Ҷустуҷу
-
Apr 06, 2017
Мақомоти Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон аз сафари ҳайате аз идораи ҳавопаймоии ин кишвар ба Русия барои гуфтугӯ дар поён додани ихтилофоти парвозӣ ба дархости ҷониби Русия хабар доданд.
-
Apr 05, 2017
Ширкаткунандагон дар мизи гарди "Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё" дар Душанбе аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ки ҳар чӣ зудтар барои пайвастан ба ин ниҳоди ҳамгароии минтақаӣ иқдом кунад.
-
Mar 28, 2017
Ҳайате аз Ожонси Байналмилалии Энержии Ҳастаӣ (МАГАТЭ) барои баррасии мавзӯи кӯмак ба Тоҷикистон ҷиҳати беасарсозии партобҳои ҳастаии боқимонда аз даврони шӯравӣ дар ин кишвар ба вилояти Суғд сафар кард.
-
Mar 16, 2017
Гузориши Беҳрӯзи Саидхоҷа: Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз вазири ҷадиди тандурустии ин кишвар хостааст ки барои решакан кардани фасод ва ришвахорӣ дар низоми тандурустии Тоҷикистон иқдом кунад.
-
Mar 14, 2017
Дар пайи ҳадаррафти 16 дарсадии барқи тавлидӣ дар Тоҷикистон дар соли 2016, мақомоти тоҷик талош мекунанд 10 дарсади талафи барқро дар ин кишвар коҳиш диҳанд.
-
Mar 13, 2017
Дар Тоҷикистон барои таъсиси расонаҳои хабарии дидорӣ ва шунидорӣ, марокизи интишоротӣ ва дигар расонаҳо акнун иҷозатномаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ илзомӣ мешавад.
-
Mar 12, 2017
Бонки миллии Тоҷикистон барои фурӯши доллар дар марокизи муҷози молӣ ва бонкии ин кишвар, маҳдудияти ҷадид эъмол кардааст.
-
Mar 10, 2017
“Раша –Тудей” дар хабаре навишт, сервисҳои ҷосусии Амрико аз чанде қабл ба дунболи эҷоди бонки иттилооте аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.
-
Mar 06, 2017
Сухангуи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумати ин кишвар барои ирсоли кумак ба манотиқи осебдида мушкиле надорад.
-
Mar 05, 2017
Масъулони иқтисодии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, барои хуруҷ аз буҳрони бонкӣ, ки ахиран домангири ин кишвар шудааст, низоми бонкдории исломиро барқарор кунанд.
-
Mar 04, 2017
Ҳукумати Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар 4 соли оянда тавозуни содирот ва воридотро ба нафъи содирот тағйир хоҳад дод.
-
Mar 04, 2017
Як коршиноси иқтисодӣ дар Тоҷикистон муътақид аст, ки ин кишвар дар сурати истифодаи ба сарфа аз захоири об худ метавонад ба яке аз содиркунандагони оби ширин табдил шавад.
-
Feb 28, 2017
Дар поёни музокироти мақомоти баландпояи Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 6 санади ҳамкории ҷадид миёни Душанбеву Маскав ба имзо расид.
-
Feb 27, 2017
Воҳидҳои муҳандисии пойгоҳи низомии 201 артиши Русия мустақар дар атрофи Душанбе, барои бозгушоии роҳҳои масдуд шуда, дар масири Душанбе –Хуҷанд, иқдом ба истифодаи таҷҳизоти ҷадид барои пок кардани барф ва ёфтани афроде кардаанд, ки ба эҳтимоли зиёд дар зери тарма гирифтор шудаанд.
-
Feb 25, 2017
Бо таваҷҷӯҳ ба зарфияти тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон, Бонки Осиёии Рушд ба Душанбе тавсия кард, барои интиқоли барқ ба Афғонистон барномарезӣ кунад.
-
Feb 25, 2017
Татяна Евстифеева- намояндаи Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, зимни баррасии вазъи иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2016, таъкид кард, кишварҳои мазкур ба вижа Тоҷикистон бояд музокироти аз саргирии фаъолияти бозори энержӣ дар ин минтақаро идома диҳанд.
-
Feb 21, 2017
Донишмандони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар бораи паёмадҳои афзоиши резгардҳо (гарду ғубор) барои муҳити зисти ин кишвар, ки аз Афғонистон вориди ин ҷумҳурӣ мешаванд, ҳушдор додаанд.
-
Feb 13, 2017
Ҷамъияти Тоҷикистон, дар ҳоли афзоиш аст ва дар соли 2030 ҷамъияти ин кишвар ба 11.5 миллион нафар хоҳад расид.
-
Feb 13, 2017
Сафири Тоҷикистон дар Кобул иддаои намояндаи Қундуз дар Парлумони Афғонистон мабнӣ бар интиқоли силоҳҳои русӣ барои Толибон аз тариқи хоки Тоҷикистонро бепояву асос хонд.
-
Feb 09, 2017
Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ахиран, дар додгоҳҳои ин кишвар ба ҷурми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ ба муддати тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шудаанд.