Ҷустуҷу
-
Dec 29, 2016
Ширкати давлатии Барқи тоҷик бо гузашти 2 моҳ, аз қатъи барқ дар саросарии 28 октябр дар Тоҷикистон, то ба ҳол натоиҷи таҳқиқ дар бораи иллати ин қатъиро эълом накардааст.
-
Dec 28, 2016
Бо оғози фасли сармо дар вилояти Хатлон масъулони ин вилоят барои ҳифзи муҳити зист ва гунаҳои ҷонварӣ ва гиёҳӣ дар ҷануби Тоҷикистон барномарезӣ кардаанд.
-
Dec 28, 2016
Ҷиноёти Арабистон дар Яман пеши чашми нозирони ҷаҳонӣ ҳамчунон идома дорад ва саудиҳо пас аз 20 моҳ ин кишварро ҳанӯз аз ҳамаи тараф муҳосира кардаанд.
-
Dec 28, 2016
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон барномаи рушди миёнмуддати ин ҷумҳуриро то соли 2020 тасвиб кард. Барои иҷрои ин барнома ба беш аз 25 миллиард доллар ниёз аст.
-
Dec 28, 2016
Сафири Русия дар Тоҷикистон ибрози умедворӣ кардааст, ки ихтилофи ширкатҳои ҳавоии ин кишвар ва Тоҷикистон ба зудӣ аз роҳи музокира ҳалу фасл шавад.
-
Dec 28, 2016
Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон муътақид аст, баҳс барои парвози ҳавопаймоҳо миёни Душанбе ва Маскав, ки як ҳафтаи охир авҷ гирифт, бо роҳи мусолиматомез ҳал хоҳад шуд.
-
Dec 27, 2016
Муовини мусофирии Ширкати роҳи оҳани ҷумҳурии исломии Эрон аз музокира барои барқарории иртиботи рейлӣ байни Эрон, Қазоқистон, Туркманистон ва Тоҷикистон ҳамсу бо дастовардҳои сафари раисҷумҳур ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дод.
-
Dec 27, 2016
Раиси ҷумҳурии Қазоқистон аз омодагии ин кишвар барои мизбонии музокироти сулҳи Сурия хабар дод.
-
Dec 27, 2016
Бонки ҷаҳонӣ амалкарди Тоҷикистонро дар таъмини обу барқи мавриди ниёзи мардум номуносиб арзёбӣ кард.
-
Dec 27, 2016
Барномаи "Нуктаҳо ва гуфтаҳо" гузидае аст, аз ҷумалоти зебо ва адибона, ки дар заминаҳои мухталифи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маорифӣ ба афрод дарси зиндагӣ медиҳад.
-
Dec 26, 2016
Хабаргузории Фаронса дар гузорише бо ишора ба амнияти мавҷуд барои шаҳрвандони масеҳии муқими Эрон навишт, Эрон яке аз амнтарин маконҳо дар Ховари Миёна барои масеҳиён аст.
-
Dec 26, 2016
Усқуфи аъзами калисои ошурии шарқи Эрон гуфт, амнияти ошуриёни муқими шаҳрҳои Эрон бисёр боло аст.
-
Dec 26, 2016
Комиссияи марказии интихоботи Туркманистон эълом кард, ки 4 нафар барои интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар дар 12 феврали соли 2017 сабти ном кардаанд.
-
Dec 26, 2016
Бо интишори қонуни ислоҳшудаи “Муҷозоти тавҷеҳи терроризм” дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон, ки дар моҳи октябри имсол аз сӯи раисҷумҳури ин кишвар имзо шуда буд, акнун додгоҳҳо метавонанд афроди муттаҳамро аз 5 то 10 сол ба зиндон маҳкум кунанд.
-
Dec 25, 2016
Раиси Эътилофи миллии шиаёни Ироқ изҳор дошт, шавоҳид ва асноде дар ихтиёр аст, ки ҳузури теъдоде аз афсарони низомӣ ва иттилоотии кишварҳои минтақаро дар Ироқ собит мекунад ва ин аснод ифшо хоҳад шуд.
-
Dec 25, 2016
Сафири Тоҷикистон дар Фаронса бо мудири Осорхонаи Луври ин кишвар дидор кард.
-
Dec 25, 2016
Як шаҳрванди 24 солаи Русия, сокини шаҳри Воронеж ба иттиҳоми лату куби як коргари муҳоҷири тоҷик ва интишори тасвири ин ҳодиса дар интернет боздошт шудааст, ки эҳтимоли ба 7 сол зиндон маҳкум шудани вай вуҷуд дорад.
-
Dec 24, 2016
Мақомоти Русия эълом кардаанд, мушкилоти мавҷуди парвоз бо Тоҷикистон танҳо замоне рафъ мешавад, ки тарафи тоҷик хостаи ин кишвар дар бораи ба расмият шинохтани фурудгоҳи Жуковский дар атрофи шаҳри Маскавро бипазирад.
-
Dec 24, 2016
Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломи Эрон, дар паёме ба раисони маҷлисҳои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон таъкид кард, Маҷлиси Эрон омодаи таомул ва ҳамкории муштарак барои тақвияти сулҳ аст.
-
Dec 24, 2016
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Англия, қарордоди ширкати ҳавопаймосозии «Аэробус» (Airbus) Фаронса бо Эронро поёне бар таҳримҳо донист.