Ҷустуҷу
-
Feb 22, 2024
Манзури таҳаққуқи адолати интихоботӣ ва фурсатҳои баробарии таблиғотӣ , Вазорати иртиботот бо ҳамкории паёмрасонҳои бумӣ , зерсохтҳои лозим барои баҳрагирии номзадҳои интихоботӣ аз ин саккӯҳоро , фароҳам кардааст .
-
Feb 21, 2024
Намояндаи Чилӣ дар Додгоҳи байналмилалии додгустарӣ, режими саҳюнистиро поймолкунандаи муназзами қавонини байналмилалӣ дар навори Ғазза хонд.
-
Feb 21, 2024
Раиси Утоқи Эрон бо интиқод аз афзоиши ногаҳонии тарофаи воридоти бархе маҳсулоти Эрон дар Тоҷикистон, гуфт: Барои афзоиши сатҳи ҳамкориҳои тиҷорӣ миёни ду кишвар, ниёзманди барқарории тарофаи тарҷеҳӣ миёни Эрону Тоҷикистон ҳастем.
-
Feb 21, 2024
Муовини ҳуқуқи башар ва умури байналмилали вазири додгустарии Эрон дар дидори сафири Белгия аз тавсеаи муносиботи ҳуқуқӣ - қазоии Теҳрону Брюссел хабар дод.
-
Feb 22, 2024
Амрико дар ҳоле,ки бо жестҳои башардӯстона талош дорад аз фишори афкори умумӣ ба далели мушорикати мустақим дар ҷанги наслкӯшии Исроил алайҳи мардуми Фаластин бикоҳад, барои саввумин бор пешнависи қатъномаи барқарории оташбаси фаври дар Ғаззаро бо ҳадафи ҳимоят аз ҷиноятҳои ин режими вето кард.
-
Feb 20, 2024
Як иттиҳодияи синфи ба намояндагӣ аз коргарони 11 бандари бузурги Ҳинд эълом кард ба маҳмулаҳое ки ҳовии силоҳҳои режим саҳюнистӣ ҳастанд хадамот нахоҳанд дод.
-
Feb 20, 2024
Дабири Ситоди тавсеаи фановарии нанои Эрон аз сохти абзорҳои ташхиси зудҳангоми саратон тавассути нухбагони эронӣ дар кишвар хабар дод.
-
Feb 19, 2024
Тоҷикистон ва Қирғизистон ба як тавофуқ бар сари 1.1 километр дар хусуси марзи муштараки худ расиданд то гоми даигареро ба самти як тавофуқи комил дар ин замина бардоранд.
-
Feb 19, 2024
Тими миллии футзали Тоҷикистон дар чорчуби омодагӣ барои марҳалаи ниҳои Ҷоми Миллатҳои Осиё-2024 дидорҳои дустона бо тимҳои миллии Арабистони Саъудӣ ва Узбекистон баргузор мекунад.
-
Feb 19, 2024
Сеюмин конфаронси минтақаии пружаӣ “омӯзиши ҳирфаӣ барои бахшҳои тавсеаи иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ ” дар Душанбе баргузор мешавад .
-
Feb 19, 2024
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо иддаои ҳимоят аз сиёсатҳои раиси Ҷумҳӯрии Тоҷикистон дар заминаи ёдгирии забонҳои хориҷӣ , 242 ҳазор китоби англисӣ ба мактабҳои ин кишвар эҳдо кард ва қарор аст беш аз 352 ҳазор ҷилди дигар низ ба зуди тавзеъ шавад .
-
Feb 18, 2024
Мусобиқоти байналмилалии бокси қаҳрамононии Осиё дар маҷмуъаи варзишии шаҳри Душанбе баргузор шуд.
-
Feb 18, 2024
Маркази дармонии саратони Тоҷикистон дар чорчуби тарҳи ожонси байналмилалии энержии атомӣ таҷҳизот дарёфт кард.
-
Feb 18, 2024
Ҳазорон нафар шанбешаб дар Тел-Авив бо баргузарии тазоҳурот хостори озодии асирони саҳюнистӣ дар Ғазза шуданд.
-
Feb 17, 2024
Нахуствазири Ироқ дар дидори бархе аз аъзои Конгресси Амрико бар хурӯҷи низомиёни ин кишвар аз Ироқ таъкид кард.
-
Feb 17, 2024
Соли гузашта мақомоти Тоҷикистон 26 мувофиқатномаи навро барои ҷазби сармоя имзо карданд.
-
Feb 16, 2024
Давлати Қатар шаҳрвандони Тоҷикистонро ба рӯйхати шаҳрвандони кишварҳое дохил менамояд, ки метавонанд бидуни раводид ба ин кишвар ворид шаванд.
-
Feb 16, 2024
Бар асоси гузориши солонаи Кумитаи ҳифозат аз рӯзноманигорон, 75 дарсади хабарнигороне, ки соли гузашта дар саросари ҷаҳон кушта шудаанд, фаластинӣ буда ва дар ҷанги Ғазза ба шаҳодат расидаанд.
-
Feb 16, 2024
Дар дидори дабирони Шӯрои амнияти миллии Эрону Русия, тавофуқномаи ҷомеи баландмуддати ҷадид миёни Теҳрону Маскав баррасӣ шуд.
-
Feb 15, 2024
Раиси ҷумҳури Русия Ҷо Байденро гузинаи муносибе барои мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико донист.