Ҷустуҷу
-
Oct 02, 2018
Миллиардери ӯзбактбори сокини Русия тасмим гирифтааст барои рушди фарҳангӣ, динӣ ва иқтисодии зодгоҳаш, кишвари Ӯзбакистон кумак кунад.
-
Oct 01, 2018
Кайфияти поини ироаи хадамот, набуди зерсохтҳои зарурӣ ва монеаҳои дигар, ки ба тавсеаи гардишгарӣ осеб мезанад, ниёз ба ҳалу фасл дорад, то рушди ин бахш таъмин шавад.
-
Oct 01, 2018
Мирзобек Шарипов, декани риштаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ синфхона ба синфхона гашта, ба духтароне, ки дар сар рӯймол ва дар тан либоси тоҷикӣ доштанд, ҳушдор додааст, ки ё либоси аврупоӣ бипӯшанд ваё аз донишгоҳ ихроҷ хоҳанд шуд. "Инҷо шаҳр аст, на қишлоқ. Мисли кампирҳои 70-сола эзор пӯшидаед,”- таъна задааст декан ба духтарони донишҷӯ.
-
Sep 29, 2018
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳамвора мавзее интиқодӣ дар бораи тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ, ки дар июни 2015 байни Эрон ва гурӯҳи 1+5 аз ҷумла Амрико сурат гирифт, иттихоз карда ва онро монанди бадтарин тавофуқ талаққӣ кард. Саранҷом вай дар 8 майи 2018 хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ ва эъмоли муҷаддади таҳримҳои ҳастаӣ алайҳи Эрон дар август ва ноябри 2018 таъкид кард.
-
Sep 29, 2018
Раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон бар азму иродаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мубориза бо террористҳо ва ҳомиёни онҳо дар ин кишвар таъкид кард.
-
Sep 28, 2018
Дабири кулли Созмони Интерпол (пулиси байналмилал) дар паёме бо маҳкум кардани ҳамлаи террористӣ дар Аҳвоз, омодагии ин созмонро барои ҳамкорӣ бо Эрон барои мубориза бо терроризм эълом кард.
-
Sep 28, 2018
Сенатори демократи Амрико тарҳе ироа кард, ки дар сурати тасвиб, эъломи ҷанги ин кишвар бо Эрон, бидуни муҷаввизи конгресс мамнуъ мешавад.
-
Sep 27, 2018
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бозгашт аз Ню Йорк гуфт, амрикоиҳо аз нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳеч дастоварде надоштанд.
-
Sep 27, 2018
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, тарҳи ин иттиҳодия барои муқобила бо марҳалаи дувуми таҳримҳои Амрико зидди Эрон пеш аз ноябри оянда -замон иҷрои ин таҳримҳо оғоз мешавад.
-
Sep 27, 2018
Шаҳрванди Тоҷикистон як сокини Хабаровскро барои анҷом додани амали террористӣ дар Русия зери парчами ДИИШ омода намудааст.
-
Sep 27, 2018
Хонаводаи зани тоҷик, ки дар Ироқ ба иттиҳоми ҳамкори бо ДИИШ ба 20 сол зиндон маҳкум шудааст, аз мақомот мехоҳанд, ба бозгардондани навзоди ҳаштмоҳаи ӯ ба Тоҷикистон мусоидат кунанд.
-
Sep 26, 2018
Раисҷумҳури исломии Эрон терроризми такфирӣ ва дииширо бузургтарин хатар барои чеҳраи раҳмонии ислом донист.
-
Sep 26, 2018
Раиси Маркази зиддитеррористии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) аз тасмими гурӯҳи террористии ДИИШ барои таъсиси пойгоҳи ҷадид дар Осиёи Марказӣ хабар дод.
-
Sep 25, 2018
Раисҷумҳури Амрико имшаб дар суханронии худ дар Маҷмаи умумии Созмони милал гуфт: Амрико ба дунболи қатъи манобеи молии Эрон аст.
-
Sep 25, 2018
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии Эн Би Сии Амрико гуфт, дар сафар ба Ню-Йорк барномае барои дидор бо раиси ҷумҳурии Амрико надорад.
-
Sep 25, 2018
Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини ноҳияи Хуросонро ба иттиҳоми барангехтани кинаву адоват ва тавҳин ба акси раисҷумҳури Тоҷикистон, ба як соли зиндон маҳкум кард.
-
Sep 24, 2018
Бо вуҷуди барномарезӣ ва талошҳои зиёде, ки давлати Тоҷикистон барои худдорӣ аз хомфурӯшӣ ва коркарди ниҳоии пахта дар дохил доштааст, аммо ҳануз барои расидан ба ин ҳадаф фурсат ва имконоти молӣ лозим аст.
-
Sep 23, 2018
Муфтиҳои аъзами чаҳор ҷумҳурии Қирғизистон, Қазоқистон, Узбакистон ва Тоҷикистон дар Бишкек, ёддошти тафоҳумӣ пиромуни бозгушоии дубораи мадориси мазҳабии Осиёи Марказӣ имзо карданд.
-
Sep 23, 2018
Муқаррароти дарёфти тобеияти Русия барои мутахассисони ҳирфаии хориҷӣ аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон осон шуд.
-
Sep 21, 2018
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, иддаои Ники Ҳейли намояндаи Амрико дар Созмони милали муттаҳид мабнӣ бар дархосте аз сӯии Эрон барои мулоқот бо раиси ҷумҳурии Амрико дар ҳошияи нишасти маҷмаъи умумии ин созмонро хандадор донист ва онро рад кард.