Ҷустуҷу
-
Nov 15, 2017
Бастагони Раҷабалӣ Одинаев, раиси боздоштшудаи ширкати сӯхтрасони “Умед-88” аз ташдиди бемории вай дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе ибрози нигаронӣ кардаанд.
-
Nov 15, 2017
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, ҳамдардии масъулон бо зилзилазадагон бояд дар арсаи амал ва кумак ба мардум бо қувват идома пайдо кунад то аз мушкилоту ранҷи мардум бикоҳад.
-
Nov 14, 2017
Як гурӯҳи вобаста ба ДИИШ масъулияти ҳамлаи интиҳорӣ дар ҷануби Яманро бар уҳда гирифт.
-
Nov 14, 2017
Дастёри фармондеҳи нерӯҳои ҳавзаи низомии марказии Русия гуфт, Маскав 40 фарванд ҳавопаймои бомбафкан, ҷангандаи шикорӣ ва чархболи низомӣ барои баргузории размоиши муштараки зиддитеррористӣ ба Тоҷикистон ирсол кард.
-
Nov 13, 2017
Нахуствазири Русия аз таҳримҳои якҷонибаи Амрико зидди Маскав интиқод кард.
-
Nov 13, 2017
Дар пайи вуқуи заминларзаи шадид дар ғарби Эрон ва ҷон бохтану захмӣ шудани шуморе аз мардум, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ паёме содир карданд.
-
Nov 12, 2017
Вазорати дифои Иморот аз имзоии қарордоде бо ширкати “Локҳид Мартин” ба арзиши 6 миллиард дирҳам (1.63 миллиард доллар) барои модернсозии ҷангандаҳои F 16-и худ хабар дод.
-
Nov 12, 2017
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз интиқоли 75 коргари муҳоҷири боздоштшудаи ин кишвар дар марзи миёни Русия ва Қазоқистон аз суи марзбонони русӣ ба баҳонаи нақзи қонуни муҳоҷирати ин кишвар ба Душанбе, хабар дод.
-
Nov 12, 2017
Интишороти “Истеъдод” дар шаҳри Душанбе ба поси хадамоти устоди марҳум Воҳид Асрорӣ, муассисс Донишкадаи рӯзноманигорӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ду маҷмӯаро таҳти унвонҳои “Устод Асрорӣ” ва “Пайкари накӯӣ” мунташир кард.
-
Nov 11, 2017
Раиси ҳизби Муҳози миллии Афғонистон аз сиёсатҳои нокоромади давлати Ашраф Ғанӣ интиқод кард.
-
Nov 11, 2017
Дар пайи боздошти даҳҳо мақом ва бозаргони хонаводаи салтанатии Арабистон, сарватмандони саудӣ барои ҷилавгирӣ аз баста шудан ва мусодира шудани амволи худ дар ҳоли интиқоли дороиҳои худ ба хориҷ аз Арабистон ҳастанд.
-
Nov 11, 2017
Ширкати Роҳи оҳани Русия барои воридоти мева ва сабзавоти Тоҷикистон то соли 2019 тахфифи 50 дарсадӣ эъто кард.
-
Nov 09, 2017
Беш аз 1 ҳафта боз муҳоҷирони тоҷики қатораи Маскав - Душанбе, ки дар истгоҳи Оқсарой-1 дар марзи Русия ва Қазоқистон аз қатора фароварда шуда буданд, ба хонаҳояшон баргашта наметавонанд.
-
Nov 09, 2017
Яке аз ифшогарони Ожонсии амнияти миллии Амрико (NSA) гуфт, ҳеч шоҳиду мустанаде дар бораи дахолати Русия дар ҳаки роёнаҳои Кумитаи миллии демократӣ вуҷуд надорад.
-
Nov 09, 2017
Дар Арбаини шаҳодати Саиду солори шаҳидон ҳазрати Абоабдиллоҳ Алҳусайн (а) ва асҳоби бовафои эшон, ҳусайнияи имом Хумайнӣ (р) мизбони ҳайъатҳои донишҷӯӣ аз саросари Эрон буд ва донишҷӯён ва донишгоҳиён дар ҳузури раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба азодорӣ пардохтанд.
-
Nov 08, 2017
Мақомоти Русия тамоюли чандоне ба бузургдошти садумин солгарди инқилоби болшевикии соли 1917-и ин кишвар, ки оғозгари ҳокимияти ҳафтодсолаи коммунизм бар Русия маҳсуб мешавад, нишон надодаанд ва сирфан маросиме маҳдуд бо ҳузури мақомоти на чандон матраҳ баргузор шуд.
-
Nov 07, 2017
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар бораи пиёдаравии “Арбаини ҳусайнӣ” гуфтанд, пиёдаравии “Арбаини ҳусайнӣ” яке аз ҳаводиси бисёр барҷастае аст, ки Худои мутаол дар ихтиёри пайравону алоқамандони аҳли байти исмату таҳорат (а) қарор додааст.
-
Nov 07, 2017
Вазири умури дохилии Русия аз муқобила бо вуқӯи ҳамлаи интиҳории гурӯҳи террористии ДИИШ дар наздикии як истгоҳи метро дар Маскав хабар дод.
-
Nov 07, 2017
Вакили мудофеи масъулони боздоштшудаи ширкати сӯхтрасони “Умед 88” гуфт, далели умдаи ба мавқеъ бозпардохт нашудани қарзи ин ширкат ба Ҷамъияти саҳҳомии хоси нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун камбуди манобеи молӣ будааст.
-
Nov 06, 2017
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон бо ҳадафи дидору гуфтугӯ бо мақомоти Душанбе, барои аввалин бор ба Тоҷикистон сафар мекунад.