Ҷустуҷу
-
Apr 09, 2017
Бонки миллии Тоҷикистон ба марокизи молӣ ва бонкии ин кишвар дастур додааст, ки барои муштариёни доимии хеш, фурӯши долларро маҳдуд ва дар сурати ниёз мамнуъ кунанд.
-
Apr 08, 2017
Дар бинои Сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ҷашни ҷаҳонии Наврӯз бо ширкати меҳмонон, тоҷикони муқими Эрон ва донишҷуёни тоҷик баргузор шуд.
-
Apr 08, 2017
Раисони ҷумҳурии Русияву Тоҷикистон ба муносибати биступанҷумин соли барқарории равобити дипломатӣ байни ду кишвар ба якдигар паёмҳои табрикӣ ирсол карданд.
-
Apr 08, 2017
Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳошияи нишасти вузарои умури хориҷаи кишварҳои узви ҷомеаи ҳамсуд дар Тошканд дидор ва мавзӯи равобити дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
-
Apr 08, 2017
Додгоҳи ноҳияи Басманнаи шаҳри Маскав ҳукми боздошти як шаҳрванди 39 солаи Тоҷикистонро ба иттиҳоми даст доштан дар ҳодисаи инфиҷори террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербург содир кард.
-
Apr 07, 2017
Ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, тасмими Маскав барои афви муҳоҷирони кории тоҷик, таъхир дар азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон ва қазияи пароканда кардани як намоишгоҳи таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ аз муҳимтарин матолиби нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
-
Apr 06, 2017
Мақомоти вазоратҳои ҳамлу нақли Тоҷикистон ва Узбакистон дар Тошканд, музокирот барои азсаргирии парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни ду кишварро пас аз 25 оғоз кардаанд.
-
Apr 06, 2017
Коршиносони Бонки рушди Осиё дар тозатарин гузориши ин ниҳоди молӣ, коҳиши рушди иқтисодии Тоҷикистон, дар соли ҷориро ба далоили мухталиф пешбинӣ кардаанд.
-
Apr 06, 2017
Бонки осиёии рушд дар тозатарин гузориши хеш аз коҳиши суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ хабар додааст.
-
Apr 06, 2017
Нашрияи бритониёии “The Independent” нақшаи адабии ҷаҳонро мунташир кард, ки дар он 197 кишвар аз саросари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон шомил шудааст.
-
Apr 06, 2017
Мақомоти Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон аз сафари ҳайате аз идораи ҳавопаймоии ин кишвар ба Русия барои гуфтугӯ дар поён додани ихтилофоти парвозӣ ба дархости ҷониби Русия хабар доданд.
-
Apr 06, 2017
Тоҷикистон дар миёни кишварҳои узви Ҷомеаи ҳамсуд аз нигоҳи рушди ҷамъият дар мақоми нахуст қарор дорад ва дар мавриди дурнамои ин мавзӯъ ва паёмадҳои он, коршиносон дидгоҳҳои мутафовите ироа мекунанд.
-
Apr 05, 2017
Тоҷикистон ба тозагӣ бо пешниҳоди Русия барои судури парвозҳои Фурудгоҳи Жуковский ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд мухолифат кардааст.
-
Apr 05, 2017
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ислоҳи Қонуни танзими ҷашну маросимҳо дар ин кишвар бар зарурати мурооти ин қонун, ки 10 соли қабл ба манзури сарфаҷуии манобеи молӣ ва коҳиши ҳазинаи хонаводаҳо тасвиб шуда буд, таъкид кард.
-
Apr 05, 2017
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон фаъолияти шаҳрвандони дорои мақоми ду тобеиятӣ дар Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоби ин кишварро мамнуъ кард, ки манзур тобеияти русии ин афрод мебошад.
-
Apr 05, 2017
Коршиноси руси масоили ҳамлу нақл бар зарурати нармиши Русия дар баҳси парвозҳо бо Тоҷикистон таъкид кард.
-
Apr 05, 2017
Ширкаткунандагон дар мизи гарди "Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё" дар Душанбе аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ки ҳар чӣ зудтар барои пайвастан ба ин ниҳоди ҳамгароии минтақаӣ иқдом кунад.
-
Apr 04, 2017
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ: Ихтилофи вазоратхонаҳои нақлиёти Русияву Тоҷикистон бар сари парвози ҳавопаймоҳо бо тасмими ахири тарафи тоҷик вориди марҳалаи ҳассосе шудааст.
-
Apr 04, 2017
Раисони ҷумҳури исломии Эрон ва Тоҷикистон кушта ва захмӣ шудани даҳҳо шаҳрванди Русияро дар инфиҷори террористии шаҳри Санкт-Петербург ба ҳамтои руси худ таслият гуфтанд.