Ҷустуҷу
-
Mar 22, 2017
Раиси ҷумҳурии Эрон дар номае ба Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, бо қадрдонӣ аз баёноти роҳкушои муаззамуллаҳ дар нахустин рӯзи соли нав, ки мояи дилгармии ҳамаи ходимони миллат ва фаъолони иқтисодӣ шуд, таъкид кард, нахустин ҷаласаи давлат дар соли ҷадид, ба тақсими кори миллӣ барои ҷаҳиш дар тавлиди дохилӣ ва афзоиши шуғл ихтисос хоҳад ёфт.
-
Mar 22, 2017
Рӯзи 21-уми марти соли 2017 дар мақарри Созмони милали муттаҳид Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Стивен О,Брайан, муовини дабири кулли Созмони милал дар умури башардӯстӣ дидор кард.
-
Mar 21, 2017
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии исломӣ дар паёме оғози соли 1396-и ҳиҷрии шамсиро ба миллати бузурги Эрон ва хонаводаи бузурги эрониён дар саросари ҷаҳон табрик гуфт”.
-
Mar 21, 2017
Сафорати Амрико дар Душанбе аз баргузории размоиши муштарак байни ин кишвар ва Тоҷикистон хабар дод.
-
Mar 21, 2017
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон хотирнишон кард, ҳамонгуна, ки Раҳбари муаззами инқилоб фармуданд, Эрон бар аҳди худ пойбанд аст ва аҳдшиканӣ намекунад, аммо агар Амрико бадаҳдии худро ба ҳадде бирасонад, ки идомаи БАРҶОМ бар хилофи манофеъи миллии эрониён бошад, Эрон омодагии бозгашт ба шароити қабл аз БАРҶОМ-ро дорад.
-
Mar 21, 2017
Маросими ҷашни Наврӯз бо ҳузури сафири Эрон дар Англис, коркунони сафорат ва бахши консулӣ, ба ҳамроҳи хонаводаҳои онҳо дар Лондон баргузор шуд.
-
Mar 20, 2017
Гулназар Келдӣ, шоири тоҷик дар Наврӯз маҳфили шеър баргузор кард.
-
Mar 20, 2017
Маросими ҷашни Наврӯз ва Солрӯзи валодат босаодати духтари гиромии набии мукаррами Ислом- ҳазрати Фотима (с) ва Рӯзи зан, якшанбешаб бо ҳузури эрониёни муқими Малайзия - ҷамъе аз молоиҳо ва шаҳрвандони Афғонистон дар Куала-Лумпур баргузор шуд.
-
Mar 20, 2017
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёме ба муносибати оғози соли 1396-и ҳиҷрии шамсӣ, бо баёни ин ки барои Эроне сарбаланд - бояд дар канори якдигар бошем, таъкид кард: Соли ҷадиди ҳиҷрии шамсӣ, соли пешрафти бештар барои миллати азиз ва шуғли бештар барои ҷавонони Эрон хоҳад буд.
-
Mar 19, 2017
Ҷамъе аз намояндагони Маҷлиси миллии Афғонистони бори дигар бознигарӣ дар паймони амниятии Кобул-Вашингтонро хостор шуданд.
-
Mar 19, 2017
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Қарор додани зан ба сурати матоъ дар ҷаҳони ғарб, ба эҳтимоли зиёд ҷузъи тавтеаҳои саҳюнистҳо бо ҳадафи нобуд кардани ҷомеаи башарӣ аст.
-
Mar 18, 2017
Маркази субти омори хушунатҳои таслиҳотӣ дар Амрико, гузориш дод, бар асари тирандозӣ дар нуқоти мухталифи ин кишвар, 20 нафар кушта шуданд.
-
Mar 18, 2017
Холида Раҷабова, як зани 34-солаи тоҷик, ки дар Арабистони Саудӣ дар дари хонаи як зани араб хидматгорӣ мекунад, мегӯяд, ки дар як шароити ғуломӣ қарор дорад. Холида аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳад, ки ӯро аз ин асорат раҳо карда, пеши фарзандаш ба Душанбе баргардонанд.
-
Mar 18, 2017
Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим гуфт, баъди даъвати тирамоҳӣ ба сабаби даст задан ба иҳотагирӣ ё «облава» ва ба аскарӣ бурдани ҷавонони бемор аз 73 комиссари низомии шаҳру ноҳия 51 нафарашро барканор кардаанд. Азим Иброҳим талаб кардааст, ки ба чунин усули ғайриқобили қабули даъвати ҷавонон ба артиш хотима диҳанд.
-
Mar 17, 2017
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, сукут дар баробари куштори мусалмонон дар ҷаҳон, аз ҷумла Мянмар ва ҷиноёти Арабистони Саудӣ дар Яман, эътибори ин ниҳодҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башарро аз байн бурдааст.
-
Mar 16, 2017
Гузориши Беҳрӯзи Саидхоҷа: Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз вазири ҷадиди тандурустии ин кишвар хостааст ки барои решакан кардани фасод ва ришвахорӣ дар низоми тандурустии Тоҷикистон иқдом кунад.
-
Mar 16, 2017
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз вазири тандурустии ин кишвар хост то қотеона алайҳи густариши фасод дар бахши беҳдошт мубориза кунад.
-
Mar 16, 2017
Ҳамоиши байналмилалии бузургдошти ҳамосасарои бузурги Эрон- ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ пас аз се рӯз дар шаҳри Лоҳури Покистон ба кори худ поён дод.
-
Mar 16, 2017
Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони милали муттаҳид барои ғарби Осиё рӯзи чаҳоршанбе бо интишори гузорише, Исроилро ба таҳмили “режими опортойд” бар фаластиниён муттаҳам кард.
-
Mar 16, 2017
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, эъмоли таҳримҳои Амрико зидди Эрон дар буъди сиёсӣ ва иқтисодӣ барои онҳо натиҷае комилан маъкус хоҳад дошт.