Ҷустуҷу
-
Май 08, 2018
Як собиқадори Ҷанги Ҷаҳонии Дувум аз Тоҷикистон дар остонаи 100-солагӣ озими Русия шудааст, то дар маросими Ҷашни пирӯзии артиши шӯравӣ бар Олмони нозӣ ширкат кунад.
-
Май 08, 2018
Кумитаи давлатии умури динии Тоҷикистон масрафи сафари ҳаҷи имсол барои зоирони тоҷикро эълом кард.
-
Май 07, 2018
Мақомоти қазоии Афғонистон як зани тоҷикро, ки ба талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ муттаҳам дониста мешуд, бо ду кӯдаки ноболиғаш ба Тоҷикистон истирдод кардаанд. Ба гузориши “Топ Тҷ”, хонум Хосият, ки ду сол қабл дар Афғонистон ба иттиҳоми пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ боздошт гардида буд, ба ҳамроҳи ду кӯдакаш ба Тоҷикистон истирдод шудааст.
-
Май 05, 2018
Анҷумани Озодандешони тоҷик (як созмони тозатаъсис ва мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон) пешниҳод кардааст, муҳлати призидентиро дар Тоҷикистон ба ду давраи панҷсола маҳдуд кунанд.
-
Май 05, 2018
Мудири идораи умури Осиё ва Австралия дар вазорати хориҷаи Ироқ гуфтааст, занони ҷангҷуи тоҷик, ки пас аз кушта шудани ҳамсаронашон, ба ҳамроҳи фарзандони хурдсол худ дар боздошт ҳастанд, ба зиндон маҳкум хоҳанд шуд.
-
Май 01, 2018
Бастагони зани тоҷике, ки ба қасди худкушӣ аз табақаи панҷуми як сохтмон дар Маскав худро парт кард ва бастагони шавҳари ӯ ҳар як тарафи дигарро муқассири ин моҷаро медонанд.
-
Apr 30, 2018
Пулиси байналмилал ба дархости Русия, ҷустуҷӯ барои ёфтани як ҷангҷӯи тоҷик бо тахаллуси Абу Довудро оғоз кардааст.
-
Apr 29, 2018
Пулиси вилояти Ленингради Русия таҳқиқ дар бораи қатли муҳоҷири тоҷикро оғоз кардааст.
-
Apr 28, 2018
Дастрасӣ ба сомонаи Migrant.news.tj (Muhojir.news.tj) дар Русия қатъ шуд.
-
Apr 26, 2018
Ин видео ҳодисаи дилхароши суқути тахта чубро аз ошиёнаи 19 сохтмоне дар Маскав ба руйи сари як муҳоҷири тоҷик дар субҳи рӯзи 23-уми апрел нишон медиҳад.
-
Apr 25, 2018
Тоҷикистон аз Русия хостааст, муҳлати иқомати бидуни сабти коргарони тоҷикро тамдид кунад.
-
Apr 25, 2018
Ихтирокорони ҷавони тоҷик муваффақ ба касби 34 медал аз ҳафтумин олимпиадаи байналмиллалии ҷавонони ихтироъкор дар шаҳри Кедахи Малайзия (Malaysian International Young Inventors Olympiad (MIYIO 2018)) шуданд.
-
Apr 25, 2018
Волидайни Абдурасул Назаров, ки дар пайи боздошт ва интиқол ба идораи пулиси Сино-2 шаҳри Душанбе ҷони худро аз даст дода буд, барои мушаххас кардани иллати марги вай, аз пизишкони низомии пойгоҳи 201 артиши Русия, дархости кумак кардаанд.
-
Apr 25, 2018
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи бозгардондани кӯдаки тоҷик аз Ироқ тавзеҳе надодаанд.
-
Apr 22, 2018
Тоҷикистон бори дигар аз Русия хост муҳоҷирони тоҷикро бо ҳаққи бознишастагӣ таъмин кунад.
-
Apr 22, 2018
Муассиси пойгоҳи байналмилалии мубориза бо дуздӣ ва тақаллуби осори илмӣ ба номи "Диссернет" гуфтааст, нуқтаи заъфи донишмандони тоҷикистониро ҳангоми навиштани рисолаҳои докторӣ пайдо кардаанд.
-
Apr 19, 2018
Додгоҳи вилояти Суғд 7 узви як хонаводаи сокинони ноҳияи Исфара аз ҷумла модари 71 солаи ин хонаводаро ба иттиҳоми талош барои рафтан ба Сурия 12 то 17 сол ба зиндон маҳкум кард.
-
Apr 18, 2018
Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми талош барои пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ дар вилояти Красноярски Русия ба зиндони низомаш сахт маҳкум шуданд.
-
Apr 18, 2018
Дар идомаи ифшогариҳои марбут ба дуздии илмӣ ин бор номи 8 донишманди дигари тоҷик аз сӯйи пойгоҳи байналмилалии мубориза бо дуздӣ ва тақаллуби осори илмӣ ба номи “Диссернет” мунташир шуд.
-
Apr 16, 2018
Бо наздикии баргузории Мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия, маҳдудиятҳо барои коргарони тоҷик афзоиш ёфтааст.