Ҷустуҷу
-
Sep 09, 2018
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме фаро расидант солгарди истиқлоли ҷумҳурии Тоҷикистонро ба давлат ва миллати ин кишвар табрик гуфт.
-
Sep 08, 2018
Дар остонаи фаро расидани ҷашни бистуҳафтумин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон, раисони ҷумҳурии Русия, Чин, Ӯзбакистон ва Амрико бо ирсоли номаҳои ҷудогона, солгарди Истиқлоли ин кишварро ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфтанд.
-
Sep 08, 2018
Иқтисодшинос ва корманди аршади Фарҳангистони улуми Тоҷикистон муътақид аст, ки таҳримҳои ҷадиди Амрико ва Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир хоҳад расонд.
-
Sep 07, 2018
Дар дидори дирӯзи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Сюй Силян, муовини раиси Шӯрои маркази низомии Чин масоил марбут ба густариши ҳамкориҳои фаннӣ-низоми миёни ду кишвар, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
-
Sep 06, 2018
Туркманистон барои транзити колоҳои марбут ба Тоҷикистон, мамониат эҷод кардааст ва иллати ин иқдоми якҷонибаи худро тавзеҳ надодааст, ки боиси ҳадсу гумоназаниҳо дар ин бора шудааст.
-
Sep 05, 2018
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз мақомоти Ишқобод хостааст, ки барои ҳалли мушкили мутаваққиф шудани мошинҳои боркаш ва автобусҳои ин кишвар дар гузаргоҳҳои марзии Туркманистон мусоидат кунад.
-
Sep 05, 2018
Филми мустанаде бо унвони “Гирдоб” дар бораи ҳодисаи ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ сешанбешаб аз телевизиони давлатии Тоҷикистон пахш шуд.
-
Sep 05, 2018
Ба муносибати таҷлили ҷашни истиқлолият, сирки давлатии Тоҷикистон аз 8 то 10 сетябр барои тамошобинон барномаҳои нави ҳунарӣ пешинҳод хоҳад кард.
-
Sep 05, 2018
Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи ислоҳи Қонуни мубориза бо фасоди молиро ба Маҷлиси намояндагони ин кишвар ироа кардааст, ки бар асоси он кормандони давлат муваззаф ба таҳияи листи амвол ва дороиҳои худ хоҳанд шуд ва дар сурати махфикорӣ аз мақоми хеш барканор мешаванд.
-
Sep 04, 2018
Тоҷикистон дар моҳи июли гузашта содироти барқ ба Узбакистонро чаҳор баробар афзоиш дод.
-
Sep 03, 2018
Нашрияи инглисии “The Telegraph” ,Тоҷикистонро мазҳабитарин кишвар дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ кардааст.
-
Sep 02, 2018
Дар фарҷоми кори Ҳамоиш ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Тоҷикистон-сарзамини сайёҳӣ» 32 санади ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Корея, Австрия, Чин, Қазоқистон ва Давлати Кувайт ба имзо расонида шуданд, ки аз амалӣ гардидани ҳадафи аслии чорабинии мазкур шаҳодат медиҳад.
-
Sep 02, 2018
Додгоҳи шаҳри Душанбе як шаҳрванди Тоҷикистонро дар пайи шикояти мудирики ширкати чинӣ, банои бар ғасби корхонаи вай бо роҳи тақаллуби ҳуҷҷат ба 8 сол зиндон маҳкум кард.
-
Sep 01, 2018
Имрӯз якуми сентябр, Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлил аз "Рӯзи дониш" ва оғоз соли нави таҳсил ширкат кард.
-
Aug 29, 2018
Раиси ноҳияи Фархор дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон мегӯяд, авзои ин минтақаро фаъолияти гурӯҳҳои қочоқчиёни маводи мухаддири афғонистонӣ ноором мекунад.
-
Aug 29, 2018
Раиси Шӯрои Федератсияи Русия дар остонаи оғози соли таҳсилии нав бо муаллимони равонаи сафар ба Тоҷикистон дидор кард.
-
Aug 28, 2018
Афзоиши солонаи қарзҳои хориҷӣ барои иқтисоди Тоҷикистон хатарсоз шудааст.
-
Aug 28, 2018
Коршиноси Маркази омӯзиши масоили Афғонистони муосир дар Русия муътақид аст, ки истиқрори Толибон дар марз бо Тоҷикистон барои бахши гардишгарӣ ва амнияти Тоҷикистон хатарсоз мебошад.
-
Aug 27, 2018
Мақомоти Тоҷикистон иддао дар бораи бомбборон кардани қаламрави таҳти назорати Толибон дар Афғонистонро рад карданд.