Ҷустуҷу
-
Nov 02, 2019
Муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон дар ҳошияи ҳаҷдаҳумин иҷлоси нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Тошканд бо нахуствазирони Узбакистон ва Қирғизистон дидор ва гуфтугӯ кард.
-
Nov 02, 2019
Дар дидори мақомоти амниятии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд мавзуи таъмини амният ва аломатгузории марзи муштараки ду кишвар баррасӣ шуд.
-
Oct 31, 2019
Масҷиди 85 ҳазор долларӣ дар як рӯстои Қирғизистон ифтитоҳ шуд.
-
Oct 26, 2019
Дастгоҳи қазоии Қирғизистон муддатзамони ҳабси Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури собиқи ин кишварро барои ду моҳи дигар тамдид кард.
-
Oct 15, 2019
Раисони ҷумҳурии Узбакистон ва Қирғизистон барои ҳузур дар ҳафтумин даври нишасти сарони Созмони кишварҳои туркзабон озими Озарбойҷон шуданд.
-
Oct 14, 2019
Размоиши муштараки марзбонони ӯзбак ва қирғиз дар манотиқи марзии устони Фарғонаи Узбакистон баргузор шуд.
-
Oct 12, 2019
Раисҷумҳури собиқи Қирғизистон бо ғайриқонунӣ хондани боздошти худ аз ҳузур дар додгоҳ худдорӣ кард ва ин иқдомро бозии сиёсӣ хонд.
-
Oct 11, 2019
Руасои Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ (ҳамсуд) ҳалли мушкилоти марзиро хостор шуданд.
-
Oct 10, 2019
Манбаъҳои хабарии Бишкек аз матраҳ шудани 14 иттиҳом алайҳи Алмосбек Атамбоев раиси ҷумҳурии собиқи Қирғизистон хабар доданд.
-
Oct 10, 2019
Аҳзоби сиёсии Қирғизистон барои интихоботи маҷлиси соли 2020 эъломи омодагӣ карданд.
-
Oct 10, 2019
Нархи нисбатан арзони чиптаи ҳавопаймо дар кишварҳои Узбакистон ва Қирғизистон муҷиб шуда, ки дар солҳои ахир мусофирони тоҷик барои сафарҳои хориҷӣ аз фурудгоҳҳои ин кишварҳо истифода кунанд.
-
Oct 08, 2019
Кумитаи тавсеаи гардишгарии Тоҷикистон аз баргузории Ҳамоиши тиҷории ширкатҳои гардишгарии тоҷик ва қирғиз дар шаҳри Хуҷанд маркази вилояти Суғд-и ин кишвар хабар дод.
-
Oct 01, 2019
Мақомоти вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон пули наверо мавсум ба дустӣ дар марзи миёни ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Лайлак ифтитоҳ карданд.
-
Sep 29, 2019
Намояндагони Маҷлиси қонунгузории Қирғизистон мусаввабаи таҳқиқ дар бораи авомил ва натиҷаҳои даргириҳои ахири марзӣ бо Тоҷикистонро ғайриқобили интишор эълом карданд ва бар он муҳри сиррӣ заданд.
-
Sep 27, 2019
Ду шаҳрванди Амрико дар ҷануби Қирғизистон ба ҷурми ҳамли маводи мухаддир боздошт шуданд.
-
Sep 27, 2019
Раиси собиқи Ҳизби парлумонии Республикаи Қирғизистон ва яке аз раҳбарони оппозитсияи ин кишвар Бишкекро ба мақсади Русия тарк кард.
-
Sep 27, 2019
Нахуствазири Қирғизистон аз ихтисоси буҷаи 17 миллиондолларӣ барои баргузории интихоботи парлумонии ин кишвар хабар дод.
-
Sep 27, 2019
Нахустин тамриноти ниҳодҳои изтирории Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон дар устони Ботканди Қирғизистон баргузор шуд.
-
Sep 20, 2019
Яке аз намояндагони порлумони Қирғизистон хостори эъзоми намояндагони ин кишвар барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории қирғиз дар Русия шуд.
-
Sep 19, 2019
Пас аз даргирии маргбор дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, мақомоти ду кишвар ба тавофуқоте дар ин баҳс расидаанд, аммо иддае аз фаъолони мадании тоҷик мегӯянд, ки ин созишҳо муваққат аст ва мушкилро решаӣ ҳал намекунад. Ҳамчунин онҳо мӯътақиданд, ки ба қирғизҳо намешавад эътимод кард, зеро онон ба хотири фишор ба давлати Тоҷикистон барои гузашт дар ин мавзӯ, ҳар дафъа ба хоки Тоҷикистон таҷовуз мекунанд.