Ҷустуҷу
-
Nov 13, 2017
Мақоми баландпояи Маркази исломшиносии Тоҷикистон ахиран барои муқобила бо таҳдидҳои баргирифта аз густариши тафаккуроти террористӣ дар кишварҳои ҳамсуд, хостори таъсиси донишгоҳи исломии муштарак ва кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд.
-
Nov 13, 2017
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёме ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон, зойеаи ҷон бохтани иддаи зиёде аз мардуми ғарби Эронро дар зилзилаи якшанбе шаб таслият гуфт.
-
Nov 13, 2017
Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Душанбе мавзуи ҳамкориҳои дуҷониба, авзои амниятии минтақа ва ҳамоҳангии фаъолияти ду кишварро дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, мавриди баррасӣ қарор доданд.
-
Nov 13, 2017
Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон талошҳоеро барои беҳбуди авзои бонкҳои буҳронзадаи ин кишвар бо ҷазби мушовирони хориҷӣ оғоз кардаанд.
-
Nov 12, 2017
Беҳрӯз Хоҷазода, паҳлавони ҷавони тоҷик баъди 42 сол қаҳрамонии Саидмуъмин Раҳимов, қаҳрамони самбои ҷаҳон такрор кард ва унвони қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овард.
-
Nov 12, 2017
Бонки миллии Тоҷикистон мизони таваррум дар ин кишвар дар соли ҷориро 7 дарсад эълом кард, ки аз қабл низ рӯйи ҳамин шохис ҳисоб шуда буд.
-
Nov 12, 2017
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз интиқоли 75 коргари муҳоҷири боздоштшудаи ин кишвар дар марзи миёни Русия ва Қазоқистон аз суи марзбонони русӣ ба баҳонаи нақзи қонуни муҳоҷирати ин кишвар ба Душанбе, хабар дод.
-
Nov 11, 2017
Маркази минтақаии зидди маводи мунфаҷира бо кумаки Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон таъсис мешавад.
-
Nov 11, 2017
Гардишгари машҳури рус, ки аз 103 кишвари ҷаҳон боздид кардааст, мардуми Тоҷикистонро меҳмоннавозтарин мардум дар қаламрави Шӯравии собиқ медонад.
-
Nov 11, 2017
Ширкати Роҳи оҳани Русия барои воридоти мева ва сабзавоти Тоҷикистон то соли 2019 тахфифи 50 дарсадӣ эъто кард.
-
Nov 08, 2017
Мақомоти гумруки Тоҷикистон дар вилояти шимолии Суғд аз иқдоми як табааи ин кишвар барои қочоқи коло аз Қирғизистон ҷилавгирӣ карданд.
-
Nov 08, 2017
Мақомоти Тошканд ва Душанбе бар сари содироти муҷаддади гази Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд.
-
Nov 08, 2017
Раиси ширкати давлатии барқи Ӯзбакистон эълом кард, ин кишвар бо барқарории дубораи хутути интиқоли барқ бо Тоҷикистон, омодагии муовизаи барқ бо ин ҷумҳурии ҳамсояро дорад.
-
Nov 07, 2017
Таи як моҳи ахир сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи пойтахти Тоҷикистон имкон пайдо кардаанд, барномаҳои радиоии мустақили узбакии “Садои Маҳалла”-ро ки аз Тошканд, пойтахти Узбакистон пахш мешавад, бишнаванд.
-
Nov 07, 2017
Тоҷикистон дар охирин радабандии Бонки ҷаҳонӣ дар миёни 193 кишвар 123-умин ҷойгоҳро ба даст овардааст.
-
Nov 06, 2017
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон бо ҳадафи дидору гуфтугӯ бо мақомоти Душанбе, барои аввалин бор ба Тоҷикистон сафар мекунад.
-
Nov 06, 2017
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар як паёми телевизионӣ бо табрики шашуми ноябр солрӯзи тасвиби нахустин Қонуни асосии кишвар пас аз истиқлол ба мардуми Тоҷикистон, дар ифтитоҳи чанд тарҳи иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе ширкат кард.