост, камтар аз биступанҷ динор мадеҳ ва бештар аз он дар ихтиёри туст. Фарзандам! Ин супориши ман ба хотири рушд ва болоравии мақоми туст, пас ба дигарон инфоқ кун ва аз Худои соҳиби Арш тарси фақр ва тангдастӣ надошта бош".

Рӯзе Маъмун аз ҷое ки Имом Ҷавод (а) бо кӯдакон бозӣ мекард, мегузашт. Кӯдакон аз тарс майдони бозиро тарк карданд. Имом Ҷавод (а) он ҷо истод. Маъмун аз ӯ пурсид: "Чаро ҳамроҳи бачаҳо фирор накардӣ? Фармуданд: Гуноҳе муртакиб нашудам то аз тарс бигрезам ва ҷода ҳам танг нест то онро бароят боз кунам, аз ҳар ҷо мехоҳӣ убур кун.