Ҷустуҷу
-
Jan 20, 2020
Дар натиҷаи ҳаффориҳои режими саҳюнистӣ дар Қудси ишғолӣ, девори10 манзили мутааллиқ ба фаластиниҳо дучори харобиҳои шадид шудааст.
-
Jan 20, 2020
Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба рафторҳои ғайри муваҷҷаҳ ва ғайриқонунии аврупоиҳо дар қиболи БарҶОМ таъкид кард, агар парвандаи Эрон ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ирҷоъ шавад, хурӯҷи Теҳрон аз Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ (NPT) матраҳ хоҳад буд.
-
Jan 20, 2020
Сафири Русия дар Бейрут дар дидор бо раисиҷумҳури Лубнон бар ҳамбстагии Маскав бо Бейрут дар шароити кунунӣ таъкид кард.
-
Jan 20, 2020
Мақомоти Узбакистон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар шаҳри Тошкан қарордоди сармоягузорӣ ба маблағи 600 миллиондоллар имзо карданд.
-
Jan 20, 2020
Ба дастури раисиҷумҳури Узбакистон ширкати ҷадиди ҳавопаймоии «Ҳумо Эйр» дар ин кишвар таъсис мешавад.
-
Jan 20, 2020
Вазорати саноат ва фанновариҳои ҷадиди Тоҷикистон эълом кард, порсол тавлиди семент дар ин кишвар нисбат муддати мушобеҳи соли қабл 400 ҳазор тон афзоиш доштааст.
-
Jan 20, 2020
Вируси бемории асроромезе, ки шабоҳати зиёде ба зотурия (пневмония) дорад, ба тадреҷ дар шаҳрҳои мухталифи Чин паҳн шудааст.
-
Jan 20, 2020
Нахуствазири Покистон ба Диҳлии Нав ҳушдор дод дар сурати идомаи ҳамла ба хати контроли Кашмир бо посухи Исломобод ру ба ру хоҳад шуд.
-
Jan 20, 2020
Муовини дуввуми раиси ҷумҳурии Афғонистон гуфт, ҳадафи тарҳи Толибон барои коҳиши ҳамлаҳо, фирор аз сулҳи воқеӣ ва фиреби ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
-
Jan 20, 2020
"Дар сурати рафтори ғайриодилонаи Аврупо дар истифода аз "механизми ҳалли ихтилоф дар БарҶОМ", Эрон тасмими ҷиддӣ дар ҳамкорӣ бо Ожонси байналмиллалии энергии атомӣ мегирад."
-
Jan 20, 2020
“Осиёи марказӣ, Қафқоз дар ҳафтае ки гузашт”, корест аз гуруҳи сиёсии радиои тоҷикии Садои Хуросон. Шавқмандон ба вижабарномаҳои сиёсӣ метавонанд ин барномаро якшанбеҳо аз Садои Хуросон бишунаванд.
-
Jan 20, 2020
Севвумин давраи мусобиқоти ҷаҳонии варзишҳои зӯрхонаӣ ва паҳлавонӣ имрӯз дар шаҳри Буҷнурд маркази вилояти Хуросони Шимолии Эрон оғоз шуд.
-
Jan 20, 2020
Ҳукумати Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни тасҳили сармоягузории ширкатҳои хориҷӣ қасд дорад илова бар манобеи молии пешбинишуда дар будҷети 2020 заминаи ҷазби қарзҳои хориҷиро барои такмили нерӯгоҳи Роғун фароҳам кунад.
-
Jan 20, 2020
Як корманди полиси ноҳияи Турсунзода ба иттиҳоми шиканҷаи сокини ин минтақа дар маҳалли Додгоҳи олии Тоҷикистон боздошт шуд.
-
Jan 19, 2020
Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз наҳваи баргузории интихобот дар Тоҷикистон дар гузашта интиқод карда ва аз эҳтимоли ширкат накардани нозирони узви ин созмон дар интихоботи парлумонӣ, дар марти оянда хабар додааст.
-
Jan 19, 2020
Рӯзномаи кувейтии "Алқабс" ҷузъиёте дар робита бо захмӣ шудани низомиёни амрикоӣ дар ҳамлаи мушакии Эрон ба "Айнуласад" ва интиқоли ин низомиён ба кишвари Кувейт мунташир кард.
-
Jan 19, 2020
Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳудуди 40 сол пазирои ҷамъияти азиме аз паноҳандагон бавижа атбои Афғонистон буда ва акнун амодаи интиқоли таҷрибиёти худ дар ин замина ба дигар кишварҳо аст.
-
Jan 19, 2020
Вазири умури хориҷаи Олмон бо интиқод аз сиёсатҳои зиддиэронии Кохи Сафед, сиёсати фишори ҳаддиаксарии Вашингтонро бенатиҷа донист.