Ҷустуҷу
-
Feb 15, 2021
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон эълом кард, бар асоси натоиҷи назарсанҷии анҷомшуда, наздик ба 92 дарсад аз мардуми ин кишвар аз Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ҳимоят кардаанд.
-
Feb 15, 2021
Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон аз ҳимояти усулӣ ва ҳамешагии Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз талошҳои сулҳ дар Афғонистон қадрдонӣ кард.
-
Feb 15, 2021
Як мақоми баландпояи хадамоти андози Суғд аз шиносоӣ ва ҳабси чаҳор нафар дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ҷаббор Расулов барои истихроҷи биткоин хабар дод.
-
Feb 15, 2021
Намояндаи нави Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон расман фаъолияти худро дар ин кишвар оғоз кард.
-
Feb 14, 2021
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо раиси дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар ин кишвар дидор кард.
-
Feb 14, 2021
Шаҳраки саноатӣ дар ноҳияи Турсунзода сохта мешавад.
-
Feb 14, 2021
Мудири кулли корҳои байналмилалии Вазорати кооперативҳо, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Эрон аз афзоиши ҳамкориҳо бо масъулини Вазорати шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар дод.
-
Feb 14, 2021
Дар идомаи раванди гарон шудани нархи сӯхт(сӯзишворӣ) дар Тоҷикистон,ин рӯзҳо нархи ҳар литр бензину солярка дар ин кишвар аз 7 сомонӣ фаротар рафтааст.
-
Feb 14, 2021
Раиси танҳо Донишкадаи исломии Тоҷикистон эълом кард:Сохти бинои нав барои ин маркази омузишӣ дар Душанбе мутаваққиф шудааст.
-
Feb 14, 2021
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз эминсозӣ беш аз 6 миллион нафар аз мардуми ин кишвар алайҳи вируси корона дар ояндаи наздик хабар дод.
-
Feb 13, 2021
Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия дастур додааст, ки то рӯзи 20 сентябр нақшаи буҷет барои соли 2022-ро таҳия ва пешниҳод кунад.
-
Feb 13, 2021
Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон аз барканор шудани раисони додгоҳҳои кишвар дар сурати ироаи иттилооти нодуруст аз амвол ва дороиҳояшон хабар дод.
-
Feb 13, 2021
Раиси Комитети рушди сайёҳии Тоҷикистон аз хисорати беш аз 174 миллион долларӣ дар бахши сайёҳии кишвар дар соли 2020 бар асари ҳамагирии корона хабар дод.
-
Feb 13, 2021
Тоҷикистон дар соли 2020 барои бори нахуст дар таърихи ин кишвар яку ниммиллиард доллаи тилло ва фулузоти рангӣ ба хориҷ содир кард.
-
Feb 13, 2021
Вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон, ки аз Маскав бозгашта аст гуфт: “Русия танҳо пас аз эъзоми ҳайат ва баррасии авзоъи бемории Ковид 19 дар Тоҷикистон дар бораи оғози дубораи парвозҳои муназзам бо Тоҷикистон тасмимгирӣ мекунад”.
-
Feb 13, 2021
Вуқуъи ду заминларза дар 24 соати ахир дар Тоҷикистон талафот ва хисороте надоштааст.
-
Feb 12, 2021
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард, ки бо сафари гурӯҳе аз Тоҷикистон ба Русия, дар бораи воридоти ваксинаи русии корона гуфтугӯ хоҳанд кард.
-
Feb 12, 2021
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт эълом кард, ки густариши вируси коронаи бозгардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз урдӯгоҳҳои Сурияро бо мушкили ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохт.
-
Feb 11, 2021
Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон соли гузашта ، 134 парвандаи вогузории замин ба афроди мухталифро бекор кард.