Ҷустуҷу
-
Oct 18, 2016
Шохаи иншиобии гурӯҳи Толибон ба сурати машрут барои музокира бо давлати Афғонистон эъломи омодагӣ кард.
-
Oct 18, 2016
Нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман 40 мушак ба марокизи таҷаммуи низомиёни саудӣ шиллик карданд.
-
Oct 18, 2016
Ахиран ҳамоише бо мавзӯи "Ҷазби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон" дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки ин амр нишон медиҳад, фазои ҷазби сармоя дар ин кишвар ҳанӯз ҳам бо мушкилоти зиёде рӯбарӯст.
-
Oct 18, 2016
Мудирияти муваққати Бонки содироти Тоҷикистон, ки як сол аст бо мушкили пардохти манобеи молӣ ба муштариёнаш рӯбарӯст, дар дидор бо намояндагони Сандуқи Байналмилалии Пул дар Душанбе, роҳҳои хуруҷ аз ин буҳронро мавриди баррасӣ қарор дод.
-
Oct 18, 2016
Вазорати молияи Тоҷикистон қасд дорад, ки дар буҷети соли 2017-ум 3 миллион сомониро барои хариди инсулин ихтисос диҳад.
-
Oct 17, 2016
Синамогарони Ҷумҳури Исломии Ирон дар ҳафтумин ҷашнвораи байнаймиллалии филми “Дидор” дар Тоҷикистон ҳузури фаъол дошта, ҷойгоҳи вижае барои худ касб кардаанд.
-
Oct 17, 2016
Дар ҳоле, ки фишорҳо бар Амрико ба манзури поёни ҳимоятҳо аз ҷанги Арабистони Саудӣ алайҳи яманиҳо идома дорад, Ҷон Керрӣ рӯзи якшанбе бар лузӯми оташбаси фаврии ҷанг дар Яман таъкид кардааст.
-
Oct 17, 2016
Додгоҳи Баҳрайн маҳкумияти зиндони шайх Алӣ Салмон, фаъоли сиёсӣ ва дабири кулли ҷамъияти "Алвифоқ"-и ин кишварро лағв кард.
-
Oct 17, 2016
Намояндагони Тоҷикистон барои ширкат дар ҳафтумин Иҷлоси раисони гумрукоти кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО вориди Теҳрон шуданд.
-
Oct 17, 2016
Ҷашнвораи байналмилалии филми Дидори Тоҷикистон бо намоиши филми "Бародар", асари коргардони марҳуми тоҷик Бахтиёр Худойназаров ифтитоҳ шуд.
-
Oct 16, 2016
Раиси ҷумҳурии Русия, ки барои ширкат дар нишасти дурӯзаи БРИКС ба Ҳинд рафта буд, дар дидор бо нахуствазири Ҳинд гуфт, ки бояд ба Афғонистон барои мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир кӯмак шавад.
-
Oct 16, 2016
Кишварҳои Ҳинду Русия қарордодҳои таслеҳотии мушаки "С-400" ва новчаҳои болгардро ба имзо расониданд.
-
Oct 16, 2016
Вазорати хориҷаи Русия эълом кард, ки ширкаткунандагон дар Лозанна бар пойбандӣ ба Сурияи секулори якпорча таъкид карданд.
-
Oct 16, 2016
Намояндаи дафтари минтақаии ЮНЕСКО дар Теҳрон, гуфт, тадвини барномаи роҳбурдии гардишгарӣ ва баргузории коргоҳи мероси фарҳангӣ, аз муҳимтарин барномаҳои ЮНЕСКО, то поёни соли 2016 дар Теҳрон аст.
-
Oct 16, 2016
Порлумони Туркманистон, замони баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишварро рӯзи 12 феврал таъин кард.
-
Oct 15, 2016
Мақомоти Русия ба тозагӣ дархости Тоҷикистон барои эъзоми мураббиёни забони русӣ ба ин кишварро қабул карда ва таъкид кардаанд, Русия дар сурати таъмини имконоти рифоҳии ҳуқуқ ва мазоёи муносиб, ин дархости Душанберо иҷобат хоҳанд кард.
-
Oct 15, 2016
Вазорати умури хориҷаи Эрон эълом кард, вазъи асафбор ва ноамни Сурия, Яман, Баҳрайн, Ироқу Либия натиҷаи мудохилаҷӯии кишварҳое аст, ки дар Риёз ҷамъ шуда ва инак чораи сиёсатҳои шикастхӯрдаи худро дар муттаҳам сохтани дигарон ёфтаанд.
-
Oct 15, 2016
Муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон гуфт, ки гурӯҳҳое дар садади интиқоли 7500 узви гурӯҳаки террористии ДИИШ ба шимоли Афғонистон ҳастанд.
-
Oct 15, 2016
Созмони Афви байналмилал аз Ҳукумати Тоҷикистон хост, дар ҳукми маҳкумияти Бузургмеҳр Ёров ва Нуруддин Маҳкамов, вакилони дифои маҳкумшудаи Ҳизби наҳзати исломии мамнӯъшуда дар Тоҷикистон таҷдиди назар кунад.
-
Oct 14, 2016
Масъулони ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, рӯзҳои наздик маҳдудияти интиқоли барқ дар манотиқи Тоҷикистон ҷорӣ мегардад.