Ҷустуҷу
-
Май 07, 2018
Дар ин видео ду меҳмони нохонда (мурғи сақо)ро мебинед, ки бо вуруд ба як ҷашни занги охир дар Колифорнияи Амрико маросимро вайрон карданд.
-
Май 06, 2018
Раисҷумҳури Фаронса бо ҳушдор ба хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ таъкид кард, ин иқдом муҷиби бесуботии минтақаи Ховари Миёна мешавад.
-
Май 06, 2018
Вазирони дифои Покистон ва Тоҷикистон идомаи бесуботӣ ва ноамниҳо дар Афғонистонро таҳдиди ҷиддӣ барои амнияти ду кишвар хонданд.
-
Май 06, 2018
Вазири хориҷаи собиқи ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Эрон дар ҳалли буҳрони Тоҷикистон бисёр муассир будааст.
-
Май 06, 2018
Санат Кашкомбоев дар Ҳамоиши байналмилалии уфуқҳои ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ дар Машҳад, иртибототи миёни кишварҳои минтақа ва Эронро ризоятбахш донист ва афзуд, иртиботи рейлии миёни Эрону Туркманистон, Қазоқистон ва ҳамчунин фаъолияти банодири эронии Бандараббос ва Чобаҳор дар таомулоти тиҷории Эрон бо минтақа бисёр муассир аст.
-
Май 06, 2018
Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар маросими таҷлил аз нимқарн хадамоти фарҳангӣ-адабии доктор Ёҳққӣ, устоди гурӯҳи забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад таъкид кард, доктор Муҳаммадҷаъфари Ёҳққӣ, нимқарн ҳаёти боарзиши худро ба Қуръонпажуҳӣ, Хуросоншиносӣ ва Фирдавсишиносӣ сарф кард.
-
Май 06, 2018
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба БАРҶОМ ва мавзеъгириҳои раиси ҷумҳурии Амрико, ҳушдор дод: Хуруҷи Трамп аз БАРҶОМ, пушаймонии таърихӣ барои Амрико дар пай хоҳад дошт.
-
Май 06, 2018
Муҳаққиқони улуми пизишкӣ дар донишгоҳи Оксфорд эълом карданд зиёд будани мизони равғани Омега-3 дар ғизо ба беҳтар шудани хоби инсон кумак мекунад.
-
Май 06, 2018
Ҳамидризо Бодакон намояндаи вазни 97 килограмми Эрон дар рақобатҳои байналмилалии куштии фарангии ҷавонони ҷоми «Жаксилика Ушкемпиров»-и Қазоқистон соҳиби медали нуқра шуд.
-
Май 05, 2018
Душанбе, пойтахти Тоҷикистон рӯзҳои сеюм ва чаҳоруми майи соли равон, мизбони Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” буд, ки дар ин ҳамоиш намояндагоне аз 46 кишвари ҷаҳон ҳузур доштанд.
-
Май 05, 2018
Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо раёсати Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва Маркази зидди террористии Созмони Милали Муттаҳид, дидору гуфтугӯ кард.
-
Май 05, 2018
Иттиҳодияи асҳоби расона дар Яман, таҳқиқот дар бораи ҷиноёти эътилофи мутаҷовизи Саудӣ, алайҳи асҳоби расона дар Яманро хостор шуд.
-
Май 05, 2018
Муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, барои решакан кардани терроризм, ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳамроҳ бо иродаи сиёсии ҷиддӣ ва низ тавофуқот ва созу корҳои минтақаӣ, зарурӣ аст.
-
Май 05, 2018
Сафири Олмон дар Душанбе дар дидор бо вазири фарҳанги Тоҷикистон хостори тақвияти равобити фарҳангии ду кишвар шуд.
-
Май 05, 2018
Давлати Русия дар баёниае бо таъкид бар инки БАРҶОМ созу кори мутаодил барои таъмини манофеи ҳамаи тарафҳост, ҳушдор дод, лағви ин тавофуқ зиёнбор хоҳад буд. Тибқи ин баёния, бар ҳам хурдани мувозинаи шиканндаи манофеъ дар БАРҶОМ, паёмадҳои ҷиддӣ барои амнияти байналмилалӣ ва низоми манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ хоҳад дошт.
-
Май 05, 2018
Тоҷикистону Қирғизистон баҳри татбиқи лоиҳаи СASA-1000 талошҳои муштарак хоҳанд кард.
-
Май 05, 2018
Анҷумани Озодандешони тоҷик (як созмони тозатаъсис ва мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон) пешниҳод кардааст, муҳлати призидентиро дар Тоҷикистон ба ду давраи панҷсола маҳдуд кунанд.
-
Май 05, 2018
Мудири идораи умури Осиё ва Австралия дар вазорати хориҷаи Ироқ гуфтааст, занони ҷангҷуи тоҷик, ки пас аз кушта шудани ҳамсаронашон, ба ҳамроҳи фарзандони хурдсол худ дар боздошт ҳастанд, ба зиндон маҳкум хоҳанд шуд.
-
Май 05, 2018
Додгоҳи ноҳияи Исфара дар вилояти Суғд як сокини 28 солаи ин минтақаро ба иттиҳоми узвият дар ДИИШ ва мушорикат дар даргириҳои Сурия ба 12 солу шаш моҳ зиндон маҳкум кард.
-
Май 05, 2018
Пас аз 7 сол вақфа ҳаракати нахустин қатори мусофирбарии роҳи оҳан аз шаҳри Кулоби Тоҷикистон ба Маскав, пойтахти Русия аз сар гирифта шуд.