Ҷустуҷу
-
Sep 27, 2017
Шабакаи телевизионии “Русия ал-Явм” даргузорше аз ҳузури як духтари 16- солаи тоҷикистонӣ дар урдугоҳи нигаҳдорӣ аз бозмондагони гурӯҳи ДИИШ дар Ироқ хабар дод, ки сарпарастии панҷ кӯдаки дигарро бар ӯҳда дорад.
-
Sep 24, 2017
Вазири умури хориҷаи Русия эълом кард, кишвараш дар бораи тавқифи амволи дипломатии Русия дар Амрико, шикоят хоҳад кард.
-
Sep 21, 2017
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар суханронии хеш дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, сафирони ривоҷи фарҳанги Эрон шоирон, орифон ва ҳакимоне чун Мавлоно, Ҳофиз ва Саъдӣ ҳастанд.
-
Sep 19, 2017
Эрон ба ҳар он чӣ, ки дар тавофуқномаи назорату ҳифз, протколи иловагӣ ва БАРҶОМ омадааст, мутаҳҳид аст ва беш аз ин уҳдадориеро барои худ лозим намедонад.
-
Sep 18, 2017
Дар идомаи мавҷи таҳдидоти амниятии рӯзҳои гузашта, афроди ношинос тайи тамос бо полиси Маскав аз бомбагузорӣ дар 9 дафтар ва сохтмони идории ин шаҳр хабар доданд.
-
Sep 16, 2017
Дар пайи ҷиноёти артиш ва буддоиҳои ифротии Миёнмор зидди мусулмонони руҳингиёӣ ва фирори онон ба самти Бангладеш, ҳайати эъзомии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар урдугоҳи мусулмонон дар манотиқи марзии Бангладеш ва Миёнмор ҳузур ёфт.
-
Sep 14, 2017
Дар ду ҳамлаи террористӣ дар устони Зиқор дар ҷанубу шарқи Ироқ, дастикам 137 тан кушта ва захмӣ шуданд.
-
Sep 10, 2017
Сарони кишварҳои исломӣ дар баёнияе бар зарурати поён бахшидан ба хушунатҳо, ирсоли кумакҳои инсондӯстона ва ҳамчунин расидагӣ ба вазъи оворагони мусулмони миёнморӣ, таъкид карданд.
-
Sep 06, 2017
Баргузории нахустин намоишгоҳи маҳсулоти санъатии Тоҷикистон як моҳ ба таъхир афтод.
-
Sep 06, 2017
40 адад мағоза бар асари оташсӯзӣ дар бозори ноҳияи марзии Панҷ дар вилояти Хатлон, комилан тахриб шуд.
-
Sep 03, 2017
Бадунболи хориҷ шудани модаи заҳрноки “аммиак” аз мошини интиқоли маводи як корхона дар шаҳри Садирут, дар ҷануби Фаластини ишғолӣ, режими саҳюнистӣ дар минтақа ҳолати омодабош эълом кард.
-
Sep 01, 2017
Раисҷумҳури Сурия намози Иди Қурбонро дар минтақаи ал-Қаламуни Ғарбӣ иқома кард.
-
Aug 30, 2017
Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, хостори лағви фармони Вазорати маориф ва илми ин кишвар дар мавриди оғози соли таҳсилии ҷадид дар марокизи омӯзишии ин ҷумҳурӣ, дар аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳамзамон бо Иди Қурбон шуд.
-
Aug 29, 2017
Марги дилхароши 10 мусофир бар асари суқути як мошини “Старекс” ба рӯди Шоҳдара, дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон мавҷи густурдаи ҳамдардиҳоро дар фазои маҷозӣ эҷод кардааст.
-
Aug 28, 2017
Раиси бахши Бадахшонии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз мардуми ин кишвар даъват кард, рӯзи аввали сентябр, рӯзи умуми миллии нофармонии маданӣ эълом шавад.
-
Aug 27, 2017
Созмони Милали Муттаҳид шароити 10 ҳазор кӯдакро, ки дар шаҳри Раққаи Сурия дар муҳосираи ДИИШ гирифтор шудаанд, вахим эълом кард.
-
Aug 27, 2017
Коршиноси мустақили равобити Русия ва Тоҷикистон дар мавриди ҳалли мушкили дарёфти нафақаи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия, ибрози тардид кардааст.
-
Aug 26, 2017
Ҳодисаи гаравгонгирӣ дар қисми нерӯи марзбонии Тоҷикистон, мустақар дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон, бо кушта шудани омили ин иқдом ва захмӣ шудани гаравгон ба поён расид.
-
Aug 26, 2017
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи наздикони духтари 8 -солаи тоҷике ба номи Марям аст, ки дар яке аз парваришгоҳҳои Бағдод аз сӯйи гузоришгарони шабакаи телевизионии “Раша Тудей” шиносоӣ шудааст.
-
Aug 25, 2017
Бар асари инфиҷори террористии зуҳри имрӯз дар масҷиде дар минтақаи Хайрхонаи шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон 4 тан шаҳид шуд.