Ҷустуҷу
-
Oct 31, 2016
Раисиҷумҳури Қазоқистон тавофуқномаи ҳамкории роҳбурдӣ байни ин кишвар ва Тоҷикистонро имзо кард.
-
Раиси Анҷумани синамои ҷавонони Эрон тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро масири фарҳангу ҳунар ном бурд
Oct 23, 2016Фариди Фархундакеш, раиси Анҷумани синамои ҷавонони Эрон дар мусоҳиба бо хабарнигорони радиову телевизион ва расонаҳои Тоҷикистон, зимни таъкид бар тақвияти равобити фарҳангӣ, мероси ғании фикрии муштаракро ваҷҳи мушобеҳи ҳарду миллат донист.
-
Oct 22, 2016
Аз дидгоҳи коршиноси тоҷик, афзоиши сафарҳои мақомоти Ҳукумати Тоҷикистону Узбакистон ба кишварҳои якдигар тайи як моҳи ахир, пас аз даргузашти Ислом Каримов, раисҷумҳури қаблии Узбакистон умедҳоро барои беҳбуд ёфтани муносиботи дуҷониба бештар кардааст.
-
Oct 21, 2016
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо вазири хориҷаи Туркия истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ба Туркия паноҳ бурдаанд ва ба фаъолиятҳои ифротгариву террористӣ муттаҳам ҳастанд, хостор шуд.
-
Oct 21, 2016
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо Суҳайл Мазрӯӣ, вазири энержии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар шаҳри Душанбе дидор кард.
-
Oct 20, 2016
Размоиши зиддитеррористии муштараки Тоҷикистону Чин наздик дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон оғоз шуд.
-
Oct 20, 2016
Намояндаи Вазорати умури дохилии Русия гуфт, пас аз узбакистониҳо шаҳрвандони Тоҷикистон пурҷамъияттарин гурӯҳи муҳоҷири корӣ дар Маскав ҳастанд.
-
Oct 16, 2016
Ҳаётуллоҳи Ҳаёт, волии Ҳилманд имрӯз ба расонаҳо гуфтааст, баррасиҳои нахустин нишон медиҳад, ки дар набардҳои ду ҳафтаи ахир дар Ҳилманд 50 тан аз нерӯҳои амниятии афғон шаҳид шудаанд ва чанд тани дигар захм бардоштаанд.
-
Oct 13, 2016
Вузарои умури дохилии Тоҷикистону Афғонистон дар нишасте дар шаҳри Душанбе охирин вазъияти амниятии марзҳои ду кишварро баррасӣ карданд.
-
Oct 10, 2016
Сафоратҳои Амрико ва Англия дар Қирғизистон аз хатари ҳамлаҳои террористӣ дар Қирғизистон, бавижа дар ҷануби ин кишвар ҳушдор дода, шаҳрвандонишонро ба эҳтиёткорӣ даъват намудаанд.
-
Oct 05, 2016
Чин дар солҳои охир кӯшидааст рӯз ба рӯз бар нуфузи худ дар Осиёи Марказӣ биафзояд.
-
Oct 01, 2016
Мақомоти амниятии Русия, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба унвони масири аслии интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба ин кишвар ном бурданд.
-
Sep 27, 2016
Вазири умури хориҷаи Қирғизистон таъкид кард, ин кишвар ва Тоҷикистон бо сохти нерӯгоҳҳои ҷадиди барқӣ- обӣ метавонанд барқи мавриди ниёзи Осиёи Марказиро таъмин кунанд.
-
Sep 21, 2016
Бонки марказии Русия аз коҳиши 14-дарсадии мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ба кишварашон тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ хабар додааст.
-
Sep 18, 2016
Шуморе аз шаҳрвандони баҳрайнӣ ҳангоми адои маносики ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ боздошт шуданд.
-
Sep 15, 2016
Раисиҷумҳурии Туркманистон аз тасреъи раванди сохти роҳи оҳан, миёни ин кишвар бо Афғонистон ва Тоҷикистон хабар дод.
-
Sep 13, 2016
Робитаҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Покистон ба далели қарор доштани Афғонистони ноором бар сари роҳи табодули коло миёни ду кишвар бо мушкилоте мувоҷеҳ шудааст.
-
Sep 10, 2016
Тадобири амниятӣ дар Амрико дар остонаи понздаҳумин солгарди вуқӯи ҳамлаи террористии 11-уми сентябри соли 2001 ташдид шудааст.
-
Sep 07, 2016
Хабаргузории англисии "Рейтерс" навишт, Эрон яке аз се кишвари аслии авлавияти ДИИШ аст, аммо тавониста бо сиёсатҳои печидаи зиддитерроризм, аз ҳамалоти ин гурӯҳ дар амон бимонад.
-
Sep 07, 2016
Гулмурод Ҳалимов, полковник (сарҳанг) -и фирории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва фармондеҳи низомии тозамансубшудаи гурӯҳи террористии ДИИШ, сарбозони артиши ин кишварро таҳдид кардааст.