Ҷустуҷу
-
Май 22, 2019
Бонки миллии Тоҷикистон пас аз боло рафтани арзиши доллар аз 10 сомонӣ ва камбуди арзҳои хориҷӣ барои хариду фурӯш дар бонкҳои тиҷорӣ ва муассисоти молӣ ва эътибории кишвар, дар баёнияе иллати ин вазъро ташреҳ кардааст.
-
Май 20, 2019
Вазири умури хориҷаи Эрон бо радди таҳдиди ахири раисҷумҳури Амрико зидди Эрон изҳор дошт, ҳамон тавр, ки Искандари Мақдунӣ, Чингизхон ва дигар муҳоҷимон натавонистанд Эронро аз байн бибаранд, Трамп низ роҳ ба ҷое нахоҳад бурд.
-
Май 20, 2019
15-уми Рамазон мусодиф бо Солрӯзи мелоди фархундаи ҳазрати Имом Ҳасани Муҷтабо (а), пешвои гиромии мусулмонон ва набераи бузурги расули гиромии Ислом (с) аст.
-
Май 20, 2019
Раҳбари Ҷамъияти диннии Ҷумъаи Ҷумҳурии Озарбойҷон таъкид кард; ширкати мусалмонон дар маросими рӯзи ҷаҳонии Қудси имсол ба хотири сиёсатҳои зӯргӯёнаи Амрико аз аҳамияти фавқулодае бархурдор аст.
-
Май 20, 2019
Одил Алҷубайр вазири мушовири давлати Арабистони саудӣ дар умури хориҷӣ бомдоди якшанбе бо ҳузур дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Риёз бори дигар Эронро ба ҳимоят аз терроризм ва эҷоди бесуботӣ дар минтақа муттаҳам кард.
-
Май 20, 2019
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти мудир ва 3 коргари ширкати таъмир ва поксозии таъсисоти кимиёвӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод,ки ба далели хунукназарии онон рӯзи шанбе 18 май,дар масири фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон таркиши газ ва оташсӯзӣ рух додааст.
-
Май 19, 2019
Коҳиши теъдоди муассисаҳои молӣ ва эътиборӣ, муфлис шудани ду бонки бузург ва адами тавоноии бонки кишоварзӣ ва содироти Тоҷикистон дар бозпасдеҳии супурдаҳои амонатгузорон, аз умқи бӯҳрони молии низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад.
-
Май 19, 2019
Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Ҳазим Аҳмад Маҳмуд Алюсуфӣ, муовини вазири умури хориҷии Ироқ дар бораи бозгардондани боқимондаи шаҳрвандони тоҷиктабори узви гурӯҳи террористии ДИИШ аз Ироқ табодули назар ва тавофуқ карданд.
-
Май 19, 2019
Узви демократи Маҷлиси намояндагони Амрико пас аз дастёбӣ ба иттилооти сиррӣ, иддаоҳои давлати ин кишвар алайҳи Эронро рад кард.
-
Май 18, 2019
Фармондеҳи пешини артиши Покистон ба ҳокимони режими саҳюнистӣ тавсия кард, ки ба ҳаракати ғалат алайҳи Эрон, бо кумаки амрикоиҳо фикр накунанд. Зеро эрониён тавоноии лозимро барои посухи бузург ва ғофилгирона ба Исроил доранд.
-
Май 18, 2019
Намояндаи Демократ ва раиси Кумитаи имконоти моллии маҷлиси намояндагони Амрико, зимни интиқод аз раиси ҷумҳурии ин кишвар,бозхости вайро хостор шуд.
-
Май 18, 2019
“Бар боли андеша” маҷмуъа барномае аст, ки бо ҳадафи ташвиқи мардум ба мутолиаи китоб ба муъаррифии бузургтарин нависандагони дунё ва осори онҳо мепардозад. Ин барнома рӯзҳои ҷумъа аз радиои тоҷикии Садои Хуросон пахш мешавад.
-
Май 17, 2019
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва муовини вазири хориҷии Ироқ дар бораи бозгашти тоҷиктаборони боқимонда дар гурӯҳи террористии ДИИШ аз Ироқ ба кишваршон табодули назар карданд.
-
Май 17, 2019
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷинояти ҷадиди эътилофи Саудӣ дар бомбборони манозили маскунӣ дар шаҳри Санъо, пойтахти Яманро маҳкум кард.
-
Май 16, 2019
Сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон гуфт, акнун замони музокира нест, бавижа агар мавзӯи музокираи тавоноиҳои Эрон бошад, музокира ба ҳеҷ ваҷҳ қобили пазириш нест.
-
Май 16, 2019
Бонки ҷаҳонӣ стратегии нави мушорикат бо Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023-ро тасвиб кард.
-
Май 16, 2019
Барои бори нахуст аз соли 2003 арзиши сомонӣ воҳиди пули милли Тоҷикистон дар баробари доллар дар бозори ғайри расмӣ ба 10 сомонӣ расид, ки ин мавзӯъ ҳокӣ аз номутавозин будани мизони воридот ва содироти маҳсулот дар ин кишвар аст.
-
Май 16, 2019
Коршиносон ва иқтисоддонони тоҷик бо вуҷуди иддаои Бонки ҷаҳонӣ мубтанӣ бар сармоягузории 1 миллиарду 400 миллион долларии ин ниҳод таи 25 сол ҳамкорӣ бо Тоҷикистон боздеҳи ин маблағҳоро зери савол бурдаанд.
-
Май 15, 2019
Як низомии террористи амрикоӣ баъд аз бозгашт аз ҷанги тӯлонимуддат дар Афғонистон ба иллати сархурдагӣ ва афсурдагии фаровон худкушӣ кард.
-
Май 15, 2019
Даҳуми моҳи мубораки Рамазон, солрӯзи вафоти ҳазрати Хадиҷа (с), ҳамсари гиромии ҳазрати Муҳаммад (с), паёмбари ислом аст.