Ҷустуҷу
-
Oct 30, 2018
Сафорати Тоҷикистон дар Олмон бо ҳузур дар ҳамоиши сайёҳии «Ҷодаи Абрешим» дастовардҳои гардишгарӣ ва фурсатҳои ҷазби сармоягузорӣ дар иқтисоди ин кишварро муаррифӣ кард.
-
Oct 30, 2018
Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон бо дархости Кумитаи молиёти ин кишвар фаъолият беш аз 20 ширкати тиҷории марбут ба шаҳрвандони Эронро қатъ кард.
-
Oct 29, 2018
Бонки Ҷаҳонӣ мӯътақид аст, ки 20 дарсад аз ҷамъияти Тоҷикистон зери хатти фақр ҳастанд, вале мақомоти ҳукуматӣ ин шохисро 27 дарсад медонанд.
-
Oct 29, 2018
Сухангӯи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон эълом кард, ки генерал Файзулло Гадоев, мудири пешин раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддири ин вазоратхона ба таври ғоибона ба зиндон маҳкум шудааст.
-
Oct 29, 2018
Рӯзҳои 24 то 26 октябр дар шаҳри Маскав «Ҳамоиши вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои иҷтимоӣ–башардӯстонаи Русия ва Тоҷикистон», бо ҳадафи густариши равобити Русия ва Тоҷикистон баргузор шуд.
-
Oct 29, 2018
Консерти муштараки устоди Шаҳроми Нозирӣ ва устод Давлатманд Холов ду устоди бузурги мусиқии эронӣ ва тоҷик, 24 феврал и2019 дар Лондон баргузор мешавад.
-
Oct 28, 2018
Иттиҳоди Аврупо дар баёнияе аз мақомоти Тоҷикистон хост, маҳдудияти сайтҳои хабарӣ ва шабкаҳои иҷтимоиро дар ин кишвар бартараф кунад.
-
Oct 28, 2018
Як шаҳрванд Тоҷикистон дар маҳаллаи Оқсаройи шаҳри Истамбули Туркия дар пайи тирандозӣ кушта шудааст.
-
Oct 27, 2018
Фриконси пахши барномаҳои субҳгоҳии радиои тоҷикии Садои Хуросон аз рӯзи чаҳоршанбе 31 октябр, тағйир мекунад.
-
Oct 27, 2018
Муовини Кумитаи умури илм ва фарҳанги Шӯрои Федератсияи Русия дар умури илм, омӯзиш ва фарҳанг гуфт, Маскав барои сохти 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистон 6 миллиард рубл ба ин кишвар кумак мекунад.
-
Oct 27, 2018
Коршиноси Бонки Ҷаҳони муътақид аст, ки табдил кардани Тоҷикистон ба як кишвари пешрафтаи саноатӣ ва кишоварзӣ бар асоси Барномаи рушди роҳбурдии ин кишвар то соли 2030 кори сахте хоҳад буд.
-
Oct 27, 2018
Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ба даври чорякниҳоии футболи қаҳрамонии Осиё-2018 роҳ ёфт.
-
Oct 26, 2018
Мақомоти Тоҷикистон барои нахустин бор дар таърихи равобити ин кишвар бо Русия хостори таъсиси мактаби тоҷикӣ дар пойтахти федератсияи Русия шуданд.
-
Oct 25, 2018
Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои баландтарин низомҳои молиётӣ дар ҷаҳон аст ба тавре, ки дар Ҷомеаи ҳамсуд низ аз ин манзар дар радифи нахуст қарор дорад. Коршиносон молиёти сангинро монеи ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисоди Тоҷикистон медонанд.
-
Oct 25, 2018
Ҳабиб Нурмуҳаммедов, варзишкори номии Доғистон дар дидор бо Ҳоҷӣ пиёда ба мухлисони тоҷики худ, салом расонда ва аз онон сипосгузорӣ кардааст.
-
Oct 25, 2018
Саҳифаи ҷавонони Тоҷикистон дар шабакаи Фейсбук гузорише аз телевизиони Тулуи Афғонистон мунташир кардааст, ки аз муваффақияти Кабир Ҳайдарӣ, қории тоҷиктабори афғонистонӣ ҳикоят мекунад.
-
Oct 25, 2018
Муовини ёвари вазири хориҷаи Амрико дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Душанбе гуфт, ҳукумати Тоҷикистон тасмим надорад, дар Бадахшон даст ба анҷоми амалиёти вижаи қудратӣ бизанад.
-
Oct 25, 2018
Тоҷикистон аз идораи таҳқиқоти федерали Амрико FBI даъват кардааст, ки дар таҳқиқи парвандаи ҳамлаи муҳоҷимон ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ кумак кунад.
-
Oct 25, 2018
Тавлиди семент дар Тоҷикистон то поёни сентябр дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта беш аз 28 дарсад афзоиш нишон медиҳад.