Ҷустуҷу
-
Jun 02, 2019
«Муносботи Теҳрону Душанбе бояд дар ростои манофеи ду миллат ва таъмиқи дӯстиҳо беш аз пеш густариш ёбад». Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе дар дидори Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар Теҳрон бо таъкид бар ин нукта тасреҳ кард, Эрон ҳамвора хостори субот, амнияти комил, пешрафти Тоҷикистон ва тақвияти равобиту ҳамкориҳои ду ҷониб будааст.
-
Рӯҳонӣ дар дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон: Омодаи ироаи хадамоти фаннӣ-муҳандисӣ ба Душанбе ҳастем
Jun 01, 2019Раисҷумҳури Эрон гуфт: "Омодагӣ дорем то бо ироаи хадамоти фаннӣ – муҳандисӣ ва интиқоли таҷрибиёт дар иҷрои тарҳҳои Тоҷикистон мушорикати бештар дошта бошем".
-
Май 29, 2019
Шаҳрдории Душанбе эълом кардааст, ки таксиҳои ин шаҳр бояд то 15 июни имсол зоҳири худро бо тарҳи яксонсозии васоили нақлия татбиқ кунанд.
-
Май 29, 2019
Камёб шудани доллар дар Тоҷикистон мутақозиёни хариди ин навъ арзи хориҷиро водор кардааст, ки аз соати 4-и бомдод муқобили сохтмони Бонки тиҷории Қазоқистон дар шаҳри Душанбе саф истанд.
-
Май 28, 2019
Раисҷумҳури Тоҷикистон ва вазири дифои Русия имрӯз дар дидоре дар шаҳри Душанбе густариши ҳамкориҳои низомии дуҷонибаро баррасӣ карданд.
-
Май 25, 2019
Шаҳрдори Душанбе аз ифтитоҳи парки “Куруши Кабир” дар ояндаи наздик дар ин шаҳр хабар дод.
-
Май 20, 2019
Вазорати адлияи Тоҷикистон ошуб дар зиндони минтақаи Роҳатӣ дар Душанберо,ки шаби 19 моҳи май рух дод,таъйид кардааст.
-
Май 20, 2019
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти мудир ва 3 коргари ширкати таъмир ва поксозии таъсисоти кимиёвӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод,ки ба далели хунукназарии онон рӯзи шанбе 18 май,дар масири фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон таркиши газ ва оташсӯзӣ рух додааст.
-
Май 17, 2019
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ҳамоиши “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақаии мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, манобеи молии ин созмонҳо, қочоқи маводи муҳаддир ва ҷиноёти созмонёфта” дар шаҳри Душанбе бо мақомоти ширкаткунанда дар ин ҳамоиш дидору гуфтугӯ кард.
-
Май 17, 2019
Нишасти амниятии намояндагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико ё «C5+1» дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
-
Май 14, 2019
Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон аз баргузории нахустин ҷашнвораи фарҳанги донишҷӯёни хориҷӣ охирҳои май дар шаҳри Душанбе хабар дод.
-
Май 11, 2019
Сокинони шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон аз камёб шудани гӯшт дар бозорҳои ин шаҳр дар моҳи мубораки Рамазон шикоят доранд.
-
Май 08, 2019
Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми маҳкумияти 6 коргари мӯътаризи ширкати "Фароз"-ро ба иттиҳоми сарпечӣ аз дастури милитсия тасдиқ кард.
-
Май 07, 2019
Нахуствазири Тоҷикистон аз кунд будани раванди бозсозии масири Душанбе-Бохтар ибрози нигаронӣ кард.
-
Май 04, 2019
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории иҷлоси мавсум ба “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақаӣ дар мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир” дар Душанбе хабар дод.
-
Май 04, 2019
Дар Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе таи маросиме аз китоби нави рубоиёти ҳаким Умари Хайём ба забонҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ рунамоӣ шуд.
-
Apr 30, 2019
Даҳҳо нафар аз коргарони қарордодии ширкати мавсум ба Фароз дар эътироз ба коҳиши нархи хариди маҳсулоташон муқобили сохтмони марказии ин ширкат таҷаммуъи эътирозӣ баргузор карданд, ки бо мудохилаи неруҳои полиси шаҳри Душанбе пароканда шуданд.
-
Apr 27, 2019
Имкони парвози ҳавопаймо миёни шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон ва шаҳри Хоруғ маркази вилояти Бадахшон ба далели қатъи фаъолияти Ширкати давлатии Тоҷик Эйр ва надоштани манобеъи молӣ вуҷуд надорад.
-
Apr 25, 2019
Додгоҳи шаҳри Душанбе ба нафъи давлат ба мусодираи амволи Муҳиддини Кабирӣ раиси Ҳизби мамнуъаи Наҳзати исломии Тоҷикистон ва наздиконаш раъй дод.
-
Apr 22, 2019
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохт нашудани ба мавқеъи пули барқи масрафӣ дар пойтахти ин кишвар ибрози нигаронӣ кард.