Ҷустуҷу
-
Май 23, 2021
Вазорати хазонадории Амрико рӯзи ҷумъа, 21 май, се ширкат ва 13 киштии Русияро, ки дар такмили пружаи интиқоли гази Русия ба Олмон дар чорчуби пружаи Норд Стримм 2 мушорикат доранд, таҳрим кард.
-
Май 23, 2021
Дмитрий Песков, сухангуи Кремлин дар иртибот бо таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи тарҳи интиқоли гази Русия ба Олмон мавсум ба Норд Стрим 2 гуфт: Ҳарфу амали онҳо дар иртибот бо музокирот ва рафъи ихтилофот бо ҳам мутазод аст. Онҳо дар бораи равобит ва музокироти дуҷониба дар ҳарф як чиз мегӯянд ва дар амал хилофи он рафтор мекунанд.
-
Май 22, 2021
Намояндагони демократи Амрико ифшо карданд, ки бо хурӯҷи нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон 50 миллиарддоллар аз ҳазинаҳои артиши Иёлоти муттаҳида дар амалиёти бурӯнмарзӣ озод мешавад.
-
Май 19, 2021
Даҳҳо нафар аз мардуми Амрико дар эътироз ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластин дар муқобили консулгарии ин режим дар Ню-Йорк даст ба тазоҳурот заданд.
-
Май 18, 2021
Вазири умури хориҷаи Эрон дар Твиттер навишт: "Ҳангоме ки лавозимоти ҷангии сохти Амрико ба болои фаластиниҳои бегуноҳ рехта мешавад, Амрико 735 миллион доллари дигар аз мушакҳои нуқтазанро ба режими саҳюнистӣ дод то кӯдаконро бо диққати бештаре бикушад."
-
Май 17, 2021
Амрико як пойгоҳи низомии дигари худ дар шарқи Афғонистонро ба артиши ин кишвар вогузор кард.
-
Май 16, 2021
Давлати Русия феҳристи кишварҳои ғайридӯсти ин кишварро тайид кард, ки номи Амрико ва Чехия дар он қарор дорад ва дастуруламали марбут ба тайиди ин феҳрист дар пойгоҳи интернетии иттилооти ҳуқуқии Русия мунташир шудааст.
-
Май 16, 2021
Шӯрои равобити амрикоӣ–исломӣ ( CAIR ) ба далели мавзеи давлати Байден дар қиболи Исроил ва афзоиши хушунатҳои ин режим дар навори Ғазза маросими ҷашни иди солонаи Кохи Сафедро таҳрим кард.
-
Май 14, 2021
Ҳамзамон бо эъломи хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, Амрико бузургтарин пойгоҳи худро дар ҷануби ин кишвар тахлия кард.
-
Май 12, 2021
Нерӯи вижаи артиши Афғонистон эълом кард, пойгоҳи амрикоии Мурҳед (Moorhead)дар наздикии Кобул тахлия ва ба давлати Афғонистон таҳвил дода шуд.
-
Май 12, 2021
Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки ин кишвар метавонад ба як шарт барои хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон кумак кунад.
-
Май 11, 2021
Муовини дастёри вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, Вашингтон омодааст барои ҳалли мусолиматомези таниши марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳар кумаки лозимеро ироа кунад.
-
Май 11, 2021
Вазорати дифои Узбекистон рӯзи сешанбе эълом кард, ба кишварҳои хориҷӣ ва Амрико иҷозаи сохти пойгоҳи низомиро дар ин кишвар намедиҳад.
-
Май 11, 2021
Нишасти Шӯрои Амният дар бораи авзои Қудс рӯзи душанбе 10 май бидуни натиҷа хотима ёфт. Ба гуфтаи дипломатҳо дар СММ, ҷаласаи Шӯрои Амният бидуни тавофуқ дар бораи матни муштарак ба поён расид, аммо Иёлоти Муттаҳида интишори изҳороти умумӣ дар бораи таҳаввулоти охиринро дар ин марҳила мувофиқ надонист.
-
Май 10, 2021
Мудири маркази таҳлилии Авруосиё дар Маскав иддаои нашрияи амрикоии Волл Стритт Журналро дар бораи тамюли Амрико барои интиқоли низомиёни худ аз Афғонистон ба Тоҷикистонро ғайривоқеӣ арзёбӣ кард.
-
Май 10, 2021
Дар пайи ташдиди танишҳо миёни Вашингтон ва Маскав, бархе гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки Иёлоти Муттаҳида дар садад аст нерӯҳоеро, ки аз Афғонистон хориҷ мекунад бори дигар дар кишварҳои ҳамҷавор бо Русия мустақар кунад.
-
Май 10, 2021
Рӯзномаи Вол Стрит Журнал навишт, Иёлоти Муттаҳида тарҷеҳ медиҳад, пас аз хориҷ шудан аз Афғонистон, нерӯҳо ва таҷҳизотро ба Узбакистон ё Тоҷикистон мунтақил кунад.
-
Май 09, 2021
Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар вокуниш ба сеюмин соли хурӯҷи Амрико аз Барҷом, дар тветте навишт, ки дар 3 соли гузашта як далғаки сиёҳрӯ таъаҳҳудоти Амрико ба Барҷом ва қатъномаи 2231-ро поймол кард .
-
Май 04, 2021
Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико дар тозатарин изҳороташ дар бораи Афғонистон, пешбинии огоҳони умурро собит кард, ин кишвар қасди хурӯҷи комил аз Афғонистонро надорад.
-
Май 02, 2021
Вашингтон пост дар гузорише аз ташдиди хушунатҳои хонаводағӣ дар пайи афзоиши машрубот, аз замони ҳамагирии корона хабар дод.