Ҷустуҷу
-
Jan 13, 2019
Дар эътироз ба баргузории конфронси зиддиэронии ба истилоҳ “Сулҳ ва амният дар Ховари Миёна” бо мизбонии муштараки Амрико ва Полша, кордори Полша дар Теҳрон ба Вазорати умури хориҷаи Эрон фаро хонда шуд.
-
Nov 01, 2018
Вазорати умури хориҷаи Индонезия бо эҳзори сафири Арабистон дар Ҷакарта, ба эъдоми як хидматкори индонезиёӣ дар Арабистон эътироз кард.
-
Oct 31, 2018
Дар пайи иттиҳомзании Копенгаген ба Теҳрон, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон аз эҳзори сафири Дания ба ин вазоратхона хабар дод.
-
Sep 24, 2018
Сафири Тоҷикистон дар Тошканд ба эътирози вазорати умури хориҷаи Туркманистон ба мусоҳибаи вай бо нашрияи русии "Коммерсант" бино бар муҳим набудани сохт роҳи оҳани минтақаӣ, миёни Туркманистон- Афғонистони ва Тоҷикистон посух додааст.
-
Sep 23, 2018
Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон аз эҳзори кордори Имороти Арабии Муттаҳида дар Теҳрон ба далели изҳороти сахифи як мушовири сиёсии ин кишвар дар бораи ҳамлаи террористӣ дар Аҳвози Эрон хабар дод.
-
Sep 12, 2018
Вазорати хориҷаи Қирғизистон нисбат ба изҳороти сафири Туркия дар ин кишвар дар бораи фаъолияти мадориси мавсум ба Сапат вокуниш нишон дод.
-
Sep 05, 2018
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз мақомоти Ишқобод хостааст, ки барои ҳалли мушкили мутаваққиф шудани мошинҳои боркаш ва автобусҳои ин кишвар дар гузаргоҳҳои марзии Туркманистон мусоидат кунад.
-
Aug 16, 2018
Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон ҳамлаи террористиро дар Кобул, пойтахти Афғонистон маҳкум кард.
-
Aug 08, 2018
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Амрико бо вуҷуди дархости Трамп барои гуфтугӯи “бидуни пешшарт” бо Эрон, барои ин гуфтугӯ шарт таъйин кард.
-
Jul 30, 2018
Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон бо радди ҳаргуна гуфтугӯ бо давлати кунунии Амрико гуфт: Давлати ин кишвар қобили эътимод нест.
-
Jul 03, 2018
Вазорати умури хориҷаи Амрико дар гузориши солонаи худ бо мавзӯи қочоқи инсон, бори дигар иттиҳомоти беасос ва ғайривоқеиро алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон матраҳ кардааст.
-
Jun 25, 2018
Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон гуфт: Алорағми хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ, ин тавофуқи байналмилалӣ ҳамчунон побарҷост ва музокира дар бораи наҳваи ҳамкориҳо идома дорад.
-
Май 30, 2018
Вазорати хориҷаи Амрико дар гузориши солонаи “Озодиҳои мазҳабӣ” барои соли 2017, ки сешанбе мунташир шуд, бори дигар бо такрори иттиҳомоти бепоя Эронро ба нақзи озодиҳои мазҳабӣ муттаҳам кард.
-
Май 21, 2018
Вазорати хориҷаи Фаластин иқдоми Парагвай дар интиқоли сафорати худ ба Қудси ишғолиро маҳкум кард.
-
Mar 23, 2018
Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баёнияе, дар ҳимоят аз колои эронӣ ва тавлиди миллӣ, аз омодагии ин вазоратхона барои пуштибонӣ аз фаъолони иқтисодӣ ва осонсозии густариши пайвандҳо ва иртибототи иқтисодӣ ва тиҷорӣ дар сатҳи густурда дар ҷаҳон хабар дод.
-
Mar 12, 2018
Дар сомонаи расмии Вазорати умури хориҷаи Узбакистон нахустин бор саҳифаи ахбор ба забон форсии тоҷикӣ ба хати сириллик роҳандозӣ шуд.
-
Mar 07, 2018
Сухангуи Вазорати хориҷаи Қатар ба изҳороти таҳқиромези валиаҳди Арабистон вокуниш нишон дод ва саудиҳоро ба фиребкорӣ муттаҳам кард.
-
Jan 22, 2018
Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Решаи буҳрони Сурия аз рафтори ғайримасъулона ва мудохилоти ғайриқонунии қудратҳои фароминтақаӣ аз ҷумла давлати Амрико ва бархе кишварҳои ҷангталаби минтақа монанди режими саҳюнистӣ нашъат мегирад.
-
Jan 10, 2018
Сухангуи вазорати умури хориҷаи Амрико эълом кард: Доналд Трамп рӯзи ҷумъа тасмим хоҳад гирифт, ки оё таълиқи таҳримҳои Эронро мутобиқ бо тавофуқи ҳастаӣ (БАРҶОМ) тамдид мекунад ё не.
-
Dec 31, 2017
Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон мавозеи мудохилаҷуёнаи давлати Канада дар умури дохилии Эронро ноқизи тааҳҳудоти ҳуқуқӣ ва байналмилалии он кишвар ва фоқид ҳаргуна виҷоҳат эълом кард.