Ҷустуҷу
-
Mar 28, 2024
Режими саҳюнистӣ ба баҳонаи ташдиди эътирозҳо дар Қудси ишғолӣ ва Каронаи Бохтарӣ ва юриши эҳтимолии саҳюнистҳои ифротӣ ба Масҷидулақсо, аз бастани дарҳои вурӯдии ин масҷиди муборак дар рӯзҳои оянда хабар дод.
-
Mar 28, 2024
Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доими Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар маросиме, ки ба муносибати бузургдошти Рӯзи ҷаҳонии «ҷаҳони бе партов» баргузор шуд, ширкат ва суханронӣ кард.
-
Mar 28, 2024
Абдуҷаббор Раҳмонзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон бо Бахтиёр Саидов, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Узбекистон дидору гуфтугӯ кард.
-
Mar 27, 2024
Ҳомиёни Фаластин дар иёлати Каролинаи Шимолӣ монеи суханронии интихоботии раиси ҷумҳурии Амрико дар ин иёлат шуданд.
-
Mar 27, 2024
Ба иллати бархӯрди як киштии борӣ ба пули Фрэнсис Скотт Кей дар Балтимори Амрико, ин пул фуру рехт.
-
Mar 27, 2024
Барои ҷуброни фақри ҳаракати донишомӯзон, афзоиши 50 дарсадии саронаи варзишӣ, аз муҳиммтарин дастовардҳои вазорати омӯзиш ва парвариши Эрон (дар соле, ки гузашт), буд.
-
Mar 27, 2024
Масъуди Муродӣ, нозири довари AFC бо Роберто Манчини, сармураббии тими милли Арабистони Саудӣ мулоқот кард.
-
Mar 27, 2024
Ҷашни Наврӯз дар Сиринагари Кашмири таҳти контроли Ҳинд бо омадан баҳор ва Наврӯз баргузор шуд.
-
Mar 27, 2024
Мусобиқаи «Шоҳномахонӣ» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд.
-
Mar 26, 2024
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Наврӯзро асилтарину қадимитарин ҷашни ба ҷо монда аз даврони Эрони бостон донист ва гуфт, решаҳои ин ҷашн умқи таърих ва марзҳоро дарнавардида ва эрониёну тоҷиконро ба ҳам муттасил кардааст.
-
Mar 26, 2024
Ҷамъе аз мусулмонони Русия бо ҳузур дар макони ёдбуде, ки ба сурати худҷуш тавассути шаҳрвандон барои гиромидошти ёди ҷонбохтгони ҳамлаи террористии толори шаҳри Крокус дар муқобили ин толор эҷод шуда, бо эҳдои гул, ёди ин қурбониёнро гиромӣ доштанд.
-
Mar 26, 2024
Ҳодии Чӯпон-ноиб-қаҳрамони эронии Мастеролимпия ва дорандаи тилои Арнолд классик, ин гуна Наврӯзро ба порсигӯёни ҷаҳон шодбош мегӯяд.
-
Mar 26, 2024
Рӯзномаи "Арабниюс" (Арабистони саудӣ) бо интишори паёми табрики иди Наврӯз дар сафҳаи аввали худ даст ба иқдоми бесобиқа зад.
-
Mar 26, 2024
Байни муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи умумӣ, илмӣ ва фаннии Академияи улуми Русия дар минтақаи Сибир, тавофуқномае дар мавриди ҳамкории фаъолиятҳои пажӯҳишии илмӣ, созмонӣ, фарҳангӣ ва табодули таҷриба бар асоси фановарии китобхонаӣ имзо шуд.
-
Mar 25, 2024
Расонаҳои Русия гузориш доданд, ки донишомӯзи 15 солаи мусулмони рус боиси наҷоти ҷони беш аз сад нафар дар ҳамлаи террористӣ ба муҷтамаи тиҷории Крокус сити ҳол, дар наздикии Маскав - пойтахти Русия шуд.
-
Mar 24, 2024
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бори дигар таваққуфи ҳамалоти артиши Исроил ба минтақаи борикаи Ғазза ва барқарории оташбаси фаврӣ дар ин минтақаро хостор шуд.
-
Mar 24, 2024
Дар камтар аз як ҳафта ду инфиҷор ва ҳамлаи террористии ваҳшатноку маргбор дар Қандаҳори Афғонистон ва атрофи Маскав, пойтахти Русия ҷаҳонро такон дод.
-
Mar 24, 2024
Бахши Чендар (Chendar) дар устони Албурз ва шаҳристони Савоҷболағ (Savojbolagh) қарор дорад ва дар 13 километрии Караҷ қарор гирифта ва дорои бофти қадимӣ ва боғҳои фаровон аст, ки дар тамоми фусӯли сол бавижа баҳор ва тобистон метавонад пазироӣ гардишгарон бошад.
-
Mar 24, 2024
Қитъаи «Дилбаста», асаре аз оркестри якнафараи Маҳдии Атториён, муваффақ ба касби медали брунз дар мусобиқоти байналмилалии мусиқии «Global Music Awards» шуд.
-
Mar 23, 2024
Мудирикулли дафтари умури меваҳои сардсири ва хушки Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Рутбаи нахусти дунё дар сатҳи зеркишти боғоти писта ва ҷойгоҳи дувум дар тавлиди ин маҳсул ҳамчунон ба Эрон ихтисос дорад.