Ойинҳои шаби ялдо дар Эрон -1
(last modified Thu, 21 Dec 2017 08:56:10 GMT )
Декабр 21, 2017 13:56 Asia/Dushanbe
  • Ойинҳои шаби ялдо дар Эрон -1

Шаби ялдо ё шаби ҷилла баландтарин шаби сол дар ним кураи шимолии замин аст, ин шаб ба ҳангоми ғуруби офтоб аз 30 озар “Охирин рӯзи тирамоҳ” то тулӯӣ офтоб дар 1 дей “Нахустин рӯзи заминстон” итлоқ мешавад, эрониён ва бисёре аз дигар қавмҳо ин шабро ҷашн мегиранд.

Эрониён гоҳ шаби ялдоро то даминдани партави “Равшанӣ” пагоҳ дар доманаи кӯҳҳои Албурз ба интизори боз зойидашудани хуршед менишастанд, бархе дар меҳробаҳо “Ниёйшгоҳҳои пайравони ойини Меҳр” ба ниёйиш машғул мешуданд то пирӯзии Меҳр ва шикасти Аҳриманро “Ақли палид, шайтон” аз Худованд талаб кунанд, рӯзи пас аз шаби ялдо “Якуми дей моҳ”- ро хур  рӯзи яъне  “Рӯзи хуршед” ва дейгон мехонанд ва ба истироҳат мепардохтанд ва таътили умуми буд, хур рӯз дар Эрони бостон рӯзи баробарии инсонҳо буд, дар ин рӯз ҳамагон аз ҷумла подшоҳ либоси сода мепушиданд то яксон ба назар оянд

ва касе ҳақи дастур додан ба дигаре надошт ва корҳо довталабона анҷом мегирифт на таҳти амр.

Дар ин рӯз ҷанг кардан ва хунрезӣ ҳатто куштани гусфанд ва мурғ ҳам мамнуъ буд, бештар мардум даст аз кор мекашиданд ва намехостанд эҳёнан муртакиби бадӣ шаванд, ки ойини Меҳр иртикоби ҳар кори бади кучакро дар рӯзи таваллуди хуршед гуноҳе бисёр бузург мешумурд. Эрониён ба сар ва чашми мазҳари қудрат дар баробари торикӣ ва сармо менигаристанд ва дар хур рӯз дар баробари он меистоданд ва аҳд мекарданд, ки то соли баъд як сарв  яъне  дарахти дигар бикоранд.

Ҷашни ялдо дар Эрони имрӯз низ бо гирди ҳам омадан ва шабнишинии аъзои хонавода ва ақвом дар канори якдигар баргузор мешавад, маталгуие, ки навъи шеърхонӣ ва достонхонӣ аст дар қадим иҷро мешудааст ба ин сурат, ки хонаводаҳо дар ин шаб гирд меомаданд ва пиртарҳо барои ҳама қисса таъриф мекарданд. Ойини шаби ялда ё шаби чилла, хурдани оҷили махсус, ҳандивона, “Табуз” анор ва ширинӣ ва меваҳои гуногун аст, ки ҳама ҷунбаи намодӣ доранд ва нишонаи баракат, тандурӯстӣ, фаровонӣ ва шодкомӣ ҳастанд, ин меваҳо, ки ағлаб донаҳои зиёде доранд, навъи ҷодувии сироятӣ маҳсуб мешаванд, инсонҳо бо тавассул ба баракатхезӣ ва пурдона будани онҳо, худашонро низ монанди онҳо баракатовар мекунад ва нерӯйи борвариро дар хеш афзоиш медиҳанд ва ҳамчунин анор ва ҳендувона “Тарбуз”  бо ранги сурхашон намояндагоне аз хуршед дар шаб ба шумор мераванд, дар ин шаб ҳам мисли ҷашни тиргон, “Ҷашне, ки дар тир рӯз сездаҳум аз тир моҳ барпо мешавад”  фолгирифтан аз китоби ҳофиз марсум аст, ҳозирон бо интихоб ва шикастани гирду “Чормағз” аз рӯйи пукӣ ва ё пурии он, ояндагӯӣ мекунанд.

Дар идома ба бархе аз одоб ва расмҳои шаби ялдо дар шаҳрҳои мухталифи Эрон хоҳем пардохт.

Устони Озарбоҷони “Шарқӣ ва ғарбӣ”

Дар хитаи “Порае аз замин”  шимол ва Озарбоҷон “Дар шимоли ғарбӣ Эрон" расм бар ин аст, ки дар ин шаб хончаҳои тазиншуда ба хонаи тозаарӯс ё номзади хонавода бифиристанд. Мардуми Озарбоҷон дар лагандҳои бузурги  худ ҳендувонаро тазин мекунанд ва шолҳои сурхро атрофаш мегузоранд, дар ҳоле, ки мардуми шимол як моҳиӣ бузӯгро тазин мекунанд ва ба хонаи арӯс мебаранд.

Устони Мозандарон

Мардуми Мозандарон “Дар шимоли Эрон” муътақиданд, ки агар ин шаби нанасармо  яъне модари сармо гиря кунанд, ҳаво боронӣ ва агар пахтаҳои дохили  курпаро бирезад берун барф ва агар гарданбанди худро пора кунад таграг яъне жолла  меборад.

Ду рӯз монда ба шаби чилла, дар нуқоти мухталифи Мозандарон мардум ба таҳияи муқадамоти ин шаб мепардозанд ва баъд аз ғурӯби офтоб, он шабро ҷамъ шуда ва гирди курсӣ менишинанд ва солмандони ҳозир дар маҷлис ба таъриф аз сардии замистон ва давраҳои яхбандони гузашта, достонҳо ва афсонаҳое мепардозанд.

Онҳо баъд аз сарфи шом ва чой, рӯйи курсӣ, суфраҳое паҳн мекунанд, ки дар он суфра, хурокиҳое аз қабил: пуртуқол, нахуд, кишмиш, бодоми ширин, норангӣ, себ, лимутуруш, харбуза ва ҳендивона, ки шоҳмеваи ин маҷлис аст, ба изофаи нвъҳои танақулот  яънен  писта  тухмаи офтобпараст бодом чормағз ва шириниҳои маҳаллӣ вуҷуд дорад.

Афроди хонаводаҳо ба шухӣ, базлагуйи ва гуфту шунид ва  ба фолгири аз девони ҳофиз мепардозанд дар поёни ҷашн, ҳар нафар бо чашмҳои баста теъдоде гирду бардошта ва ҳангоми хоб зери болишти худ гузошта ва субҳ гирдуҳоро (Чорағзҳоро)  мешиканад агар мағзи он сафед ва хуб буд, нияташ бароварда мешавад.

Ҳамчунин дар ин шаб барои духтароне, ки номзад доранд, аз тарафи домод “Харҷӣ” мефиристанд, домод дар ин хонча, тамоми чизҳое, ки барои шаби чилла лозим аст ба изофаи моҳӣ ва мурғ қарор медиҳад ва баъд аз ғуруби офтоб ба хонаи ҳамсари ояндаи худ мефиристад.

Мардуми Мозандарон муътақиданд, ки агар дар ин шаб нанасармо  гиря кунад, ҳаво боронӣ ва агар пахтаҳои  даруни курпаро бирезад берун барф ва агар гарбанди худро пора кунад тагараг  ъне жолла меборад.