Ҷустуҷу
-
Mar 16, 2019
Фардо (якшанбе) даҳуми раҷаби 1440 ҳиҷрии қамарӣ мусодиф бо 17-уми марти 2019, солрӯзи вилодати бо саодати имом Муҳаммад Тақӣ (а), набера ҳазрати Муҳаммад (с) аст.
-
Mar 07, 2019
Рӯзи ҷумъа аввали моҳи раҷаби соли 1440 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 8 марти 2019, хуҷаста солрӯзи вилодати бо саодати имом Муҳаммади Боқир (а), набераи гаронқадри Паёмбари гиромии Ислом (с) аст.
-
Feb 25, 2019
Фардо сешанбе ҳафтуми исфанди 1397 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо бистуми ҷимоди ус-сонии соли 1440 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 26 феврали 2019, хуҷаста солрӯзи вилодати босаодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с), духтари Паёмбари гиромии Ислом (с) аст.
-
Feb 09, 2019
Маросими азодории солрӯзи реҳлати ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) духтари гаромии ҳазрати Муҳаммад (с) ва ҳамсари ҳазрати Алӣ (раз) бо ҳузури густурдаи азодорон дар саросари Эрони исломӣ баргузор шуд.
-
Feb 08, 2019
Фардо севуми ҷимодиюссонии 1440 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо нӯҳуми феврали 2019 солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) духтари гиромии ҳазрати Муҳаммад (с) паёмбари гиромии Ислом ва ҳамсари амири муъминон Алӣ ибни Абитолиб (а) аст.
-
Feb 01, 2019
Маросими бузургдошти чиҳилумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ аз имрӯз (ҷумъа), ҳамзамон бо солрӯзи вуруди таърихии Имом Хумайнӣ (раҳ) бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон ба кишвар, дар саросари Эрони исломӣ оғоз шуд.
-
Dec 25, 2018
Имрӯз, 25 декабри соли 2018 солрӯзи милоди фархундаи ҳазрати Исои Масеҳ (а) аст.
-
Dec 17, 2018
Фардо, (сешанбе), 10-уми рабеуссонии 1440-и ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 18-уми декабри 2018 солрӯзи вафоти ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) аст.
-
Nov 15, 2018
Рӯзи ҷумъа 16 ноябр баробар бо ҳаштуми рабеъ-ул аввали 1440 мусодиф бо солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ҳасани Аскарӣ (а) аст.
-
Nov 07, 2018
Панҷшанбе 29-уми сафари 1440 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо ҳаштуми ноябри 2018, солрӯзи шаҳодати ҳазрати Ризо (а), набераи гиромии Паёбари ислом (с) аст.
-
Oct 04, 2018
Фардо 25 муҳаррами 1440 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 5 октябри 2018 милодӣ ба ривояте мусодиф бо солрӯзи шаҳодати имом Саҷҷод(а) аз наберагони поки ҳазрати Расул (с) аст.
-
Sep 08, 2018
Имрӯз шанбе (17-уми шаҳривари соли 1397 ҳиҷрии шамсӣ, 8 сентябри 2018) сорӯзи қиёми 17 шаҳривари соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ, 8 сентябри 1978 ва куштори ҷамъе аз мардуми инқилобии Эрон ба дасти маъмурони режими паҳлавӣ аст.
-
Aug 19, 2018
Дар солрӯзи шаҳодати панҷумин ситораи осмони имон, ҳидоят ва небераи бузургвори Расули Худо (с) ҳазрати имом Муҳаммад Боқир (а) ҷаҳони Ислом бавижаи Эрони исломӣ, якпорча сиёҳпӯш ва азодор аст.
-
Jul 24, 2018
Эрони исломӣ ба хусус шаҳри Машҳади муқаддас дар шаби милоди имом Ризо (а), олими оли Муҳаммад (с) ғарқ дар нур ва шодӣ аст.
-
Jul 14, 2018
Эрони исломӣ дар шаби солрӯзи вилодати ҳазрати Фотимаи Маъсума (а), хоҳари ҳазрати имом Ризо (а) ғарқ дар шодӣ аст.
-
Jun 05, 2018
Имшаб шаби бистуякуми моҳи Рамазон, дуввумин шабе, ки гумон меравад, шаби қадр бошад ва шаби шаҳодати ҳазрати Алӣ (а), имоми аввали шиаёни ҷаҳон аст.
-
Jun 04, 2018
Имрӯз душанбе чаҳордаҳуми хурдоди 1397 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо чаҳоруми июни 2018 мусодиф бо сивумин солрӯзи реҳлати ҳазрати имом Хумайнӣ (р), бунёнгузори кабири ҷумҳурии исломии Эрон аст.
-
Май 25, 2018
Эрони исломӣ дар шаби солрӯзи вафоти ҳазрати Хадиҷа (с) ҳамсари гиромии Паёмбари Ислом (с) сиёҳпӯш аст.
-
Май 24, 2018
Фатҳи Хуррамшаҳр, шаҳре дар ҷануби ғарби Эрон, ойинаи гуёе аз таърих ва ҷуғрофиёи дифои муқаддас ва ҷиҳоди огоҳона ва шуҷоати мазлумонаи миллати Эрон аст.
-
Май 15, 2018
Иқдоми режими саҳюнистӣ дар куштори ваҳшиёнаи фаластиниҳо рӯзи душанбе (14 май), ки бо фазосозии Амрико аз тариқи баргузории маросими ифтитоҳи сафорати Амрико дар Байтулмуқаддас дар ҳафтодумин солгарди ишғоли Фаластин ҳамроҳ буд, беш аз пеш мазлумияти мардуми бедифои Фаластинро намоён кард.