Ҷустуҷу
-
Jul 18, 2016
Раисиҷумҳури Сурия гуфт, танҳо роҳи мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Сурия, истифода аз тавони артиш аст.
-
Jul 18, 2016
10 мақоми низомии тоҷик дар иртибот ба ҳаводиси хунини моҳи сентябрӣ соли 2015 дар Душанбе маҳкум ба зиндон шудаанд. Шермуҳаммади Шоҳиён-раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 18 июл дар нишасти хабарии ин ниҳод бо эъломи ин хабар афзуд, дар миёни ин 10 нафар якеаш мақоми аршади низомӣ буда бақия дар раддаҳои поёнӣ иҷрои вазифа доштаанд. Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кард, ки баррасии парвандаҳои марбут ба ошӯби генерал Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) дар ҳоли итмом аст.
-
Jul 18, 2016
Ҳукумати Сербия барои ҷилавгирӣ аз вуруди паноҳҷӯён ба дохили ин кишвар нерӯи муштараки артиш ва пулис ташкил кард.
-
Jul 18, 2016
Карими аҳли байт "вижа барномаи вилодати имом Ҳасани Муҷтабо алайҳиссалом аст".
-
Jul 18, 2016
Мақомоти Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон дар хориҷ аз ин кишвар бо намояндагони Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони милал дар Варшава дидор ва авзои муҳоҷирони тоҷик дар кишварҳои аврупоиро баррасӣ карданд.
-
Jul 18, 2016
Теъдоде аз гардишгарони русии аҳли вилояти Киров, ки пас аз сафар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, хотироти худро мунташир кардаанд, ба ҳамватаноншон рафтан ба Тоҷикистон ва Қирғизистонро тавсия карданд.
-
Jul 16, 2016
Дар чанд соли гузашта давлати Тоҷикистон иқдом ба бастани бархе масоҷид дар ин кишвар кард, ки бо эътирозот ва интиқодоти густардае рӯба рӯ шуд.
-
Jul 16, 2016
Кумитаи давлатии амвол ва сармоягузории Тоҷикистон аз афзоиши ҳаҷми умумии тарҳҳои ин кишвар барои сармоягузории хориҷӣ хабар дод.
-
Jul 16, 2016
Сафири Тоҷикистон дар Белгияю Иттиҳоди Урупо ва дабири кулли Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
-
Jul 14, 2016
Маскав оддисозии равобит бо Созмони Паймони Анлантикаи Шимолӣ (НАТО)-ро ба таваққуфи иқдомоти низомии ин паймон дар наздикии марзҳои Русия вобаста донист.
-
Jul 14, 2016
Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО рӯзи ҷумъа эъломияи муштаракеро бо ҳадафи тақвияти ҳамкорӣ дар ҳавзаи рафъи чолишҳои амниятӣ аз ҷумла ҳамалоти сайберӣ ва буҳрони паноҳҷуён ба имзо расонданд.
-
Jul 14, 2016
Сафир ва муовини намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид, гуфт, ҳуқуқи башар абзори сиёсати хориҷии султагарон шудааст.
-
Jul 14, 2016
Вазири нерӯи Эрон дар дидор бо шуморе аз масъулони давлатии Англия, соҳибони шуғл ва мудирони ширкатҳои бузурги ин кишвар дар бораи шароити сармоягузорӣ ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар бахши энержӣ ва об табодули назар кард.
-
Jul 14, 2016
Вазорати молияи Тоҷикистон ва намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар умури энержӣ дар дидоре дар Душанбе, мавзӯи кумаки молии ин ниҳод ба таъмир ва бозсозии нерӯгоҳи барқӣ-обии Норакро мавриди баррасӣ қарор доданд.
-
Jul 14, 2016
Корманди маркази пажӯҳишҳои иқтисодии Узбакистон хостори ҳимояти Русия аз мавзеи ин кишвар дар қиболи сохти нерӯгоҳҳои барқӣ-обии бузург дар Тоҷикистон ва Қирғизистон шуд.
-
Jul 13, 2016
Вазорати умури дохилии Баҳрайн бори дигар бо тарҳи иддаоҳои беасос ва нахнамошуда Ҷумҳурии Исломии Эронро ба дахолат дар умури дохилии он кишвар муттаҳам кард.
-
Jul 13, 2016
Вазири умури хориҷии Эрон гуфт, бо гузашти ду даҳа аз музокироти пурфарозу нишеб ва дарҳамтанидагии мавзӯоти чандбуъдии муртабит бо баҳри Хазар аз аҳамияти ин паҳнои обӣ коста нашудааст.
-
Jul 13, 2016
Вазири умури хориҷии Эрон гуфт, бо гузашти ду даҳа аз музокироти пурфарозу нишеб ва дарҳамтанидагии мавзӯоти чандбуъдии муртабит бо баҳри Хазар аз аҳамияти ин паҳно обӣ коста нашудааст.
-
Jul 13, 2016
Сокинони ду шаҳраки Фуа ва Кафарё дар устони Идлиби Сурия бо баргузории тазоҳуроте хостори шикастани ҳалқаи муҳосира ва боз шудани масири кумаки инсонӣ ба ин ду шаҳрак шуданд.
-
Jul 13, 2016
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Эрон ба аҳди худ дар тавофуқи ҳастаӣ пойбанд аст.