Ҷустуҷу
-
Feb 10, 2017
Роҳпаймоии миллионии сивуҳаштумин Солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон субҳи имрӯз (ҷумъа, 10 феврал), ҳамзамон дар Теҳрон ва ҳазорон шаҳру русто дар саросари Эрони исломӣ баргузор шуд.
-
Feb 09, 2017
Имоми ҷамоати масҷиди Маккии Зоҳидон, ки аз муҳимтарин масоҷиди аҳли суннат дар Эрон аст, аз мардуми ин кишвар хост, бо ҳузур дар роҳпаймоии 22-юми баҳман посухи изҳороти зиддиэронии раисҷумҳури Амрикоро бидиҳанд.
-
Feb 09, 2017
Муҳимтарин вижагии Инқилоби Исломии Эрон мардумӣ будани он аст, ки на давлати шоҳаншоҳии вақти Эрон тавонист муқобили ин инқилоб муқовамат кунад, на абарқудратҳои ҷаҳонӣ тавонистанд аз бурузи чунин рӯйдод ҷилавгирӣ намоянд.
-
Feb 09, 2017
Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ахиран, дар додгоҳҳои ин кишвар ба ҷурми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ ба муддати тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шудаанд.
-
Feb 09, 2017
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як тоҷикистонии узви ДИИШ-ро ба 15 соли зиндон маҳкум кард.
-
Feb 09, 2017
Раисиҷумҳури Сурия дар дидор бо ҳайате аз маҷлиси Думои Русия гуфт, авзои Сурия ҳамонтавр, ки Димишқ ва Маскав барномарезӣ карда буданд, дар ҳоли пешравӣ аст.
-
Feb 09, 2017
Сафири Русия дар Эрон гуфт, ду кишвар тавофуқномаи сафари гурӯҳҳои гардишгарии бидуни ниёз ба раводидро имзо хоҳанд кард.
-
Feb 09, 2017
Як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷурми талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба ҳафт сол зиндон, маҳкум шуд.
-
Feb 09, 2017
Муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар дидор бо сармоягузорон, фаъолони бахши хусусӣ ва ниҳодҳои молии қатарӣ дар Давҳа бо муаррифии тарҳҳои сохти чанд неругоҳи барқи обии нав дар ин кишвар аз онон даъват кард, ки дар ин пружаҳо сармоягузорӣ намоянд.
-
Feb 08, 2017
Беҳрӯзи Саидхоҷа: Мақомоти пажуҳишгоҳи рушди улуми вобаста ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин вазоратхона тарҳеро барои оғози соли таҳсилӣ аз аввали моҳи август ироа карда, ки ҳамакнун дар ҳоли баррасӣ аст.
-
Feb 08, 2017
Муҳаммадюсуф Юсуфӣ: Дархости Иттиҳоди Аврупо барои мушорикат дар бозсозии Сурия, ки Башшор Асад онро машрут кардааст, зимни инки паёмҳое барои Сурия дорад, ҳокӣ аз такрори як таҷрубаи торихии кишварҳои аврупоӣ аст.
-
Feb 08, 2017
Ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр”, изҳороти ахири мудирияти ширкати “Тоҷиксуғурта”-ро мабнӣ бар суғурта нашудани мусофирони ин ширкати ҳавопаймоӣ беасос хондааст.
-
Feb 08, 2017
Раисони ҷумҳурии Туркия ва Амрико дар гуфтугӯи телефонӣ бар зарурати тақвияти равобити дуҷониба таъкид карданд.
-
Feb 08, 2017
Муовини ҳуқуқии раисҷумҳури Эрон бо ишора ба дастбурди ду миллиард долларии Амрико ба амволи Эрон гуфт: Сабти шикояти Эрон дар додгоҳи Лоҳа алайҳи Амрико нишон медиҳад, ки ин мавзуъ қобили пайгард аст.
-
Feb 08, 2017
Сухангӯи неруҳои марзбонии Тоҷикистон аз таҳияи нақшаи роҳбурдии муштарак бо Қирғизистон барои пешгирӣ аз танишҳои марзии байни ду кишвар хабар дод.
-
Feb 08, 2017
Вазорати молияи Тоҷикистон аз ихтисоси 138 миллион доллар барои бозпардохти қарзҳои хориҷии ин кишвар хабар дод.
-
Feb 07, 2017
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ: Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон дар дидор бо масъулони шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе таъкид кард, бояд шеваи хидматрасонӣ ба мардум тағйир кунад ва талафоти фаннии барқ коҳиш ёбад.
-
Feb 07, 2017
Бо ҳузури раисҷумҳури Эрон баргузидагони ҷоизаи Китоби соли ҷумҳурии исломӣ муаррифӣ шуданд ва мавриди таҷлил қарор гирифтанд.
-
Feb 07, 2017
Шояд то ба ҳол ҳарфҳои зиёде дар бораи ҳимоятҳои Амрико аз гурӯҳҳои таррористӣ ва ҳатто нақши Амрико дар эҷоди Алқоида ва баҳрабардорӣ аз гурӯҳҳои террористӣ, барои аҳдофи мудохилаҷуёна шунида бошем, аммо мавзуи пардохт ва дарёфти ришва, ҳикояти ҷадиде дар миёнаи баҳсҳои пурравнақ дар бораи терроризм ва мубориза бо терроризм аз навъи амрикоӣ аст.
-
Feb 07, 2017
Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим аз энергетикҳои кишвар тақозо намуд, ки тарзи кор дар мавриди хизматгузорӣ ба аҳолиро тағйир дода, ба коҳиши ҳаҷми талафоти нерӯи барқ муваффақ гарданд.