Ихтори тахлияи 10 хонаи фаластинӣ дар Қудс ба далели ҳаффориҳои режими саҳюнистӣ
(last modified Mon, 20 Jan 2020 14:55:41 GMT )
Январ 20, 2020 19:55 Asia/Dushanbe
  • Ихтори тахлияи 10 хонаи фаластинӣ дар Қудс ба далели ҳаффориҳои режими саҳюнистӣ

Дар натиҷаи ҳаффориҳои режими саҳюнистӣ дар Қудси ишғолӣ, девори10 манзили мутааллиқ ба фаластиниҳо дучори харобиҳои шадид шудааст.

Дар ҳамин заминаи режими саҳюнистӣ ба сокинони 10 манзили фаластинӣ дар маҳаллаи Боб Ал Силсилаи Қудси ишғолӣ ихтори тахлия додааст.

Аданон Ғайс, устондори Қудси ишғолӣ эълом кард, резишҳо ва шикофҳо дар сохтумонҳои ин маҳалла натиҷаи ҳаффориҳо ва тахрибҳои шаҳраксозиҳои саҳюнистӣ аст.

Вазорати хориҷаи Ташкилоти худгардон дар чаҳордаҳуми моҳи ҷории милодӣ (январ) хостори ташкили Кумитаи ҳақиқатёб дар заминаи ҳаффориҳои мазкур шуда буд.

Созмонҳои ҳуқуқӣ ва байналмилалии фаластинӣ эълом кардаанд, режими саҳюнистӣ ба баҳонаи муҷаввиз ҷилави сохту сози фаластиниҳо дар Қудсро мегирад ва бисёре манозилро ба баҳонаи ҳамин маҷбур тахриб мекунад.

Чанде пеш Маркази додаҳо дар бораи ҳуқуқи башар дар сарзаминҳои ишғолӣ эълом кард, соли ҷории милодӣ 140 манзил дар Қудси ишғолӣ тахриб шуда, ки дар тӯли понздаҳ соли ахир бесобиқа аст

 

 

Барчасп