Ҷустуҷу
-
Dec 26, 2016
Расонаҳои Узбакистон навиштаанд, сафари Рустам Азимов ба Тоҷикистон 27 декабр сурат хоҳад гирифт ва далели таъхири боздиди ҳайати Узбакистон аз Душанбе ба сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Русия марбут донистаанд.
-
Dec 22, 2016
Мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон муътақиданд бо сафари рӯзи 26-уми декабри ҳайати давлатии Узбакистон ба Душанбе, дутараф дар заминаи осон шудани судури раводид барои шаҳрвандони ин ду кишвар дар фурудгоҳҳои душанбе ва Тошканд, ба тавофуқ даст хоҳанд ёфт.
-
Dec 19, 2016
Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон муътақид аст, ки лағви раводид миёни Тоҷикистон ва Узбакистон ба зудӣ имконпазир нест ва ниёз ба замони бештаре дорад.
-
Dec 06, 2016
Пирӯзии Шавкат Мирзоев дар интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон бо бозтобҳои густардае дар ҷомеаи Тоҷикистон рӯ ба рӯ шудааст.
-
Ҳамзамон бо оддисозии равобити Узбакистон-Тоҷикистон парвозҳои Душанбе-Тошканд аз саргирифта мешавад
Nov 30, 2016Тоҷикистону Узбакистон дар мавриди азсаргири иртиботи ҳавоӣ миёни ду кишвар аз аввали соли ояндаи милодӣ ба тавофуқ расиданд.
-
Nov 18, 2016
Як манбаи рус эълом кард, ҳаракати қаторҳо дар ду қитъаи роҳи оҳани байни ду кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аз сар гирифта мешавад.
-
Nov 15, 2016
Сафири Тоҷикистон дар Узбакистон бо мақомоти Вазорати умури хориҷаи ин кишвар дар Тошканд дидор ва бар зарурати суръат бахшидан дар аломатгузории марзи муштараки ду кишвар таъкид кард.
-
Nov 03, 2016
Тоҷикистон тарҳи созишномаи байнидавлатии аз саргирии парвозҳои мусофирбарӣ бо Узбакистонро таҳия кардааст.
-
Oct 31, 2016
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими оғози сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун, аз беҳбуди равобит миёни Тоҷикистон ва Узбакистон хабар дод.
-
Oct 31, 2016
Нахуствазири пешини Қазоқистон муътақид аст, бастани маҷрои рудхонаи Вахш бо ҳадафи оғози сохти садди 335 метрии нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун дар Тоҷикистон, нишонаи беҳбуди равобити ин кишвар бо Узбакистон аст.
-
Oct 26, 2016
Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон аз баррасии мавзуи тасҳили судури раводид барои шаҳрвандони ин ду кишвари ҳамсоя хабар дод.
-
Oct 20, 2016
Пас аз истиқлоли Узбакистон нахустин бор нозирони тоҷикистонӣ барои назорат ба интихоботи ин кишвар ба Тошканд даъват шуданд.
-
Oct 01, 2016
Панҷшанбеи гузашта як ҳайати узбакистонӣ ба раёсати вазири умури хориҷаи ин кишвар, вориди Тоҷикистон шуд ва бо раисиҷумҳури Тоҷикистон дидор ва дар бораи густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталиф табодули назар карданд.
-
Sep 30, 2016
Сафари ғайримунтазираи вазири хориҷаи Узбакистон ба Тоҷикистон, умедҳо барои беҳтар шудани равобит миёни Душанбе ва Тошкандро дубора зинда кардааст.
-
Sep 21, 2016
Бонки марказии Русия аз коҳиши интиқоли пул аз ин кишвар ба Узбакистон ва Тоҷикистон ва афзоиши он ба Қирғизистон хабар дод.
-
Sep 10, 2016
Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон муътақид аст, ки давлати ин кишвар бояд аз фурсати ҷадиди пешомада ва тағйири раҳбари сиёсии Узбакистон, барои беҳбуди равобит бо ин кишвар истифода кунад.
-
Sep 01, 2016
Мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Турсунзода дар марзи муштараки ин кишвар бо Узбакистон дар ғарби ин ҷумҳурӣ посгоҳи ҷадиди марзбониро ифтитоҳ карданд.
-
Aug 30, 2016
Ҳукумати Узбакистон эълом кард, аз аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ тарофаҳои транзитиро барои васоили нақлияи Тоҷикистон афзоиш додааст.
-
Aug 18, 2016
Вазорати умури хориҷаи Узбакистон бо интишори баёнияе, мухолифати дубораи ин кишварро бо идомаи сохти ду нерӯгоҳи бузурги барқӣ обӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон эълом кард.
-
Aug 15, 2016
Коршиносони масоили сиёсии Осиёи Марказӣ муътақиданд, ки аз равобити муташанниҷи Узбакистон ва Тоҷикистон, ки ангезаи сиёсӣ дорад, мардуми ҳардуи кишвари ҳамсоя ранҷ мебаранд.