Ҷустуҷу
-
Aug 29, 2017
Вазорати саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон эълом кард, ки тавлиди ангиштсанг дар ин кишвар имсол аз 910 ҳазор тон фаро рафтааст.
-
Aug 28, 2017
Мақомоти низомии Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Чин низоми ҷадиди ҳамкориҳои низомӣ миёни чаҳор кишварро баррасӣ карданд.
-
Aug 28, 2017
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳи чанд қонунро, ки ба пешниҳоди вай дар Маҷлиси намояндагон ва миллии ин кишвар ба тасвиб расида буд, имзо кард.
-
Aug 28, 2017
Муддатест равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон ба далели сӯитафоҳумоти пешомада рӯ ба тирагӣ гузоштааст. Равобите ки пеш аз ин дар минтақа аз он ба унвони улгӯи иртиботи ду кишвари ҳамзабон аз он ёд мешуд.
-
Aug 28, 2017
Раиси ҷумҳурии Қирғизистон бо ишора ба талошҳо барои таъйини ҳудуд ва аломатгузории марзҳои кишвараш гуфт, 84 дарсад аз ихтилофоти марзии ин кишвар бо Тоҷикистон ва Узбакистон ҳал шудааст.
-
Aug 28, 2017
Сафири Русия дар Чин имрӯз (душанбе), дар нишасти хабарӣ эълом кард, Чин раисиҷумҳури Тоҷикистон ва сарони се кишвари дигарро ба иҷлоси “БРИКС” даъват кардааст.
-
Aug 28, 2017
Раиси бахши Бадахшонии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз мардуми ин кишвар даъват кард, рӯзи аввали сентябр, рӯзи умуми миллии нофармонии маданӣ эълом шавад.
-
Aug 28, 2017
Коршиноси тоҷик Хайриддини Абдуллоҳ муътақид аст, баъзе масъулон аз фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи либоси миллӣ сӯиистифода мекунанд ва “ба ҷои салла калла меоранд”.
-
Aug 27, 2017
Фармондеҳи артиши Покистон дар раъси як ҳайати низомӣ барои сафаре 3 рӯза озими Тоҷикистон шуд ва бо мақомоти аршади низомии ин кишвар ва Чин мулоқот хоҳад кард.
-
Aug 27, 2017
Коршиноси сиёсии тоҷик муътақид аст барои беҳбуди равобити байни Тоҷикистону Эрон бояд фарҳангиёни ду кишвар мубтакири иқдомоти муассиру созанда шаванд.
-
Aug 27, 2017
Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, дар ин ҷумҳурӣ, амалан танҳо Ҳизби халқӣ-демократӣ фаъол аст ва соири аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ, дар сарнавишти кишвар нақше надоранд.
-
Aug 26, 2017
Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон, дар назар дорад ба зуддӣ бозрсиҳои худро аз фаъолияти молии даҳ вазорат ва идорот дар Тоҷикистонро оғоз кунад.
-
Aug 26, 2017
Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон муътақид аст, ки дар ин кишвар заминаи фаъолияти аҳзоб бо гароишҳои мухталиф вуҷуд надорад.
-
Aug 26, 2017
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати бистушашумин Солгарди истиқлоли ин кишвар ба 300 нафар аз мақомоти интизомӣ, амниятӣ ва масъулони идорот ва ниҳодҳои ҳукуматӣ, намояндагони илму фарҳанг ва фаъолони бахши хусусӣ дараҷа, нишон ва медалҳои мухталиф эъто кард.
-
Aug 25, 2017
Имомони масҷидҳои Тоҷикистон бо ишора ба ҳамзамонии оғози соли таҳсили ҷадид бо Иди Қурбон дар ин кишвар бар бозгушоии макотибу донишгоҳҳо дар рӯзи Иди саиди Қурбон ва ҳузури талабагону донишҷӯён дар ин рӯз дар дарс таъкид карданд.
-
Aug 25, 2017
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба манзури мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноёти мутташакил дар фазои маҷозӣ пулиси кибернетӣ эҷод кард.
-
Aug 24, 2017
Парлумони Тоҷикистон тафоҳумномаи ҳамкорие, ки аввали майи соли ҷорӣ миёни Вазорати иқтисод ва тиҷорати ин кишвар ва Вазорати тиҷорати Чин ба имзо расида будро, тасвиб кард.
-
Aug 24, 2017
Шӯрои уламои Тоҷикистон якуми сентябрро рӯзи Иди саиди Қурбон дар ин кишвар эълом кард.
-
Aug 24, 2017
Сайфиддин Назарзода, раиси барканоршудаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба далели пахши гузориши ғайривоқеӣ дар бораи маросими арӯсии писараш, ки муҷиби барканории вай шуд, алайҳи Шабакаи якуми телевизиони давлатӣ шикоят кардааст.
-
Aug 23, 2017
Як масъули Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон таваққуфи муваққати фаъолияти ин ҳизбро дар дохили ин кишвар хостор шуд.