Ҷустуҷу
-
Jun 12, 2017
Вазири умури хориҷаи Қатар аз ироаи пешниҳоди содироти густардаи анвои маҳсулоти ғизоӣ ба ин кишвар аз тарафи Эрон ва Русия хабар дод.
-
Jun 12, 2017
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме, фарорасидани Рӯзи миллии Русияро ба давлат ва миллати ин кишвар табрик гуфт.
-
Jun 12, 2017
Тими милли волейболи Эрон дар охрин дидор аз ҳафтаи дувуми Ҷоми ҷаҳонии волейболи 2017, баробари тими миллии Аргентина қарор гирифт ва ин тимро шикаст дод.
-
Jun 11, 2017
Намояндагони утоқи бозаргонӣ ва саноеи Русия дар Эрон, дар дидор бо мудир омили минтақаи озоди Анзалӣ (шимоли Эрон), бар тавсеаи ҳамкориҳои тиҷории ду кишвар бо истифода аз зарфиятҳои ин минтақа таъкид карданд.
-
Jun 10, 2017
Қарордоди хариди 30 адад ҳавопаймои «Боинг 737» байни ширкати ҳавопаймоии "Осмон"-и Эрон ва ширкати амрикоии Боинг дар Теҳрон имзо шуд.
-
Jun 09, 2017
Маҳкумияту ҳаводиси террористии рӯзи чаҳоршанбеи Теҳрон ва таслиятгӯӣ ба ҳукумату миллати Эрон аз сӯйи кишварҳову шахсиятҳои байналмилалӣ ҳамчунон идома дорад.
-
Jun 09, 2017
Вазири умури хориҷии Эрон дар Остонаи Қазоқистон бо раисҷумҳури ин кишвар ва низ бо раисҷумҳури Афғонистон дидор кард.
-
Jun 09, 2017
Ғуломризо Тоҷгардун, намояндаи мардуми шаҳристони Гачсорон дар Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон видеоеро аз вазъияти дафтари кории худ дар парлумон баъд аз ҳодисаи террористӣ мунташир кардааст.
-
Jun 09, 2017
Имоми ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба ҳаводиси террористии ахир гуфт, миллати Эрон аз террор ҳаросе надорад ва ҳамчунон муқовим аст.
-
Jun 08, 2017
Барои аввалин бор филми лаҳзаи вуруди террористҳои такфирии ДИИШ ба Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон пахш шуд.
-
Jun 08, 2017
Дар пайи ҳамалоти террористии рӯзи гузашта дар Теҳрон, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёме ба ҳамтои эрониаш бо давлату миллати Эрон ибрози ҳамдардӣ кард.
-
Jun 08, 2017
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ шаби гузашта дар дидори ҷамъе аз донишҷӯён бо ишора ба ҳамалоти террористии Теҳрон таъкид карданд, чунин ҳаводис ҳеч халале дар иродаи миллату масъулони Эрон ба вуҷуд нахоҳад овард.
-
Jun 07, 2017
Ҳусайни Зулфиқорӣ, муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Эрон дар ташреҳи чигунагии вуруди террористҳо ба сохтмони Маҷлиси Эрон гуфт: Террористҳо бо пушиши либоси занона аз дари умумӣ ворид шуданд. Ин дар маҳалли вуруди шаҳрвандонест, ки бо намояндагони маҷлис қарори мулоқот доранд.
-
Jun 07, 2017
Хабаргузории вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ имрӯз бо интишори баёнияе масъуляти ҳамалот ба Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва ҳарами имом Хумайнӣ (р)-ро бар уҳда гирифт. ДИИШ бо интишори филме 24 сонияӣ аз дохили яке аз утоқҳои сохтмони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон муддаӣ шуд, амалиёти террористиаш дар Парлумони Эрон идома дорад. Ин дар ҳолест, ки манобеи амниятии Эрон аз поёни амалиёти террористӣ дар маҷлис ва кушта шудани террористҳо хабар доданд.
-
Jun 07, 2017
Лаҳазоти тирандозии террористҳо аз дохили Маҷлиси Эрон
-
Jun 07, 2017
Як рӯзномаи кувайтӣ иддао кард, ки Арабистони Саудӣ ва кишварҳое, ки равобити онон бо Қатар қатъ шудааст, барои Доҳа 10 шарт барои бозгашти равобит ба шароити оддӣ таъйин кардаанд, ки дар садри онҳо қатъи равобит бо Эрон аст.
-
Jun 06, 2017
Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо интиқод аз тасмими раисҷумҳури Амрико барои хурӯҷ аз тавофуқномаи Париж гуфт, Амрико беш аз ҳама дар эҷоду тавсеаи газҳои гулхонаӣ нақш доштааст.
-
Jun 06, 2017
Як мақоми масъул дар ширкати фурӯдгоҳҳои Эрон эълом кард: Аз имрӯз тамоми парвозҳои хутути ҳавоии Қатар барои тараддуд ба Африқо ва Аврупо аз осмони Эрон убур хоҳанд кард.
-
Jun 06, 2017
Вазири умури хориҷа дар вокуниш ба тасмими бархе кишварҳои арабӣ ба қатъи муносиботи дипломатӣ бо Қатар, дар паёме твиттерӣ бар лузуми музокира барои ҳалли ихтилофот таъкид кард.
-
Jun 05, 2017
Раиси Иттиҳодияи содиркунандагони маҳсулоти кишоварзии Эрон эъломи омодагӣ кард, анвои маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизоиро аз тариқи роҳи обӣ ва се бандари Эрон ба Қатар содир кунад.