Ҷустуҷу
-
Jun 27, 2019
Натоиҷи ҷадидтарин назарсанҷӣ дар Амрико нишон медиҳад, ҳудуди 60 дарсади мардуми ин кишвар аз амалкарди раисиҷумҳурашон бавижа дар сиёсати хориҷӣ, норозӣ ҳастанд.
-
Jun 27, 2019
Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Афғонистон, иддаоҳо ва иттиҳомоти беасоси вазири хориҷаи Амрикоро алайҳи Эрон бино бар нақши Теҳрон дар тахриби раванди сулҳи Афғонистон рад кард.
-
Jun 27, 2019
Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон дар Семинари байналмилалии «таҳримҳои якҷониба ва осори онҳо», ки дар Вена баргузор шудааст, таъкид кард, Амрико вориди ҷанги иқтисодӣ бо Эрон шудааст.
-
Jun 26, 2019
Дар поёни шашумин давр аз музокироти Толибон ва Амрико эълом шуд, ки ҷонибҳо барои таҳияи пешнависи тарҳи созиши Толибон ва Вашингтон, ки мароҳили хуруҷи низомиёни Амрико аз Афғонистон, оташбаси умумимиллӣ ва оғози музокироти байнулафғониро шомил мешуд, ба тавофуқ расиданд.
-
Jun 26, 2019
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳадафи аслии пешниҳоди Амрико барои музокираро “халъи силоҳи миллат ва ҳазфи авомили иқтидори Эрон” унвон карданд.
-
Jun 25, 2019
Муовини вазири умури хориҷии Русия гуфт, Вашингтон барои расидан ба ҳадафи гуфтугӯ бо Теҳрон бояд дар рафтори худ таҷдиди назар кунад.
-
Jun 25, 2019
Раисҷумҳури пешини Амрико эътироф кард, ки то кунун тамоми ҷангҳои Амрико ғайризарурӣ ва бефоида будааст.
-
Jun 25, 2019
Нахуствазири Русия рӯзи душанбе дар нишасти хабарии муштарак бо Эдвард Филип нахуствазири Фаронса дар шаҳри Лу-Авр шимоли ин кишвар гуфт, Амрико бо хуруҷ аз БАРҶОМ вазъияти минтақаи ғарби Осиёро буҳронӣ кардааст.
-
Jun 24, 2019
Си Ҷинпинг, раисҷумҳури Чин бо эъломи омодагӣ барои ҳифзи рафту омадҳои наздик бо раҳбари Кореяи Шимолӣ гуфт, ду кишвар бояд зимни тақвияти эътимоди мутақобили сиёсӣ, ба иртибототи роҳбурдӣ ва ройзанӣ дар бораи масоили муҳими ҷаҳон низ идома диҳанд.
-
Jun 23, 2019
Соқит кардани ПАҲПОД-и ҷосусии Амрико дар халиҷи Форс тавозуни минтақаӣ ва байналмилалиро тағйир дод. Ин рӯйдод собит кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин замина таъйинкунанда аст ва ин нуктае буд, ки дар мавзеъгирии масъулони амрикоӣ ба таври комил мушоҳид мешавад.
-
Jun 23, 2019
Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон гуфт, ҳузури низомии Амрико дар минтақа муҷиби тақвияти гурӯҳҳои террористӣ шудааст.
-
Jun 23, 2019
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯйкарди собити Теҳронро коҳиши таниш, дурӣ аз ҳар гуна даргирӣ ва тавсеаи сулҳу субот дар минтақа ва саросари ҷаҳон донист.
-
Jun 23, 2019
Амиралии Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯи ҳавофазоии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА бо ишора ба сарнагунии паҳподи ҷосусии Амрико дар савоҳили Эрон гуфт: “Нерӯҳои мусаллаҳ ва миллати Эрон аз ҷанг истиқбол намекунанд, аммо ҳамвора омодаи дифоъ аз кишваршон ҳастанд". Ӯ афзуд, иқдоми амрикоиҳо бар хилофи муқаррарот ва урфи байналмилалӣ буд ва нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вазифаи қонунии худ амал карданд.
-
Jun 22, 2019
Артиши Амрико дар соли 2002 ҳамла ба Эрон дар халиҷи Форсро шабеҳсозӣ кард, аммо баровардҳо нишон дод, ки натиҷаи чунин ҷанге барои Амрико бисёр фоҷеабор хоҳад буд.
-
Jun 22, 2019
Раиси Кумитаи иттилоотии Санои Амрико бо таъкид бар лузуми коҳиши таниши мавҷуд миёни Вашингтон ва Теҳрон гуфт; мақомҳои Кохи Сафед бидонанд,ки ҳеҷ иҷозатномае аз Конгира барои ҷанг бо Эрон надоранд.
-
Jun 21, 2019
Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Амрико ба далели таҷовузи низомӣ ба ҳарими ҳавоии Эрон ба Созмони Милали Муттаҳид шикоят кард.
-
Мақоми аршади низомии Эрон: ПАҲПОД-и ҷосусии Амрико баъд аз борҳо ҳушдор мавриди исобат қарор гирифт
Jun 21, 2019Ҷонишини қароргоҳи падофанди ҳавоии “Хотамуланбиё (с)” –и Эрон гуфт, тамкин накардани амрикоиҳо ба қонунҳои байналмилалӣ боис шуд, баъд аз борҳо ҳушдор, ПАҲПОД-и ҷосусии онҳо мавриди исобат қарор гирад ва сарнагун шавад.
-
Jun 20, 2019
Натиҷаҳои як назарсанҷӣ аз бартарии демократҳо бар ҷумҳурихоҳон дар интихоботи ояндаи Амрико ҳикоят дод.
-
Jun 20, 2019
Паҳподи ҷосусии "Глубол Ҳавк"-и Амрико, дар савоҳили вилояти Ҳурмузгон ҷануби Эрон бо падофанди неруи ҳаво фазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ сарнагун шуд.
-
Jun 16, 2019
Хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ рӯйкарди Амрико дар баробари Эронро фиребкорона хонд.