Ҷустуҷу
-
Jan 13, 2020
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон дар вокуниш ба твитти форсии Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико дар Твиттер тасреҳ кард, дастҳо ва забонҳое, ки ба таҳдид, таҳрим ва террори мардуми Эрон олудааст, ҳақ надоранд забони куҳани форсиро биёлоянд.
-
Jan 13, 2020
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами инқилоби исломӣ якшанбешаб дар дидори шайх Тамим бин Ҳамд оли Сонӣ амири Қатар ва ҳайати ҳамроҳ таъкид карданд, шароити кунунии минтақа беш аз пеш ниёзманди тақвияти иртибототи кишварҳои минтақа ва таъсир напазируфтан аз илқоъоти бегонагон аст.
-
Jan 12, 2020
Вазири умури хориҷаи Покистон, имрӯз якшанбе дар оғози сафар ба Эрон, ибтидо вориди шаҳри Машҳад ва ба зиёрати ҳарами Имомо Ризо (а) рафт.
-
Jan 12, 2020
Вазири умури хориҷаи Эрон, ки ба намояндагӣ аз давлати Эрон барои ширкат дар маросими гиромидошти султони фақиди Уммон ба Маскат сафар кардааст бо Султон Ҳайсам бин Ториқ подшоҳи нави ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.
-
Jan 12, 2020
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Амрико дар чорчуби сиёсатҳои зидди эронии ин кишвар тасреҳ кард, ки роҳбурди Вашингтон инзово (канорагирӣ)-и депломатик ва иқтисодии Эрон аст.
-
Jan 11, 2020
Дар пайи ҳамлаи ваҳшиёнаи саҳюнистҳо ба каронаи Бохтарӣ даргирии шадид миёни онҳо ва шаҳрвандони фаластинӣ дар гирифт
-
Jan 10, 2020
Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар гуфтугӯи телефонӣ охирин вазъияти марзҳои ду кишварро баррасӣ карданд.
-
Jan 09, 2020
Раҳбари католикҳои ҷаҳон, хештандории Амрико ва Эронро барои коҳиши танишҳо дар ғарби Осиё хостор шуд.
-
Jan 09, 2020
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, муҳосиботи ғалат ва зиёнбори Амрикоро ношӣ аз нотавонии ин кишвар дар шинохт аз Эрон ва минтақа донист ва таъкид кард, Иттиҳоди Аврупо бояд бо иттихози мавозеи мустақил аз Вашингтон, иҷоза надиҳед Эрон комилан аз Аврупо маъюс шавад.
-
Jan 09, 2020
Расонаҳои ғарбӣ ба тадриҷ ба ҳаҷми таҳқири амрикоиҳо дар амалиёти мушакии Эрон иқрор мекунанд.
-
Jan 07, 2020
Иқдомоти Амрико дар минтақаи ғарби Осиё, бавижа афзоиши қобили мулоҳизаи ҳузури низомӣ, ташдиди фишорҳо ба Эрон ва билохира анҷом додани иқдомоти террористӣ вокуниши шадиди Русияро барангехтааст.
-
Jan 07, 2020
Нашрияи амрикоии "Форин полиси" гузориш дод, давлати Амрико сафари вазири умури хориҷии Эрон ба Ню-Йорк ба манзури ширкат дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро мамнуъ кард.
-
Jan 07, 2020
Яке аз мақомоти Вазорати дифои Амрико иддао кард, ки Эрон тай 24 то 36 соати оянда иқдоми талофиҷӯёнаи худ дар қиболи террори шаҳид Ҳоҷ Қосими Сулаймониро амалӣ хоҳад кард.
-
Jan 07, 2020
Вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар ин ки поёни ҳузури шаруронаи Амрико дар минтақаи ғарби Осиё оғоз шудааст гуфт, пайёмадҳои террори мақоми баландпояи низомии Эрон, дер ё зӯд гиребони Амрикоро аз шарқ то ғарби олам хоҳад гирифт.
-
Jan 07, 2020
Мақомоти Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон эълом карданд, метавонанд дар сол аз рӯдхонаи Вахш 37 миллиард киловат соат барқ тавлид кунанд.
-
Jan 06, 2020
Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба ҳузури миллионҳо нафар аз мардуми Эрон дар ташйиъ(видоъ)-и шаҳидони ҷинояти ахири Амрико гуфт: “Поёни ҳузури шайтонии Амрико дар ғарби Осиё оғоз шудааст”.
-
Jan 06, 2020
Шабакаи хабарии ПрессТВ ба нақл аз манобеи иттилоотии низомӣ эълом кард, амрикоиҳо дар ҳоли фирор аз минтақаи ғарби Осиё ҳастанд.
-
Jan 05, 2020
Вазири умури хориҷаи Эрон дар идомаи ройзаниҳои сиёсӣ ва дипломатии худ бо мақомот ва бархе ҳамтоёни худ дар бораи ташҳавулоти пас аз шаҳодати сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, телефонӣ гуфтугӯ кард.
-
Jan 05, 2020
Сафири Швейтсария дар Теҳрон ба унвони ҳофизи манофеи Амрико, дар паи изҳороти хасмонаи раисҷумҳури Амрико алайҳи Эрон тавассути муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон эҳзор ва эътирози Теҳрон ба вай иблоғ шуд.
-
Jan 05, 2020
Раҳбари Ҳизби Ватани Туркия таъкид кард: Сардорони рашиди ислом, шаҳид сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва шаҳид Абӯлмаҳдӣ Алмуҳандис, шуҳадои меҳвари муқовимат ҳастанд.