Март 28, 2024 11:33 Asia/Dushanbe
  • Ҷонибек Ҳикмат дар маросими Рӯзи байналмилалии «ҷаҳони бе партов» ширкат ва суханронӣ кард

Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доими Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар маросиме, ки ба муносибати бузургдошти Рӯзи ҷаҳонии «ҷаҳони бе партов» баргузор шуд, ширкат ва суханронӣ кард.

Ба гузориши сомонаи Ховар, намояндаи доими Тоҷикистон бар аҳаммияти ҳамкории муштарак бавижа иҷрои тааҳҳудоти муштарак бо ҳадафи иҷрои дастури кори 2030 барои тавсеаи пойдор, тавофуқномаи Порис ва соири асноди ҷаҳонии муртабит таъкид кард.

Ҷонибек Ҳикмат дар мавриди дастоварду барномаҳои давлату мақомоти муртабити Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси ширкатҳои кучаку бузурги коркарди партовҳо, коҳиш додани партовҳои пластикӣ, заминҳои танназулёфта, инчунин мушкилиҳои мавҷудаи кишвар дар ин манотиқ иттилооте ироа кард.

Ҳикмат дар поёни ин суханон бори дигари омодагии Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ бо ҳамаи тарафҳои зинафъ дар таъмини ҷомеаи босубот, тобовару фарогир эълом кард.

Ин ҳамоиш тавассути намояндагии доими Туркия, барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (UNEP) ва Барномаи зистгоҳи Созмони Милали Муттаҳид (UN - Habitat) баргузор шуд.

Пружаи «ҷаҳони бе партов», ки зери назари Амина Эрдуғон, ҳамсари Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия анҷом шуд, бо тасмими Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳимоят шуд.

Дар Маҷмаи умумии Созмони милал, ки дар 15 декабри 2022 баргузор шуд, қатъномаи «ҷаҳони бе партов» дар мавриди «тарвиҷи равишҳои зуболаи сифр барои дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаи пойдор» ироа шуда, тавассути Туркия ба 77-умин Маҷмаи умумии Созмони милал пазируфта шуд. Бо ин тасмим Маҷмаи умумӣ, 30 мартро ба унвони Рӯзи ҷаҳонии «ҷаҳони бе партов» эълом кард.

 

Барчасп