Ҷустуҷу
-
Jun 08, 2017
Бетаваҷҷӯҳии тими миллии футболи Арабистон дар бози бо Австралия ба як дақиқа сукут, барои қурбониёни ҳодиса террористии Лондон, ҷанҷол барангез шуд.
-
Jun 08, 2017
Гурӯҳе аз корбарони саудӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба хотири ҷонибдории Туркия аз Қатар, маъракаро барои таҳрими колоҳои сохти Туркия дар Арабистон ба роҳ андохтанд.
-
Jun 07, 2017
Як рӯзномаи кувайтӣ иддао кард, ки Арабистони Саудӣ ва кишварҳое, ки равобити онон бо Қатар қатъ шудааст, барои Доҳа 10 шарт барои бозгашти равобит ба шароити оддӣ таъйин кардаанд, ки дар садри онҳо қатъи равобит бо Эрон аст.
-
Jun 06, 2017
Раисҷумҳури Амрико зимни ҷонибдорӣ аз Арабистон Қатрро ба таври ғайримустақим ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам кард.
-
Jun 06, 2017
Таваққуфи содироти шакари Арабистон ва Иморот ба Қатар, таълиқи парвозҳо ва таъини ҷарима барои сафари шаҳрвандони Саудӣ ба Қатар аз муҳимтарин рӯйдодҳои ношӣ аз қатъи равобити Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср бо Давҳа аст.
-
Jun 06, 2017
Вазири умури хориҷа дар вокуниш ба тасмими бархе кишварҳои арабӣ ба қатъи муносиботи дипломатӣ бо Қатар, дар паёме твиттерӣ бар лузуми музокира барои ҳалли ихтилофот таъкид кард.
-
Jun 05, 2017
Вазорати умури хориҷаи Қатар дар вокуниш ба тасмими Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср барои қатъи равобит бо Давҳа эълом кард, ин тасмим ҳаргиз бар раванди табиии зиндагии шаҳрвандон ва афроди муқим дар Қатар таъсире нахоҳад дошт.
-
Jun 05, 2017
Баҳрайн, Арабистон, Иморот ва Миср эълом карданд, равобити дипломатии худро бо Қатар қатъ кардаанд.
-
Jun 03, 2017
Ифшои як гузориши ҷадид нишон медиҳад, Арабистони Саудӣ ба мушовирони раисиҷумҳури Амрико, миллионҳо доллар ришва пардохт кардааст.
-
Jun 03, 2017
Манобеи покистонӣ аз кӯмаки молии Арабистон ва Иморот ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ дар Покистон хабар медиҳанд.
-
Jun 03, 2017
Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон хабари азми ин кишварро барои сохти ду пойгоҳи бузурги омӯзиши улуми исломӣ дар Тоҷикистон рад кард.
-
Jun 02, 2017
Рӯзномаи “Гардиан”, чопи Лондон фош кард, Ҳукумати Бритониё ба дунболи сарпӯш ниҳодан ба ҳимояти молии Арабистон аз гурӯҳҳои террористӣ аст.
-
Jun 01, 2017
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, ки як шаҳрванди ин кишвар, ки дар Арабистони Саудӣ ба унвони коргари манзил фаъолият мекардаву мавриди озору азият қарор гирифтааст, ба зудӣ ба кишвараш бозгардонда мешавад.
-
Май 31, 2017
Як манбаи арабӣ хабар дод, Арабистон дар паи имзоии тавофуқномаи низомии 110 миллиард долларӣ бо Амрико, суфориши хариди чаҳор нови ҷангиро аз Туркия лағв кард.
-
Май 30, 2017
Раҳбарони мазҳабӣ ва шахсиятҳои сиёсии ҷанубу шарқи Осиё идеологияи терроризмро идеологияи режими Оли Сауд, яъне ваҳҳобият медонанд, ки бо пулҳои нафтии Арабистон дар ҷанубу шарқи Арабистон ривоҷ пайдо кардааст.
-
Май 30, 2017
Раисҷумҳури Русия дар дидор бо ҷонишини валиаҳд ва вазири дифои Арабистони Саудӣ рӯзи сешанбе аз Риёз ба далели ҳамкорӣ бо ОПЕК дар ҳифзи саҳмияи тавлиди нафт ташаккур кард.
-
Май 29, 2017
Доналд Трамп дар аввалин сафари хориҷии худ ба Арабистон сафар кард, то бо дастрасӣ ба захоири пулии ин кишвар мушкилоти иқтисодӣ ва бекории амрикоиҳоро ба навъе ҳал кунад.
-
Май 28, 2017
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар "Твиттер" қарордодҳои низомӣ ва ғайринизомии чандсадмиллиарддолларӣ бо Арабистонро дар ростои таъмини шуғл барои коргарони амрикоӣ тавсиф кард.
-
Май 28, 2017
Арабистон қасди гардан задани шахси маълулро ба баҳонаи ширкат дар эътирозот дорад.
-
Май 27, 2017
Додгоҳи олии режими Оли Сауд дар Риёз, пойтахти Арабистон барои 14 ҷавони минтақаи шианишини Қатиф, ҳукми эъдом содир кард.