Ҷустуҷу
-
Apr 28, 2020
Ожонси тавсеа ва ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон ва Фонди кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид, таҷҳизоти пешгирӣ аз бемории корона ба Тоҷикистон ирсол карданд.
-
Apr 28, 2020
Маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи артиш дар Тоҷикистон 85 дарсад амалисозӣ шуд.
-
Apr 28, 2020
Аз оғози имсол то кунун 140 нафар аз Тоҷикистон ба Узбакистон муҳоҷират карданд.
-
Apr 28, 2020
Ҳудуди 20 дарсад аз мизони воридоти Тоҷикистон маводди минералӣ аст.
-
Apr 27, 2020
Вазорати додгустарии Тоҷикистон шуюи бемориҳои ҳоди танаффусии байни зиндониёнро такзиб кард.
-
Apr 27, 2020
Вазорати маориф ва улуми Тоҷикистон эълом кард, таътилҳои мактабӣ дар кишвар ба далели пешгирӣ аз шуюи бемории корона замони муносибе барои худомӯзи ва омодагии донишомӯзон барои ширкат дар имтихонот аст.
-
Apr 27, 2020
Мизони содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар соли 2019 беш аз 33 миллион доллар будааст, ки бо таваҷҷуҳ ба номаълум будани муддати манъи содироти ин маҳсулот ба хориҷ ба сабаби шуйюи вируси корона, давлати Душанбе мумкин аст имсол аз ин маблағ маҳрум шавад.
-
Apr 27, 2020
Устоди риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хостори мамнуъ шудани вуруди афроди бидуни ниқоби тиббӣ ба нақлиёти умумӣ дар пойтахти кишвар шуд.
-
Apr 27, 2020
Дар пайи суханронии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди зарурати ба замони дигар мунтақил кардани айёми рӯзадории кишоварзон ва домдорон ва дигар шуғлҳои пурмашаққат, Шурои уламои маркази исломии ин кишвар низ аз ин тасмим ҳимоят кард.
-
Apr 26, 2020
Панҷ сокини вилояти Бадахшони Тоҷикистон, ки кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ин минтақа мебошанд, пас аз чанд рӯз аз боздошти полиси ноҳияи Ишкошими Афғонистон озод шудаанд.
-
Apr 25, 2020
Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба дархости Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар дар бораи вазъияти дармонӣ дар пайи густариши вируси корона посух дод.
-
Apr 25, 2020
Ожонси давлатии Тоҷикстандарти Тоҷикистон аз вуруди 99 тонна хурмо ва 50 тонна маводди ғизоии пастсифат аз Афғонистон ба ин кишвар ҷилавгирӣ кард.
-
Apr 25, 2020
Ситоди муқобила бо вируси корона дар Тоҷикистон аз мамнуияти муваққати содироти маҳсулоти кишоварзии ин кишвар ба хориҷ хабар дод.
-
Apr 25, 2020
Тоҷикистон ва Туркманистон дар феҳристи 21 минтақаи орӣ аз коронавирус қарор гирифтанд.
-
Apr 25, 2020
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва мудири минтақавии Созмони Беҳдоштии Ҷаҳонӣ дар мавриди вазъияти бемории коронавирус дар Осиёи Марказӣ бо якдигар телефонӣ сӯҳбат карданд.
-
Apr 25, 2020
Агентии давлатии омори Тоҷикистон эълом кард, аз оғози имсол то кунун 199 000 доллар тилло ва фулӯзоти гаронбаҳо аз кишвар содир шудааст.
-
Apr 25, 2020
Генерал Абдулло Ҳабибов аз шахсиятҳои сиёсӣ ва низомии Тоҷикистон даргузашт.
-
Apr 25, 2020
Тамомии мадорис ва кӯдакистонҳои Тоҷикистон ба таври муваққат таътил шуданд.
-
Apr 23, 2020
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёме фаро расидани моҳи Рамазонро ба мардуми кишвар табрик гуфт .
-
Apr 23, 2020
Муовини раиси Ҳизби Халқи Демакрати Тоҷикистон ва 35 корманди Бонки миллии ин кишвар карантина шуданд.