Ҷустуҷу
-
Feb 07, 2019
Яке аз масъулони аршади Толибон дар музокироти ғайрирасмии Маскав гуфт: Ниме аз низомиёни Амрико то поёни апрели 2019 аз Афғонистон хориҷ мешаванд.
-
Feb 06, 2019
Раисҷумҳури Афғонистон раванди музокироти сулҳи ин кишварро бо гурӯҳи Толибон рӯ ба пешрафт хонд.
-
Feb 06, 2019
Гурӯҳи Толибон дар нишасти Маскав, ки бо ҳузури беш аз 70 тан аз раҳбарони сиёсии Афғонистон баргузор шуд, қонуни асосии ин кишварро бузургтарин монеи сулҳ баршумурд.
-
Feb 05, 2019
Вазири хориҷаи Русия гуфт: Маскав фаъолона аз ҳалли масъалаи Афғонистон аз тариқи гуфтугӯҳои байни худи афғонҳо бо мушорикати давлати Афғонистон ва Толибон ҳимоят мекунад.
-
Feb 05, 2019
Нишасти Русия дар бораи сулҳи Афғонистон имрӯз, сешанбе, дар Маскав оғоз мешавад.
-
Feb 04, 2019
Бисёре аз мардуми Афғонистон мӯътақиданд, дар сурати сулҳ бо Толибон ва бозгашти онон бисёре аз озодиҳои мардуми ин кишвар дубора маҳдуд хоҳад шуд.
-
Feb 03, 2019
Узви аршади тими музокиракунандаи Толибон бо Амрико аз омодагии ин гурӯҳ барои музокираи сулҳ бо аҳзоби сиёсӣ ва мазҳабии Афғонистон хабар дод.
-
Feb 02, 2019
Интишори ахбори зидду нақиз дар бораи ҳузури ДИИШ дар наздикии марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистон ва аҳдофи қудратҳои хориҷӣ аз тақвияти ин гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон, мавзӯи гузориши вижаи ҳамкоримон Некварз аст, ки мешунавед.
-
Jan 31, 2019
Муовини иқтисодӣ ва сармоягузории минтақаи озоди Чобаҳор (ҷануби шарқи Эрон) гуфт: Се бонки Афғонистон дархости эҷоди намояндагӣ дар минтақаи озоди Чобаҳор доданд, ки пас аз таи мароҳили идорӣ ва мувофиқати бонки марказӣ фаъолияташонро оғоз мекунанд.
-
Jan 29, 2019
Вазири дифои Италия дастури хурӯҷи нерӯҳои низомии ин кишвар аз Афғонистонро дар як соли оянда содир кард.
-
Jan 26, 2019
Сафири Русия дар Тоҷикистон ҳузури пойгоҳи низомии 201 –и Русияро аз муҳимтарин бахшҳои ҳамкории Душанбе ва Маскав дар пайи таҳдидҳои эҳтимолӣ аз Афғонистон арзёбӣ кард.
-
Jan 25, 2019
Чаҳорумин даври музокироти гурӯҳи Толибон бо Амрико дар Доҳа бо меҳварияти замони хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон идома ёфт.
-
Jan 24, 2019
Раиси иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон аз ҳузури низомиёни амрикоӣ дар кишвараш ҳимоят кард.
-
Jan 23, 2019
Раиси маркази мутолеоти роҳбурдии артиши ҷумҳурии исломии Эрон чаҳоршанбе гуфт: Гурӯҳи террористии ДИИШ бо ҳимояти Иморот ва Арабистон дар ҳоли ёргирӣ дар Афғонистон аст.
-
Jan 23, 2019
Ҳамкорамон Ғафурӣ дар гузорише вижа ба ин мавзуъ пардохтааст:
-
Jan 18, 2019
Раванди сабти номи номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ҳамчунон идома дорад.
-
Jan 16, 2019
Натоиҷи аввалияи интихоботи парлумонии Афғонистон, ки моҳи октябр баргузор шуда буд - пас аз се моҳ интизор бо эъломи натоиҷи ҳавзаи Кобул такмил шуд.
-
Jan 14, 2019
Вазири умури хориҷаи Афғонистон дар дидор бо ҳамтоёни узбек ва туркамани худ, равобити дуҷониба ва охирин таҳаввулоти амниятӣ дар ин кишварро мавриди баррасӣ қарор дод.
-
Jan 14, 2019
Камиссиони шикоёти интихоботии Афғонистон аз ботил кардани беш аз 14 ҳазор раъйи қалбакӣ дар вилояти Ҳирот хабар дод.
-
Jan 11, 2019
Як сиёсатмадори рус гуфт, Иёлоти Муттаҳида ба дунболи истифода аз Афғонистон ба унвони пойгоҳе барои оғози мудохила дар умури дохилии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аст.