Ҷустуҷу
-
Dec 26, 2018
Маъмурони фурудгоҳи байналмилалии “Минеральные Воды” дар шимоли Қафқоз, як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми интиқоли ғайриқонунии арзҳои хориҷӣ боздошт кардаанд.
-
Dec 25, 2018
Ахиран Теҳрон, пойтахти ҷумҳурии исломии Эрон мизбони Иҷлоси созмони минтақаии ЭКО буд.
-
Dec 25, 2018
Алиҷон Аҳмадов, роҳбари собиқи шуъбаи ҲНИТ дар Панҷакент рӯзи 25 декабр аз боздоштгоҳи Хуҷанд озод шуда, ба манзилаш ба деҳаи Дашти Қозӣ баргаштааст.
-
Dec 25, 2018
“Табли суқут” филми мустанаде кӯтоҳ ва диданӣ дар бораи гурӯҳҳои такфирии террористӣ аст, ки ба тозагӣ аз шабакаи хабари Эрон пахш шудааст.
-
Dec 25, 2018
Кумитаи омори Тоҷикистон дар паи таҳқиқоти пизишкӣ ва ҷамъиятшиносӣ аз коҳиши маргу мири кӯдакон дар саросари ин кишвар дар солҳои ахир хабар дод.
-
Dec 25, 2018
Дувумин Комиссияи муштараки низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия бо ҳузури мақомоти низомии ду кишвар дар Теҳрон баргузор шуд.
-
Dec 25, 2018
Бо вуҷуди тавлиди 716 ҳазор ҷуфт кафш тайи 11 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бозор кафши ин кишвар дар ихтиёри ширкатҳои хориҷие, ки воридкунандаи ин маҳсул ҳастанд, қарор гирифтааст.
-
Dec 24, 2018
Манобеи наздик ба тафтиши парвандаи ошӯби хунини шаби 7 ноябр дар маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷанд мегӯянд, то имрӯз даст доштани ҳудуди 60 маҳбус дар он ошӯб мушаххас карда шуда, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятии нав оғоз кардаанд. Сино Ҳасанзода, роҳбари собиқи шуъбаи ҲНИТ дар Панҷакент, ки се сол пеш боздошт ва ба 15 соли зиндон маҳкум шуда буд, низ аз саркардагони ошӯб қаламдод мешавад ва ӯро ба СИЗО гузарондаанд.
-
Dec 24, 2018
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Қирғизистонро дар Тоҷикистон Рустенбеков Жаниш қабул намуд.
-
Dec 24, 2018
Бостоншиносон аз кашфи бақоёи як урдугоҳи низомии марбут ба даврони зимомдории дувумин шоҳи силсилаи Ҳахоманишӣ дар шимоли Фаластини ишғолӣ хабар додаанд.
-
Dec 24, 2018
Вазири улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон рутбаи 16 тавлиди илм ва рутбаи аввали суръати рушди тавлидот илмиро дар ҷаҳон доро аст.
-
Dec 24, 2018
Маъракаи таҳрими колоҳои саудӣ бо мушорикати фаъолони расонаӣ аз бархе кишварҳои араби минтақа дар маҳкумияти эътилофи саудӣ-амрикоии мутаҷовиз ба Яман, роҳандозӣ шуд.
-
Dec 24, 2018
Шумори ҷон бохтагони вуқӯи Сунамӣ дар Индонезия ба 222 нафар афзоиш ёфт.
-
Dec 24, 2018
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, муздурони Саудӣ дар 24 соати гузашта, 47 бор оташбаси эълом шуда дар бандари Ал Ҳудайдаи Яманро нақз карданд.
-
Dec 24, 2018
Тайи 18 соли ахир дар Тоҷикистон номи 1 ҳазору 113 минтақаи ҷуғрофӣ аз ҷумла як вилоят, 7 шаҳр, 23 ноҳия, 17 шаҳрак, 98 фармондорӣ ва 966 русто тағйир кардааст.
-
Dec 24, 2018
Як мақоми Вазорати дифои Афғонистон аз фаъол шудани аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ дар наздикии марзҳои ин кишвар бо Тоҷикистон, ибрози нигаронӣ кард.
-
Dec 23, 2018
Шуҳрат Шамсиддинов, як корманди собиқи ШВКД Ашт, ки бо иттиҳоми шиканҷаи узви собиқи ҲНИТ Комил Хоҷаназаров дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди Қирғизистон боздошт шудааст.
-
Dec 23, 2018
Шумори зиёде аз шахсиятҳои маъруф ва намояндаҳои Конгресси Амрико, бо ирсоли паёмҳое дар Твиттер аз раисҷумҳури Амрико хостаанд, аз симматаш канорагирӣ кунад.
-
Dec 23, 2018
Эъломи тасмими Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар бораи хурӯҷи нерӯҳои Амрико аз Сурия вокунишҳои манфии мутааддидеро чӣ дар давлати вай ва чӣ дар арсаи дохилии Амрико барангехтааст.