Ҷустуҷу
-
Jun 17, 2018
Раисҷумҳури собиқи Афғонистон таъкид кард, дар даврони ҳукумати вай, Амрико бисёр фишор ворид кард, то равобит бо ҷумҳурии исломии Эронро қатъ кунам.
-
Jun 17, 2018
Раисҷумҳури Афғонистон дар паёми видеоие аз тамдиди оташбаси якҷонба бо гурӯҳи Толибон хабар дод. Муҳаммад Ашраф Ғанӣ хотирнишон кард, ба нерӯҳои амниятии афғон дастур додааст, то оташбаси кунуниро аз рӯзи чаҳоруми Иди саиди Фитр тамдид кунанд. Вай аз гурӯҳи Толибон низ хост, оташбаси серӯзаи худро тамдид кунад.
-
Jun 16, 2018
Раисиҷумҳури собиқи Афғонистон гуфт, Амрико ба мардуми Афғонистон ва минтақа, хиёнат кардааст.
-
Jun 14, 2018
Намояндагони беш аз 30 гурӯҳи сиёсӣ дар Афғонистон ҳушдор доданд, ки агар низоми интихоботӣ ба пешниҳоди онҳо тағйир накунад ва роҳбурди баҳрамандии одилонаи онҳо аз курсиҳои парлумон дар он амалӣ нашавад, интихоботи ояндаро таҳрим хоҳанд кард.
-
Jun 14, 2018
Раиси Шӯрои вилоятии Бадахшон дар шимоли Афғонистон, чаҳоршанбе шаб аз ҳамлаи аносури Толибон ба чанд пости бозрасии нерӯҳои амниятии Афғонистон дар ин вилоят хабар дод.
-
Jun 10, 2018
Дар шаҳри Чиндао дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанҳай президенти Тоҷикистон бо сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди масоили ҳамкориро баррасӣ карданд.
-
Jun 09, 2018
Сухангӯи вазорати дифои Афғонистон, ҳар гуна кумаки Русия ва Ҷумҳурии Исломии Эронро ба гурӯҳи Толибон рад кард.
-
Jun 07, 2018
Раисиҷумҳури Афғонистон аз 27-уми моҳи мубораки Рамазон ( 12июн) то панҷрӯз пас аз Иди Фитр, оташбас яктарафа эълом кард.
-
Jun 01, 2018
Дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи Созмони милал рӯзи ҷумъа эълом кард, ҳудуди чаҳор миллион нафар дар Афғонистон ба кумакҳои фаврии башардӯстона ниёзманд ҳастанд.
-
Май 30, 2018
Инфиҷори мошини бомбагузоришуда дар вилояти Лугар (шарқи Афғонистон) 9 кушта бар ҷой гузошт.
-
Май 29, 2018
Дар ҳамлаи нерӯҳои артиши Афғонистон ба вилояти Нангарҳор дар шарқи ин кишвар, 9 нафар аз наздикони Фазлҳодӣ Муслимёр, раиси Маҷлиси Сенат ҷон бохтанд.
-
Май 28, 2018
Шуморе аз аҳзоби сиёсии Афғонистон дар гирдиҳамоии эътирозӣ дар Кобул, тағйири низоми интихоботи парлумонӣ ва таъини саҳмияи мушаххас барои аҳзоби сиёсӣ дар парлумони ин кишварро зарурӣ донистанд.
-
Май 27, 2018
Бо вуҷуди талоши давлати Афғонистон барои ҷилавгирӣ аз фурӯши таслиҳот ва муҳимоти ҷангии неруҳои афғон ба мухолифон, аз ҷумла Толибон, ин мавзӯъ дар як соли ахир ба мушкили амниятӣ барои давлати ин кишвар табдил шудааст.
-
Май 22, 2018
Шумори қурбониёни инфиҷори мошини бомбгузоришуда дар вилояти Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон афзоиш ёфт.
-
Май 20, 2018
Толибон бо эъломи тарҳи ҷадиди афви умумӣ таъкид кард, дар сурате, ки нерӯҳои амниятии афғон ҳамкорӣ бо ҳукумати ваҳдати миллиро мутаваққиф кунанд, ҳадафи ҳамалоти ин гурӯҳ қарор нахоҳад гирифт ва амнияти онҳо низ тазмин мешавад.
-
Май 17, 2018
Шавкат Мирзиёев ва Доналд Трамп, раисони ҷумҳурии Узбакистон ва Амрико дар Кохи Сафед бо якдигар дидор ва масоили мухталифи Осиёи Марказӣ ва ояндаи Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
-
Май 17, 2018
Раисиҷумҳури Афғонистон аз гурӯҳи Толибон хост, ба эҳтироми моҳи убораки Рамазон, ба ҷангу куштор поён диҳад.
-
Май 08, 2018
Дар ноҳияи Фархор ҳаштумин постгоҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон, ки бо ибтикор ва ҳазинаи хориҷӣ сохта шудааст, ифтитоҳ гардид.
-
Май 07, 2018
Мақомоти қазоии Афғонистон як зани тоҷикро, ки ба талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ муттаҳам дониста мешуд, бо ду кӯдаки ноболиғаш ба Тоҷикистон истирдод кардаанд. Ба гузориши “Топ Тҷ”, хонум Хосият, ки ду сол қабл дар Афғонистон ба иттиҳоми пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ боздошт гардида буд, ба ҳамроҳи ду кӯдакаш ба Тоҷикистон истирдод шудааст.
-
Apr 26, 2018
Артиши Чин барои таҷҳизи неруҳои артиши Афғонистон эъломи омодагӣ кардааст.