Ҷустуҷу
-
Oct 04, 2017
Бори дигар куштор ва бори дигар баҳс бар сари қавонини ҳамли силоҳ. Амрико солҳост, ин равандро тай мекунад ва барои хуруҷ аз он қадаме барнамедорад.
-
Oct 04, 2017
Мақомоти панҷ кишвари аврупоӣ дар Швейтсария бар аҳаммияти тадовуми БАРҶОМ ба унвони як тавофуқи байналмилалӣ ва тавсеаи заминаҳои ҳамкорӣ бо Эрон таъкид карданд.
-
Oct 04, 2017
Теъдоде аз шаҳрвандони шаҳри Таласи Қирғизистон дар эътироз ба наҳваи бархурди давлат бо номзадҳои интихоботӣ ва дар ҳимоят аз Омурбек Бабанов, нахуствазири асбақ, ба хиёбон рехтанд.
-
Oct 04, 2017
Ширкати миллии нафти Эрон ва ширкати нафтии Лукойли Русия, ду ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар Маскав имзо карданд.
-
Oct 03, 2017
Халилӣ. Қамар Ҷовид Боҷво, фармондеҳи нерӯи заминии Артиши Покистон дар сафар ба Кобул бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон дидор ва дар бораи коҳиши таниши миёни ду кишвар гуфтугӯ кард.
-
Oct 03, 2017
Мақомоти Остона ва Пекин дар заминаи содироти 5 миллиард метри муккааб гази табиӣ ба Чин дар як сол ба тавофуқ расиданд.
-
Oct 03, 2017
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ки дар даврони таблиғоти интихоботӣ иддао мекард, бо раисҷумҳур шуданаш амният ба Амрико бармегардад, ин рӯзҳо пас аз тирандозии маргбор дар Лас-Вегас ва куштаву захмӣ шудани садҳо нафар дар маърази интиқодҳои шадид қарор гирифтааст.
-
Oct 03, 2017
Раисҷумҳури Чад дар вокуниш ба фармони зиддимуҳоҷиратии ҷадиди раисҷумҳури Амрико дастури таътили сафорати ин кишварро дар Нҷамена, пойтахти Чад содир кард.
-
Oct 03, 2017
Ҳукумати Миёнмор барои мувофиқат ба бозгашти оворагони руҳингиёӣ ба ин кишвар шарт таъйин кард.
-
Oct 03, 2017
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо ишора ба вуҷуди як ҷабҳаи байналмилалӣ ва азими таблиғотӣ дар муқобили Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид карданд, фурсати ҳаҷ беҳтарин минбари таблиғ барои иртибот гирифтан бо мардуми ҷаҳон ва хунсо кардани таблиғоти тарафи муқобил аст.
-
Oct 03, 2017
Аъзои Парлумони Тоҷикистон тавофуқномае тасвиб карданд, ки таи он сохт ва таҷҳизи бархе мактабҳои миёна дар ин кишварро ба Сандуқи тавсеаи Арабистони Саудӣ вогузор мекунад.
-
Oct 03, 2017
Ширкати Фейсбук беш аз се ҳазор огаҳии муртабит бо як созмони таблиғоти русиро таҳвили Конгресси Амрико медиҳад.
-
Oct 03, 2017
Муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт: Расмӣ шудани забони тоҷикӣ аз падидаҳои даврони истиқлол аст, ки дар сарнавишт ва эҳёии тамаддуни торихии миллати тоҷик саҳифаи ҷадидеро гушудааст.
-
Oct 03, 2017
Мақомоти Сандуқи байналмилалии пул ва мудирияти Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди ҷазби кумакҳои ин ниҳоди молии байналмилалӣ барои ҳимоят аз ислоҳоти низоми бонкӣ ва пулӣ дар ин кишвар ба тавофуқ расиданд.
-
Oct 03, 2017
Тоҷикистон ба манзури саршумории ҷамъияти ин кишвар дар соли 2020 як Комиссияи вижаи давлатӣ таъсис кардааст.
-
Oct 02, 2017
Ахиран мудири Агентии давлатии кори Тоҷикистон эълом кардааст, ки муддатҳост, алорағми эъломи мудовими ин ниҳод барои истихдоми даҳ ҳазор нерӯи кор дар идороти давлатӣ, касе ҳозир нест, барои он сабти ном кунад.
-
Oct 02, 2017
Қарордоди ҳамкории кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар мавриди интиқоли нерӯ ва таҷҳизоти низомӣ ба кишварҳои узв, дар Парлумони Тоҷикистон тасвиб шуд.
-
Oct 02, 2017
Пас аз муддатҳо кашокашӣ байни давлати марказии Испания ва давлати иёлатии Каталония бар сари баргузории ҳамапурсии ҷудоии ин иёлат аз Испания, саранҷом ин ҳамапурсӣ дар аввали октябр баргузор шуд.
-
Oct 02, 2017
Ду зани муттаҳам ба қатли бародари нотании (бародарандар) раҳбари Кореяи Шимолӣ, тайи муҳокимаи худ дар додгоҳ олии Малайзия иттиҳоми воридаро напазируфтанд.
-
Oct 02, 2017
Мақомоти тоҷик ва узбак аз омодагӣ ба баргузории нахустин намоишгоҳи санъатии Тоҷикистон дар Узбакистон, хабар доданд.