Ҷустуҷу
-
Sep 16, 2016
Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия аз раъйдиҳандагони рус хост, дар интихоботи ДУМА, ки қарор аст 18-уми ин моҳ баргузор шавад, ширкат кунанд.
-
Sep 16, 2016
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ҳама бояд барои барқарории сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон талош кунанд.
-
Sep 15, 2016
Маҷмуаи пажӯҳишии шоири тоҷик аз шаҳри Самарқанд, 5 сол аст, ки дар интизори интишор дар Тоҷикистон қарор дорад.
-
Sep 14, 2016
Ҳукумати Тоҷикистон барномаи вижаи ҳимоят аз фаъолияти ширкати алюминийи ин кишварро барои беҳбуди авзои молӣ ва фаннии ин марказ тасвиб кард.
-
Sep 14, 2016
Раиси ҷумҳурии пешини Лубнон гуфт, режими саҳюнистӣ бо тамоми тавони худ дар талош аст то аз ҳалли буҳрони Сурия ҷилавгирӣ кунад.
-
Sep 12, 2016
Ҷон Керрӣ-вазири хориҷаи Амрико ва Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия рӯзи ҷумъа дар поёни музокироти 14 соатаи худ дар Женева, аз тавофуқ барсари нақшаи роҳе барои оташбаси Сурия ва ҳамчунин оғози фароянди амалиёти сиёсӣ дар ин кишвари ҷангзада хабар доданд.
-
Sep 11, 2016
Мошинҳои саҳюнистӣ маҷрӯҳони гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ дар ҷануби Сурияро ба сарзаминҳои ишғолӣ мунтақил мекунанд.
-
Sep 10, 2016
Намояндагони парлумони Аврупо, маҳрум шудани тимҳои бошгоҳҳои футболи Исроил дар мусобиқоти аврупоиро хостор шуданд.
-
Sep 10, 2016
Бонуи тирандози эронӣ ба мақоми қаҳрамонии бозиҳои Паролимпии Рио дар бахши туфанги бодии 10 метр даст ёфт ва рекорди ҷаҳониро дар ин ришта ба номи худ сабт кард.
-
Sep 10, 2016
Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон муътақид аст, ки давлати ин кишвар бояд аз фурсати ҷадиди пешомада ва тағйири раҳбари сиёсии Узбакистон, барои беҳбуди равобит бо ин кишвар истифода кунад.
-
Sep 08, 2016
Коршиноси тоҷик ҷоизаи 3 миллион долларии Амрико барои ёфтани полковник Гулмурод Ҳалимов ва сипас интисоби вай ба унвони вазири ҷанги гурӯҳи террористии ДИИШ-ро, оғози тавтеаи ҷадиди Амрико барои минтақаи Осиёи Марказӣ медонад.
-
Sep 08, 2016
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз талоши ширкатҳои кишоварзии ин кишвар барои гирифтани 368 ҳазор тонна пахта хабар дод.
-
Sep 07, 2016
Дар вилояти Хатлон вуруди гардишгарони хориҷӣ бо ҳадафи шикори гунаҳои ҳайвоноти нодир афзоиш ёфтааст.
-
Sep 07, 2016
Покистон пешниҳоди нави Туркманистон барои сохти хати мустақими интиқоли барқ ба Покистонро напазируфта ва аз Туркманистон хостааст, дар сурати тамоюл барои содироти барқ ба Покистон, ба тарҳи КАСА-1000 (тарҳи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Покистон) ҳамроҳ шавад.
-
Sep 07, 2016
Чанд гурӯҳи саҳюнистӣ поёни ишғолгарӣ дар сарзамини Фаластинро хостор шуданд.
-
Sep 06, 2016
Мудири шабакаи телевизиони русӣ дар интиқоде тунд гуфт, Риёз - муқассири фоҷеаи Мино, бояд тазмини пешгирӣ аз такрори ин қабил фоҷеаҳоро бидиҳад.
-
Sep 06, 2016
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини пойтахти Тоҷикистонро ба иттиҳоми талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба 6,5 сол зиндон маҳкум кард.
-
Sep 01, 2016
Коршиносони Бонки рушди Осиё, далели умдаи ҷазб нашудани сармояи хориҷӣ барои иқтисоди Тоҷикистонро набуди фазои муносиб дар ин замина, дар ин кишвар медонанд.
-
Aug 31, 2016
Муовини амнияти вазири умури хориҷаи Амрико аз таъйини ҷоизаи 3 миллиондолларӣ барои иттилоъ аз сарнавишти Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирории тоҷик хабар дод.
-
Aug 30, 2016
Ҳукумати Узбакистон эълом кард, аз аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ тарофаҳои транзитиро барои васоили нақлияи Тоҷикистон афзоиш додааст.