Ҷустуҷу
-
Jun 22, 2019
Раиси Кумитаи иттилоотии Санои Амрико бо таъкид бар лузуми коҳиши таниши мавҷуд миёни Вашингтон ва Теҳрон гуфт; мақомҳои Кохи Сафед бидонанд,ки ҳеҷ иҷозатномае аз Конгира барои ҷанг бо Эрон надоранд.
-
Jun 20, 2019
Кумитаи амнияти давлатии Қирғизистон аз ташкили парвандаи ҷиноӣ алайҳи Алмосбек Отамбаев раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар хабар дод.
-
Jun 19, 2019
Мақомоти давлатҳои Қазоқистон ва Ӯзбакистон дар ҳоле бар густариши равобити дуҷониба ва муомилоти тиҷории ду кишвар таъкид мекунанд, ки ба бовари коршиносон рақобати Нурсултон ва Тошканд барои сарварӣ бар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ идома дорад.
-
Jun 19, 2019
Амрико дар давраи зимомдории Доналд Трамп иқдомоти худро ба манзури барандозии давлати чапгарои Венесуэла ва сарнагунии Николас Мадуро, раисҷумҳури қонунии ин кишвар ташдид кардааст. Вашингтон дар ҳоли ҳозир бар истифода аз абзорҳои иқтисодӣ алайҳи давлати Мадуро тамаркуз кардааст.
-
Jun 18, 2019
Занон дар Аҳмадободи Ҳинд фестивале доранд, ки дар поёни моҳи комил, баргузор мешавад. Онҳо рӯза мегиранд ва ҳамзамон бо ифтор, риштаҳоеро ба даври дарахтони муқаддас мебанданд ва барои тули умри шавҳаронашон дуо мекунанд.
-
Jun 17, 2019
Мушовири омӯзишии сафорати Туркия дар Эрон, роҳандозии курсии забон ва адабиёти туркии истамбулӣ дар донишгоҳи Теҳрон ро хостор шуд.
-
Jun 16, 2019
Вазири хориҷаи Англия дар ҳоле, ки аксари коршиносон ва ширкати ҷопонии молики нафткаш иддаои зиддиэронии Амрикоро рад кардаанд, рӯзи якшанбе барои ҷалби назари раисҷумҳури Амрико, иддаоҳои вай алайҳи Эронро дар иртибот бо ҳодисаи оташ гирифтани ду нафткаш дар дарёи араб такрор кард.
-
Jun 16, 2019
Вазири неруи Эрон гуфт, Қафқози шимолӣ бо бархурдорӣ аз ҳамаи манобеи лозим зарфияти билқувва ва нақши муҳимме барои тавсеаи равобити тиҷорӣ, илмӣ ва фарҳангии Эрон ва Русия дорад.
-
Jun 15, 2019
Як таҳлилгари баландпояи ҷаҳони араб тасреҳ кард, эрониён мардоне воқеӣ ҳастанд ва давлати Трамп ба хотири муқовимати эрониёҳо ба гадоии музокира афтодааст.
-
Jun 13, 2019
Раиси маҷлиси миллии Тоҷикистон баррасии одилонаи моҷарои рафтори таҳқиромези полиси Русия бо шаш тоҷики мазнун ба қатли Сергей Чуев куштигири машҳури рус дар Маскавро хостор шудааст.
-
Jun 13, 2019
Додгоҳи шаҳри Душанбе Анъомҷон Раҷабалиев сокини пойтхати Тоҷикистонро, ки тавассути як зани тоҷики мубаллиғи гуруҳи ДИИШ ба сафҳои ин созмони террористӣ ҷазб шуда буд, ба 18 сол зиндон маҳкум кард.
-
Jun 11, 2019
Давлати Ҳинд барои ёбандаи ҳавопаймои гумшуда маблағи 550 ҳазор рупия муодили даҳ ҳазор доллар ҷоиза таъин кардааст.
-
Jun 10, 2019
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагӣ дошта ва дорад, ки бо ҳамаи кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс дар бораи масоили дуҷониба ва минтақа гуфтугӯ кунад.
-
Jun 08, 2019
Сарпарасти Вазорати дифои Амрико ҷумъашаб гуфт, Вашингтон ба Туркия то 31 –уми июл муҳлат медиҳад, ки аз хариди сомонаи дифои мушакии “С-400” –и Русия сарфи назар кунад.
-
Jun 08, 2019
Оё то баҳол аз худ пурсидаед дорчин(корица) чи мазиятҳо ва фоидаҳое барои саломати бадани шумо дорад?
-
Jun 03, 2019
Яке аз намояндагони парлумони Қирғизистон тарҳеро ироа кардааст,ки бар асоси он, тамоми атбоъи хориҷӣ дар қаламрави ин кишвар аз ҷумла тоҷикон бояд барои фаъолиятҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ иҷозатномаи расмии кор дарёфт кунанд.
-
Jun 01, 2019
Саркардаи Толибони Афғонистон эълом кард, Толибон ҳанӯз омодаи музокира бо давлати Афғонистон барои сулҳ нест.
-
Май 31, 2019
Раиси ҷумҳурии Эрон,таъкид кард; Муъомилаи қарн тавтиае барои нобудии ормони Фаластин тавсиъаи ишғолгарии саҳюнистҳо ва таҷовуз ба ҳамаи кишварҳи исломӣ аст.
-
Май 31, 2019
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон таъкид кард; талоши Арабистон ва бархе аз кишварҳои арабии минтақа барои ба ҳошия рафтани ормони Фаластин ва ҷойгузин шудани ҳадафҳои мавҳум ва сохтагӣ, иштибоҳи роҳбурдӣ хоҳад буд.
-
Май 30, 2019
Мақомоти низомии Тоҷикистон ба моликони ғизохуриҳо ва ресторанҳо дастур додаанд ҳангоми наздик шудани замони ифтор ба муштариёни худ иҷозаи иқомаи намози шом дар ин марказҳоро надиҳанд. Дар сурати коршиканӣ ин марказҳо 12 то 20 ҳазор сомонӣ (баробар бо 1 ҳазору 200 то 2 ҳазор доллар) ҷаримаи молӣ хоҳанд шуд.