Октябр 01, 2016 19:33 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти амниятии Русия: Осиёи Марказӣ масири аслии қочоқи маводи мухаддир ба Русия аст

Мақомоти амниятии Русия, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба унвони масири аслии интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба ин кишвар ном бурданд.

Мақомоти амниятии Русия эълом карданд, қочоқчён, бахши асосии маводи мухаддир аз Афғонистон ба ин кишварро аз тариқи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ворид мекунанд.

Ба гузориши Форс, Қазоқистон охирин дарвозаи қочоқчён маҳсуб мешавад, ки қисмати бештари маводи мухаддир аз тариқи хоки ин кишвар, вориди қаламрави Русия мешавад. Дар расонаҳои русӣ, ҳатто ахборе аз интиқоли маводи мухаддири саноатӣ аз Чин тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин кишвар мунташир шудааст.

Андрей Харков-раиси Идораи мубориза ба маводи мухаддири Вазорати дохилии Русия, дар ин замина изҳор дошт, барои мубориза бо ин падидаи номатлуб ҳамвора бояд талош кард ва пеш аз ҳама масирҳои интиқоли онро масдуд кард.

Харков дар идома бо ишора ба ин ки яке аз масирҳои аслии интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба ин кишвар дар сайтараи кишварҳои собиқи Шӯравӣ қарор дорад, тасреҳ кард, дар ин кор натанҳо гурӯҳҳои ҷинояткори чанд кишвар аз Иттиҳоди кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ, балки нерӯҳои дохилии ин кишварҳо низ мушорикат доранд, зеро бидуни воситаҳои қудратманд ва бонуфуз дар ниҳодҳои давлатӣ ва мақомоти интизомӣ, интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Русия кор бениҳоят душворе аст.

Ин аввалин бор нест, ки мақомоти Русия ва коршиносони он аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба унвони масири интиқоли маводи мухаддир ном мебаранд. Тайи чанд соли ахир, борҳо ин мавзӯъ аз сӯи расонаҳои русӣ матраҳ шудааст ва ҳамчунин боздошти бархе атбои ин кишварҳо ба иттиҳоми интиқоли маводи мухаддир ба ин кишвар чандин бор расонаӣ шудааст.

 

Барчасп