Ҷустуҷу
-
Nov 22, 2016
Додгоҳи шаҳри Курган дар Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми тамошо ва интишори филмҳои таблиғотии гурӯҳи террористии ДИИШ ба таҳаммули зиндон маҳкум кард.
-
Nov 21, 2016
Намояндаи доими Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид аз кишварҳои узви ин созмон даъват кард, то барои расидагӣ ба мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва амниятӣ ба Афғонистон бештар ҳамкорӣ кунанд.
-
Nov 21, 2016
Як пизишки фавқи тахассуси ҷарроҳии қалб дар Тоҷикистон гуфт, давлат бо костан аз шумори кормандоне, ки кори муфиде анҷом намедиҳанд, бахше аз ҳазинаи беморони қалбиро таъмин кунад.
-
Nov 21, 2016
Мақоми парлумонии Тоҷикистон гуфт, дар ин кишвар ниёзе ба эътои мақоми давлатӣ ба забони русӣ вуҷуд надорад.
-
Nov 20, 2016
Тоҷикистон тайи 9 моҳи соли ҷории мелодӣ аз 53 кишвари ҷаҳон ба маблағи 44 миллиону 800 ҳазор доллар кӯмаки башардӯстона дарёфт кардааст.
-
Nov 19, 2016
Бонки ҷаҳонӣ барои баланд бардоштани ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахши сайёҳӣ эъломи омодагӣ кард.
-
Nov 19, 2016
Вазорати молияи Тоҷикистон аз тасмими ин кишвар барои ҷалби 444 миллион доллар сармояи хориҷӣ ба манзури иҷрои тарҳҳои энержӣ, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва омӯзишӣ хабар дод.
-
Nov 19, 2016
Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд 3 нафар аз сокинони ин минтақаро ба иттиҳоми узвият дар Ҳизб-ут-таҳрир, ҳизби фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон ба зиндон маҳкум кард.
-
Nov 19, 2016
Вазири умури хориҷии Қазоқистон барои дидору гуфтугӯ бо мақомоти Ҳукумати Тоҷикистон ба Душанбе сафар мекунад.
-
Nov 18, 2016
Ҷумҳурии халқии Чин дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон 12 посгоҳ ва бурҷи дидабонӣ барои марзбонони тоҷик бунёд хоҳад кард.
-
Nov 18, 2016
Як манбаи рус эълом кард, ҳаракати қаторҳо дар ду қитъаи роҳи оҳани байни ду кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аз сар гирифта мешавад.
-
Nov 17, 2016
Бо даргузашти Ислом Каримов, раисҷумҳури қаблии Узбакистон дар равобити Тошканду Душанбе шароит ҷадиде ҳоким шуд...
-
Nov 17, 2016
Вазири умури хориҷии Узбакистон ва муовини аввали вазири энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон масоили марбут ба манобеи обро дар Осиёи Марказӣ баррасӣ карданд.
-
Nov 17, 2016
Коршиносони ширкати байналмилалии “International SOS и control risks”, 4 кишвари минтақаи Осиёи Марказиро барои гардишгарони хориҷӣ хатарнок тавсиф кардаанд, ки Тоҷикистон низ дар миёни ин ҷумҳуриҳо қарор гирифтааст.
-
Nov 17, 2016
Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кардааст, ки қарзи хориҷии ин кишвар ба 2 миллиарду 276 миллион доллар расидааст, ки ҳадди ниҳоӣ ба ҳисоб меояд.
-
Nov 17, 2016
Созмони байналмилалии “Transparency international” бо интишори гузорше, аз нокоромадии барномаҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ барои муқобила бо фасод ва ришвахорӣ дар идороти ҳукуматӣ хабар додааст.
-
Nov 16, 2016
Дар Тоҷикистон барои аввалин бор аз рӯзи 16 ноябр, таърихи оғози даврони қудрати Эмомалӣ Раҳмон дар ин кишвар, ба таври расмӣ таҷлил шуд.
-
Nov 16, 2016
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи будҷаи пешниҳодии давлати ин кишвар барои соли 2017-ро баррасӣ ва тасвиб кард.
-
Nov 16, 2016
Имрӯз дар саросари кишвари Тоҷикистон барои бори нахуст "Рӯзи Президент" таҷлил шуд.
-
Nov 16, 2016
Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё ҷиҳати беҳтар кардани роҳи иртиботии миёни Душанбе ва Қӯрғонтеппа созишномаи молӣ имзо карданд.